• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ботаника

Кафедрахо 54

Ботаника

 

Мудири кафедра

ҒАЙРАТОВ  Меҳровар Ховарович

 

Кафедраи ботаника дар заминаи кафедраи зоология соли 1961 таъсис ёфтааст. Роҳбарии кафедраро аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ то соли 1983 узви вобастаи АИ ҶТ, профессор, Шукуров О. Ш. аз соли 1983 то соли 2005 дотсент Султанов С., аз соли 2005 то 2008 дотсент Бобораҷабов Б. ва аз соли 2008 то ҳоло дотсент Ғайратов М.Х. ба дӯш доштанд.
Омӯзгорон ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Профессор Шукуров О.Ш., дотсентон Колесникова П.Д., Вознесенская Е.И., Станюкович М.Б., Баҳриддинов Н., Султонов С., Бобораҷабов Б., Қаҳорова Х..Ч., Рафиева М.Г., Ғайратов М.Х. номзадҳои илм Ивантсова Л.В., Хисматулин Б.Г. муаллимони калон Иброҳимова М.И., Олимов Ғ.Я., Ширяева Н.Г., Плеханова А.И., Раҳмонова С.Х,., Паллаева Л.М., Муродова М. А., Ортиқов М.О., Аъзамова Ф.Б., Балхова Л. дар ташаккули кафедра ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи биология барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олии ҷумҳурӣ нақши калон гузоштаанд. Дар тарбияи олимони ҷавони соҳаи ботаника, олимони намоён аз дигар муассисаҳои илмӣ академикон Овчинников П. Н., Каримов Х.Х., узви вобастаи АИ ҶТ, профессорон Станюкович К.В., Мамадқулов У.К., Иконников С.С., Нигмонов М. ва дигарон низ саҳм гузоштаанд.
Аз тарафи омӯзгорони кафедра мақолаҳои зиёди илмию методӣ, васоити таълимӣ, китобҳои дарсӣ, тавсияҳо ва барномаҳоро ба табъ расонидааст. Аз ҷумла: профессор Шукуров О.Ш. китобҳои дарсии «Ситология», «Географияи растаниҳо», «Ботаника» қисмҳои 1-2, «Ботаника» дар ду қисм, бо дархости Вазорати маорифи ҶТ Султонов С. ва Нигмонов М. китоби дарсии «Ботаника» барои синфҳои 5 – 6 ( 2002 ва 2005), Султонов С., Савлатов С. ва Маҳмадзиёев А. «Биологияи умумӣ» барои синфи 11 (2006), Султонов С. ва дигарон барномаҳои таълимии ботаника ва биологияи умумӣ барои синфҳои 5-6 ва 10-11, дастури таълимӣ оид ба машғулиятҳои лабораторӣ аз ботаника қисми 2 (2001), Раҳмонова С.Х. «Шарҳи баъзе мафҳумҳои физиологияи растаниҳо» (1991), «Усули таълимӣ баъзе мавзӯъҳои биологияи умумӣ»(1993), дастури таълимии «Корҳои лабораторӣ оид ба физиологияи наботот» (1997), ба таъб расонидаанд.
Кафедра бо мақсади ривоҷ додани корҳои илмӣ- тадқиқотӣ, методӣ бо як қатор донишгоҳҳо ва муасиссаҳои илмӣ- тадқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИДМ алоқаи илмию методӣ дорад.
Кафедрадар мавзӯи супоришии «Технологияи кишти рови бадбуй дар шароити Тоҷикистони ҷанубӣ» (солҳои 2012 – 2016) корҳои илмӣ –тадқиқотӣ бурда истодааст. Барои иҷрои он тирамоҳи соли 2011 корҳои кишт ва парвариши ин растаниро дар мавзеҳои гуногун (дараи Ромит ва Варзоб) оғоз намуд.

 
free pokerfree poker

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj