менюхои газета |
There are no translations available. Огоҳтарин инсон метавонад- болидатарин инсон бошад! Иқдоми неки навбатии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои донишҷӯёни хатмкунандаи шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи соли таҳсили 2017-2018 Номгӯи саволномаҳои имтиҳони Комиссияи аттестатсионии ниҳоии давлатӣ аз рӯи ихтисосҳои амалкунанда барои хатмкунандагони донишгоҳ ҷиҳати омодабошӣ пешниҳод карда мешавад. Чанд тавзеҳи мухтасар:
Гар ба дарё бирасӣ, қатра найӣ, дарёӣ! (Камоли Хуҷандӣ) Мусаллам аст, ки тоҷикон аз замонҳои қадим дорои маданияти баланд, фазлу дониши комил ва дар эъҷози эҷоди фарҳангсолорӣ нажоди бесобиқаанд. Ин нуқтаро низ ба ҷумлаи боло замима кардан ҳукми заруратро пеш меорад, ки агар бузургмардони шинохтаи ин халқиятро теъдодшуморӣ намоем, ҳама саҳфаҳои тозаи рӯзгор мунаққаш гардад ҳам, ҳанӯз хӯшаеро монад, ки аз хирмане гирифта бошем. Чунончи қавли Саъдӣ ғояи иктифои ин гуфтаҳо бошад: Як умри ҳазорсола бояд, То ман яке аз ҳазор гӯям. Агар омӯзиши ҳар илме барои инсоният фарз бошад, такрори омӯзиш низ ҳамтану ҳамхуни ин фарзия аст, зеро такрори дониш таҳкурсии бинои эҷоду болопӯши бинои ҳунару маҳорати ҳар як ҳунарвар аст. Дар ҳошияи ин чанд ҷумла барои хатмкунандагоне, ки имсол барояшон иктифои “соли донишҷӯист” тасмим гирифтем, ки номгӯи саволномаҳои имтиҳонияшонро вобаста ба самти ихтисосашон дар саҳифаи сайти донишгоҳ ҷой дода бошем, то ин ки тавонанд дар замонаи пешрафти фазои иттилоотӣ ба ин ниёзмандияшон дастрасӣ дошта бошанду омодагӣ гиранд. Раёсати донишгоҳ барои онҳое, ки дар пайи омодагиву ҷустуҷӯ ва пажӯҳиши илм қарор доранд, бурдборӣ, барор ва тавфиқ хоҳон аст! Психология, таҳсилоти томактабӣ ва фарогир |