• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

Маншаи терроризм аз ифротгароист.

Таърихи инсоният аз лаҳзаҳои пайдоиш то ба имрӯз ба дин иртиботи қавӣ дорад, ки ба ҳаёти инсон аз таваллуд то ба марг таъсир мерасонад. Дар ҷомеа падидаеро ёфтан мушкил аст, ки мисли дин бо зиндагии одамон наздик бошаду ҳамзамон дар масири таърих ихтилофу моҷраҳои зиёдеро ба вуҷуд оварда бошад. Ин аст, ки дар фарҷоми асри ХХ ва асри ХХ1 инсониятро мавҷи ифротгароии динӣ ба маротиб фаро гирифта, боиси муноқиша дар нуқоти дунё гардидааст. Аз ҳама нигаронкунанда он аст, ки имрӯз ифротгароии динӣ маҳз бо истифодаи шиорҳои дини ислом доман паҳн намуда,

дар натиҷа ба обу рӯ ва манзаллати ҳамаи мусулмонон таъсири манфӣ расонида истодааст.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Шӯрои ҷамъиятӣ ба маврид қайд намудаанд, ки «Вазъи ниҳоят печидаву мураккаби ҷаҳони имрӯза ва фаъолияти торафт густурдаи гурӯҳҳои ифротгаро боиси ноором шудани бисёр кишварҳои минтақа ва ҷаҳон гариддааст». Хатари экстремизими динӣ барои кишвари мо низ эҳсос мегардад, ки нишони онро мо дар гаравиши иддае аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мушоҳида менамоем.

Чанд соли охир дар кишвари мо ба инкишофу равандҳои ислом бештар таваҷҷӯҳ дода мешавад. Имрӯз барои ҳамагон пинҳон нест, ки аксарияти нигоштаҳо дар бораи «исломи сиёсӣ» ва тероризм, экстремизм ва ба сафи ДИИШ (Давлати исломии Ироқу Шом) пайвастани иддае аз ҷавонони тоҷик маълумот пешниҳод намуда, вале муаллифону таърихнигорон оиди сабабҳои ба миён омадани терроризм, экстремизм, тундгароӣ ва оқибатҳои офатбори он ва роҳҳои халосӣ аз ин вабои асрро, камтар изҳори назар мекунанд.

Ғурӯҳҳои экстремистӣ барои расидан ба мақсадҳои нопоки сиёсии худ ба амалҳои бешарафона даст зада, аз қатли кӯдакон ва занони бегуноҳ рӯй намегардонанд. Дар зери шиорҳои «ҷиҳоду ғазоват» мехоҳанд ин «бемории бедаво»-ро ба кишварҳои дуру ҳамсоя таҳмил созанд. Ба ин кирдорҳои носолим, дунёро дар гирдоби тарсу даҳшатҳои тасаввурнопазир мехоҳанд нигоҳ доранд ва бо ин васила мавқеи сиёсии худро мустаҳкам намуда, соҳиби иқтидори иқтисодӣ гарданд.

Рафтори разилонаи гурӯҳҳои ҷиноятпеша барои бархе аз ҷавонони тоҷик, ки бо гумроҳӣ ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротгарову ситезаҷӯ, бахусус дар сафҳои қувваҳои мусаллаҳи ба ном давлати исломии Ироқу Шом шомил шудаанд, бояд сабақи зиндагӣ гардад. Ҷавонони раҳгумзадаву тираақл, бояд дарк намоянд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ аз касодии нерӯву зеҳни онҳо истифода намуда истодаанд.

Вақти он аст, ки мо ба тамоми масъулият дар бораи зиёдшавии теъдоди ҷавонон, аз ҳисоби ҳамватанон ба ДИИШ, то чӣ андоза фалокатбор будани ҳарактҳои «Толибон» ва «ал-Қоида» бонги хатар занем. Чуноне, ки аз расонаҳои хабарӣ бармеояд ДИИШ ё Давлати исломӣ акнун ба яке аз ташкилоти террористии ҷаҳонӣ табдил шуда, он молик ва шабакаи фиребонаи таблиғотист. Ҷавонони кишвар бояд воқиф бошанд, ки симои аслии ДИИШ ба исломи асил ва суннатҳои он иртибот надошта, идеологияи он аз таълимоти салафия сарчашма мегирад.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj