• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Ҳисоботи якҳафтаинаи декани факултети психология, таҳсилоти томактабӣ ва фарогир

Санаи 5 декабр доир ба татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳамаи гурӯҳҳои академӣ дарси навбатӣ баргузор шуд. Омӯзгор Норбоев Ю.    аҳамияти тағйиротҳоии дар моддаи 10-и Қонуни ҶТ  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну мароси дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шударо шарҳ дода дар  бораи тартиби гузаронидани маросими азодорӣ ва таъзияро бо мисолҳо ба донишҷӯён фаҳмонида дод.

Санаи 6 декабр омӯзгорон Обидова М., ва Дадобоева М. бо мақсади дар амал татбиқ намудани донишҳои назариявӣ аз фанни олигофренопсихология донишҷӯёни ихтисосҳои махсусро фориғ аз дарс ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор сафарбар намуданд. Дар ин муассиса кӯдакони имконияти махсусдошта, аз ҷумла дорои дараҷаҳои сабуки олигофренӣ, фалаҷи узвҳои такягоҳӣ- ҳаракатӣ, кӯдакон

бо аломати Дауна, дорои дараҷаҳои сабуки аутизм, кудакони дорои нуқсонҳои омехта ва вайроншавиҳои нутқидошта ба таълим ва тарбия фаро гирифта шудаанд. Донишҷӯён бо тарзи азхудкунии барномаи таълимӣ- хатнависӣ, хондани китоб, ҳалли мисолҳои математикӣ, ташкил ва баргузории меҳнати дастӣ, тарбияи меҳнатдӯстии хонандагон, инчунин бо ҷойи бозӣ, ҷойи хоб ва дигар шароитҳои мактаб шинос шуданд. Ҳамзамон иқдоми неки факултетро идома дода ба бошандагони мактаб- интернат кӯмакӣ моддӣ расониданд.

 

Санаи 7 декабр озмуни ёддоштхонӣ байни донишҷӯён факултети  психология, таҳсилоти томактабӣ ва фарогир баргузор шуд, ки дар он 33 нафар донишҷӯ байни ҳам мусобиқа  намуданд. Озмун аз чунин шартҳо иборат буд: 1) Аз ёд қироат намудани порча аз китоби «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ,  2) Ифоданок хондани матни  аз тарафи ҳакамон интихобшуда,   3)  Саволу ҷавоб.

Омӯзгори калони кафедраи назария ва методикаи таҳсилоти томактабӣ, адабиётшинос Аҷиков Х., муовини декан оид ба корҳои илмӣ Ҳомидов У.,  мутахассиси Маркази илм ва инноватсия Шарипова Ш. аъзои ҳакамон  дар ин озмун таъин шуданд.

Донишҷӯён ба баргузории ин озмун ҷиддӣ муносибат карданд, бахшида ба баргузории озмун газетаи деворӣ таҳия шуд, ҳар як нафар шеър аз ашъори устод қироат намуданд, ки он ғайр аз  шарти озмун мебошад. Бо ин иқдом донишҷӯён эҳтиром ва қадрдонии устодро ба ҷо оварданд.

Дар анҷом 3 нафар донишҷӯ сазовори ҷойҳои намоён гаштанд, ки минбаъд дар озмуни байни донишҷӯёни  дигар факултетҳо иштирок хоҳанд кард.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj