меню |
There are no translations available. Ширинзода Мирқурбон Чилла Мудири маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо номзади илмҳои техникӣ, и.в.дотсент Тел: ( +992) 985488064
Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои ДДОТ ба номи С. Айнӣ Дар асоси дастуру супориши Раёсати донишгоҳ аз моҳи феврали соли 2021 “Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо” дар назди Раёсати илм ва инноватсия аз сари нав ба фаъолият оѓоз намуд. Вобаста ба ин бо мақсади таъмин намудани фаъолияти самараноки марказ тибқи фармоиши ректор аз 22. 02. 2021 таҳти № 85 хк омӯзгори кафедраи ҳуқуқ Азимов М.М., ба ҳайси сардори марказ таъин карда шудааст. Вобаста ба ин маркази такмили ихтисос ва бозомузии кадрҳо фаъолияти худро дар асоси иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ, ки бо силсилаи АУ №0002539 таҳти рақами 3149 тасдиқ гардидааст, инчунин замимаи Меъёрҳои муайянкунанда ва назорати раванди таълим дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муаасисаи олии таълимӣ ва таҳсилоти иловагӣ аз рӯи самт (ихтисос) ба роҳ мондааст. Бояд қайд намуд, ки нақшаи таълимӣ аз рӯи 13 – ихтисос ба мӯҳлатҳои 12 – рӯза, 1 - моҳа ва 3 – моҳа тартиб дода шуда, дар мувофиқа бо муовини ректори донишгоҳ оид ба илм тасдиқ карда шуданд. Илова бар ин ҷадвали дурнамои бақайдгирии рӯйхати устодону кормандон ҷиҳати сафарбар намудан ба курси такмили ихтисос ва бозомӯзӣ барои солҳои 2021 – 2025, мутобиқи пешниҳоди садорати факултетҳо ва мудирони кафедраҳо тартиб дода шуда, бо фармоиши ректори донишгоҳ барои ҳар як давраи таҳсил тасдиқ карда шуданд; Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо аз рӯйи 13 – ихтисос (педагогика, психология, филологияи тоҷик, забони англисӣ, забонҳои романию германӣ, таърих, математика, химия, биология, география, технология, технологияи информатсионӣ) барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии педагогӣ фаъолият менамояд. Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои донишгоҳ бо мақсади боз ҳам хубтару беҳтар гардидани ташкилу баргузории курсҳо чунин корҳоро ба нақша гирифтааст: – гузаштан ба низоми нави такмили ихтисос; – ҷорӣ намудани системаи модулию кредитии такмили ихтисос ва бозомӯзӣ; – истифодаи барномаҳои таълимии алтернативии ба дархосту сатҳи омодагии шунавандагон мувофиқ; – ба талаботи замони муосир мутобиқ сохтани мазмун ва мундариҷаи такмили ихтисос; – тадриҷан гузаштан ба шакли фосилавии такмили ихтисос; – коркарди шаклҳои рақобатпазири такмили ихтисос бо мақсади таъмини таҳсилоти босифат; – густариш додани корҳои илмию таҳқиқотӣ бо мақсади дарёфти роҳҳои самараноки баланд бардоштани маҳорати касбии кормандони соҳаи маориф; – мувофиқ намудани мазмуни такмили ихтисос ба стандартҳо ва технологияи навини таҳсилот ҷиҳати иҷроиши саривақти |