• Таджикский
  • Руский
  • Английский
меню
There are no translations available.

 

 

 

Сатторов Ҳабибулло Ҷабборович
Cармуҳаррири нашрияи “Омӯзгори ҷавон»
Тел: 987822221
E-mail:  Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

 

Сатторов Ҳабибулло Ҷабборович (тав. 01. 06. 1990, д. Ҷамбул, шаҳри Ҳисор), филолог, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2013). Солҳои 2013–2014 сармутахассиси шуъбаи илм ва инноватсия, ҳамзамон котиби масъули маҷаллаи илмии “Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ», 2014-2016 муди бахши таҳияи грантҳо ва лоиҳаҳои инноватсионӣ дар қисми илм, 2016-2017 мудири шуъбаи илм ва инноватсия, 2017-2019 ёрдамчии ректори донишгоҳ ва аз соли 2019  сармуҳаррири нашрияи “Омӯзгори ҷавони»-и ДДОТ ба номи Садриддин Айниро ба зимма дорад.

Дар мавзуи “Мақоми Азизуддини Насафӣ дар ташаккули насри ирфонии адабиёти форсу тоҷик»пажуҳиши илмӣ анҷом дода, муаллифи зиёда 20 мақолаи илмӣ ва беш аз 40 мақолаи оммавӣ аст. Барои хидматҳои бенуқсон бо ифтихорномаҳои Донишгоҳ, Вазортаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷоизаи озумуни “Олими ҷавони сол-2017» сарфароз гардонида шудааст. Барандаи ҷоизаи ифтихории байналмилалии устод Мирзо Турсунзода (2021) аст.

Ас.: «Мақсади ақсо»-и Азизуддини Насафӣ. Д., 2021.

ОМӮЗГОРИ ҶАВОН, нашрия

Аз соли 1957 таҳти унвони «Педагоги ҷавон» ва ҳоло «Омӯзгори ҷавон» мунташир мешавад. Дар ин муддат сармуҳарририи нашрияро Я. Исоев, Ю. Сафаров, Б. Худойдодов, А. Пудинаев, А. Сабоҳзода, А. Муллоев, А. Худойдодов ва Б. Абдураҳимов ба зимма доштанд. «Омӯзгори ҷавон» тарғиботгари ғояҳои пешқадам дар кори таълиму тарбияи омӯзгорони ҷавон ба шумор меравад. Донишҷӯёнро дар руҳияи дӯстӣ, рафоқат, ҳамраъӣ ва бародарӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳурмат намудани анъана ва расму одатҳои пешқадами миллӣ тарбият менамояд. Нашрия ба сифати дӯст ва маслиҳатчии донишҷӯён ва ҳидоятгари роҳи дурусти ҳаёт дар ташаккули сифатҳои касбӣ ба онҳо кумак кардаааст.

Аҳли илму адаб, шоиру нависандагони номвар Боқӣ Раҳимзода, Лоиқ Шералӣ, Зиё Абдулло, Бобо Насриддин, Убайд Раҷаб, Низом Нуруҷонов, Урун Қӯҳзод, Ғоиб Сафарзода, Ҳабибуллоҳи Файзуллоҳ, Абдулҳамид Самадов, Кароматулло Мирзоев, Назри Яздонӣ, Камол Насрулло, Мӯҳтарам Ҳотам, Сайёд Ғаффор ва чандин нафари дигар нахустин нигоштаҳояшонро дар ҳамин нашрия чоп кардаанду аз ҳамин пайроҳа ба шоҳроҳи бузурги нигорандагӣ ворид шудаанд.

Нашрия фарогири рубрикаҳои “Гиромидошт», “Иртибот», “Эҳтироми омӯзгор», “Корнома», “Арҷгузорӣ», “Маълумот», “Тақриз», “Ҷашни камолот», “Таҳлил»ва ғ. буда, ҳаёти донишгоҳ дар он бозтоб меёбад. Ҳайати профессорону омӯзгорон, амсоли Абдулбоқӣ Нуров, Умар Умаров, Саидмуроди Хоҷазод, Ҳотам Саидов, Шарифмурод Исрофилниё ва ғ. бо нашрия ҳамкорӣ доранд.

Ҳайати эҷодии нашрия бо мақсади ширкат дар иҷрои ҳадафҳои барномавии муассисаи таҳсилоти олӣ аз ташаббусибтикори ибратбахш кор мегиранд. Нашрия доираи васеи хонандагони худро пайдо кардааст, ки ин муҳимтарин дастоварди коллектив аст. Аз соли 2019 сармуҳарририи нашрияро Ҳабибулло Сатторӣ ба уҳда дорад.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj