• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Истиқлолро ҳифз мебояд

Оре, садоқат ба Ватан ва ҳифзи марзи он мароми ҳар як фарди бошараф буда, ватандорӣ барои ҳар инсон ифтихори бузург аст.

Халқи тоҷик яке аз халқҳои бузурги ҷаҳон аст ва ҳазору сад сол қабл аз ин соҳиби давлат буд. Ин давлати ниёгони мо аз тарафи душманони тороҷгар аз байн рафт ва ба шарофати соҳибистиқлол шудани миллати тоҷик бори дувум дар арсаи ҷаҳон арзи ҳастӣ кард.

Имрӯз ҷавонони содиқи Ватан бо иродаи қавӣ ва неруи тавоно баҳри ҳифзи марзу буми хеш камари ҳиммат бастаанд. Мутаассифона, баъзе ҷавонон ба қадри ин Ватани тинҷу осоишта нарасида, ба доми душманони миллати тоҷик меафтанд.

Ман итминони комил дорам, ки ин ҷавонон дере нагузашта хатои худро мефаҳманд ва ба маънии байти зер сарфаҳм мераванд:

Юсуф, ки ба Миср                                          подшоҳӣ мекард,

Эй кош, гадо будӣ ба                                Канъон хуштар.

Бояд мо, ҷавонон, якдилу яктан шуда, ба Ватани худ бо ҷону дил хизмат кунем ва ин истиқлолиятеро, ки бо гузашти айём ва бо лутфи таърих ба даст омадааст, чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намоему дар татбиқаш ҳиссагузор бошем.

Одилҷони Хушвахт, донишҷӯи

факултаи технология ва соҳибкорӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj