• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

«ВАЪДАҲОИ ПУЧУ ХОЛӢ» - моро ба куҷо мебаранд!?

Замоне буд, ки давлат вуҷуд надошт. Муборизаҳои сиёсӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон авҷ мегирифт. Дар ин рӯзҳои нангин миллат ниёз ба сарҷамъию иттифоқ дошт, аммо манфиатҳо онро пароканда карда, нооромиро дар мамлакат ба вуҷуд оварданд. Дар ин асно, ҲНИТ яке аз сабабгори асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт, чунки ин ниҳод, ки солҳои сол бо сарварии С.А.Нурӣ мақсади ба сари қудрат омаданро дошт, онрӯз барои ӯ фурсат ба миён омад. Ин фард, бо кӯмаку дастгириҳои хориҷ, асосан ҶИЭ мехост дар мамлакат давлати исломиро пойдор намояд, вале дар асл мақсадҳо дигар буданду нақшаҳо дигар. Барои расидан ба ин мақсадҳо, ӯ ба як қисми мардуми Тоҷикистон, ки зери парчами «Шаҳидон» ба майдон баромаданд, онҳоро бо ваъдаҳои осмонӣ сарҷамъ оварданд. Баъдан, малум гардид, ки ин ваъдаҳои пучу холӣ на барои шаҳодат, балкӣ барои ҷидолат равона шудааст. Як қавми тоҷик бо таъсири С.А.Нурӣ ва роҳбарияти олии ҲНИТ мисли курон даст ба яроқ шуда, бародарону ақрабони худро ба хуну хоҳ олуда карданд. Дар як муддати кӯтоҳ «Баҳористон»-ро ба «Гӯристон» мубаддал сохтанд.

Магар ин қавми тоҷик гумроҳзада буд, ки худро аз ин гуна нопалидон дар канор мегирифт?

Онҳо гумроҳзада набуданд, танҳо аз ҳақиқати ҳол пушти пардаи ҲНИТ бо роҳбарии С.А.Нурӣ нигоҳ дошта мешуданд. Ин қавми бузурги тоҷикро солҳои зиёд мисли бозича зери  дасти худ қарор дода буданд. Барои ба худ моил сохтани ин қавм, С.А.Нурӣ зери ниқоби дини «Ислом» баромад мекард ва аксарияти мардуми Қаротегину Ғарм, ки эътиқодашон нисбат ба дин зиёд буд, кори  ӯро дучанд осон месохт. С.А.Нурӣ дар он замон як қисми миллатро на зери байрақи «Хилофати Ислом», балки мисли қавми «Лут» зери байрақи «Ҷаҳолат» гирд оварда буд. Дар замири ҷамъомад на меҳру садоқат, балки кинаю ҷаҳолатро бедор менамуд. Кор ба ҷое расид, ки барои пароканда кардани миллати худ, дасти кӯмак аз Афғонистону Эрон хост. Пайравонаш бошанд, мисли гумроҳон аз пайи ӯ медавиданд. Шукр, ки нафаре ёфт шуду пардаро аз рӯйи онон кашида, симои аслии онҳоро фош сохт ва миллатро сарҷамъ овард.

Лаҳзае гузашт, аммо ҷоҳилият ва сарватҳои ба С.А.Нурӣ аз хориҷ ҷудошуда, ӯро ором намегузоштанд. Инчунин, талаби қудрату мансаб ва тавонмандӣ дари ҷаҳолатро ба рӯйи ӯ дуюмбора кӯшод. Ӯ, намегузошт, ки қавми пештар гумроҳкардааш, роҳи дурусти зиндагиро дарёбанд ва ҳамеша дар дили онҳо ниҳоли кибру ғурурро нисбат ба бародарони озодихоҳи худ, мепарварид. Оқибат меҳмонии ӯ дар ин дунё ба охир расиду аз олам даргузашт. Як муддат пайравони ӯ худро аз қафас озод ҳис мекарданд ва ҳар яке мехост зиндагии ояндаи худро равшан бинад, аммо ин орзуҳо дер давом накард. Ҷойи ӯро М.Кабирӣ иваз намуд. С.А.Нурӣ ва М.Кабирӣ мисли байзаҳои аз як тан ба олам омада мебошанд. Яке муборизаи ҷангҷӯёнаро пешша кард ва дигаре муборизаи иттилоотиро, ки ҳарду ниҳолу меваи як решаанд ва аз як ҷӯй об мехӯранд. С.А.Нурӣ аз пушаймонӣ ва роҳи дигар надоштан, ба сулҳ розӣ шуд, вале М.Кабирӣ ин сулҳро мехоҳад дуюмбора ба нестӣ барад. Худхоҳию манфиатҷӯйии ӯ ҲНИТ-ро ба ташкилоти экстремистӣ-террористӣ бурда расонд ва як қисми аз аъзоёну пайравонашро берун аз Ватан сарсону саргардон сохт. Ин худхоҳи худи ӯро низ аз хоки Ватан берун сохта, дар ба дари давлатҳои хориҷ намуд.

Хулас, касоне, ки аз рӯйи адолат не, балки ҷаҳолат чоҳ меканад, худ зери чоҳ мемонанд! Ашхоси гумроҳзада, ки аз пӯшти онон мераванд, оқибат ба ин чоҳ мезананд!

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj