• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Анатомия ва физиология

Кафедрахо 54

Анатомия ва физиология

 

Мудири кафедраи дотсент

Ваҳобов Алиҷон

 

Кафедраи Анатомия ва физиология соли 1958 дар назди факултети тарбияи ҷисмонӣ таъсис ёфтааст. Аввалин мудири кафедра доктори илмҳои тиб, профессор Икромов Э. Х. мебошад, ки то соли 1962 кафедраро роҳбарӣ намудааст.
Қиёмов Қамариддин Қиёмович аз соли 1962 то соли 1967 ба сифати мудири кафедраи Физиология ва гигенаи Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ фаъолият намудааст.
Соли 1968 факултети тарбияи ҷисмонӣ ба донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ табдил ёфт. Кафедраи анатомия ва физиология ба Донишкадаи омӯзгорӣ ба номи Т. Г. Шевченко ҳамроҳ карда шуд.
Пас аз чанд соли фаъолият дар риштаҳои гуногуни илмӣ Қиёмов Қамариддин Қиёмович аз шаҳри Ленинград боз ба шаҳри Душанбе баргашта аз соли 1971 то соли 1976 дар донишгоҳи мазкур ба вазифаи мудири кафедраи Физиология ва гигиена кор ва фаъолият намудааст.
Бобохоҷаев Ислом Яқубович аз соли 1976 то соли 1982 ва аз соли 1983 бошад, то 25-уми феврали соли 1987 вазифаи мудири кафедраи Физиология ва гигенаи Донишгоҳро адо намудааст.
Аз соли 1988 то соли 1993 мудирии кафедраро Ёқубов А. Я. ба зимма доштааст.
Ивазов Нурулло аз соли 1993 то соли 2002 ба вазифаи мудири кафедраи Физиология ва гигиена фаъолият намудааст.
Ғафуров Баврак бошад, аз соли 2005- то моҳи майи соли 2011 вазифаи мудири кафедраи Анатомия ва Физиологияи Донишгоҳи давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ адо намудааст. Айни замон роҳбарии кафедраи мазкурро дотсент Ваҳобов Алиҷон ба ӯҳда дорад.Кафедраи Анатомия ва физиология як қисми асосии кафедраҳои байни факултавии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон буда, дар ҳамаи 13 факултаҳои Донишгоҳ амал ва фаъолият мекунад.
Ташкили ҷараёни таълиму тарбия аз рӯи фаннҳои таълимии кафедра, ки аз 6 фан иборат аст мувофиқи ҳуҷҷатҳои меъёри ҳуқуқии соҳаи маориф, қонуни Ҷ.Т. «Дар бораи Маориф» бо имзои президент аз 17-уми майи соли 2004 таҳти рақами №34, қонуни Ҷ.Т. «Дар бораи таҳсилоти олии касби ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» бо имзои президент аз 8-уми декабри соли 2003 таҳти рақами № 48, фармонҳои Вазорати Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи дигар фармонҳои Д Д О Т ва кафедра ба роҳ монда шудааст.
Омӯзгорони кафедра бо донишҷӯёни факултаҳо аз фаннҳои «Ёрии аввалини тиббӣ ва ҳаёти солим», «Анатомия ва физиологияи сину солӣ», «Мудофиаи гражданӣ», «Анатомияи одам», «Физиологияи одам ва ҳайвон» дарс мегузаранд.
Ба ғайр аз ин омӯзгорони кафедра дар рафти таълим бо як қатор корҳои илмӣ-методӣ, ҷамъиятӣ низ машғуланд. Аз он ҷумла барномаҳои силлабусӣ барои курсҳои низоми кредитӣ аз тарафи омӯзгорони мо бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ тартиб дода шудаанд.
Ҳайати миқдорӣ ва сифатии кормандони штатии кафедра.
Дар кафедра 6-нафар омӯзгорони штатӣ, 2-нафар ҳамкор, 1-нафар мудири кабинет ва 2-нафар корманди хӯрди техникӣ фаъолият доранд. Омӯзгорони штатии кафедра:

Ваҳобов Алиҷон Ахтамович -мудири кафедра номзади илмҳои биология, дотсент;

Иронова Сафина Шириншоевна- муаллимаи калон.

Бобоева Махфират –муаллимаи калон;

Тошпулотова Тӯтихон- муаллимаи калон;

Асозода Баргигул – асситенти кафедра;

Асомиддинов Шариф – ассистенти кафедра.

Ҳамкорони беруна бошанд, Ғоибов Амонулло доктори илмҳои тиб ва Шамсиддинов Шаъбон номзади илмҳои биология мебошад, ки дар кафедраи зикршуда ба фаъолият пардохтаанд.

 
free pokerfree poker

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj