• Tajik
  • Russian
  • English

Методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ

Кафедрахо 54
There are no translations available.


АЗ ТАЪРИХИ КАФЕДРА

Кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ нахустин бор соли 1983 дар заминаи кафедраи ИҶШС ба номи кафедраи таърихи ҶШС Тоҷикистон ва методикаи таълими таърих таъсис ёфтааст. Дар тӯли фаъолияти худ кафедра чанд маротиба тағйири ном карда, ахиран соли 2008 бо номи кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ номгузорӣ шудааст.

Аввалин мудири кафедра н.и.т., дотсент Ғ.Я. Яқубов буд. Дар ҳайати кафедра чунин устодон аз қабили н.и.т. Қурбонов Ф., Бердиев Ё., Сазонова Т. М., Гадоев Ғ., Неъматов И., Зиёев Т., ба таълиму тарбияи донишҷӯён машғул буданд. Аз соли 2002 ин ҷониб роҳбарии кафедраро н.и.п., профессор Каримов Мусо Бобишоевич ба ӯҳда дорад.

Дар кафедра устодони соҳибтаҷриба докторони илм, профессорон С. Муҳиддинов, С. Бобомуллоев, Д. Довудӣ, ҷиҳати ҳамкорӣ ба кор ҷалб гардида буданд. Дар кафедра феълан устодони соҳибунвон ва соҳибтаҷриба н.и.т., дотсент Давлатбеков Н., н.и.т., дотсент Исмоилов Ё. н.и.т., Мусоев А. ва омӯзгорон Шафақов Х., Шарипов М., Исмоилов А., Ризоев Б. ва Ҷалилов Б. ба таълиму тарбияи ҷавонон ва анҷоми корҳои илмӣ-татқиқотӣ машғуланд.

Дар баробари гузашан ба таълимӣ бисёрзинагӣ дар кафедра ба мукаммалгардонии нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ, таълими фанҳои тахасуси диққатӣ асоси дода мешавад. Дар солҳои охир аз тарафи устодони кафедра китобҳои дарсӣ ва  дастурҳои зиёди таълимӣ – методӣ ва илмӣ таёр карда шуда аз чоп баромаданд. Аз қабилӣ: “Археология”, “Этнография”, “Хронологияи таърихӣ”, Бойгоншиносӣ”, “Шаҳри бостонии миси айнак”, “Маводҳо ва луғатҳои таърихӣ”, Таърихи афкори ҷамъиятӣ-сиёсии халқи тоҷик”, “Таълими таърихи ватани дар донишгоҳҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аз таърихи инкишофи системаи маориф дар ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Истифодаи технологияи иноватсионӣ дар раванди таълими таърих” ва ғайра.

Ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра:

Каримов М.- н.и.п., профессор

Давлатбеков Н.- н.и.т., дотсент

Исмоилов Ё.- н.и.т., дотсент

Мусоев А.- н.и.т., дотсент

Шафақов Х.- муаллими калон

Шарипов М.- муаллими калон

Исмоилов А.- муаллими калон

Ризоев Б.- ассистент

Ҷалилов Б.- ассистент

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj