МУКАДДАСОТИ МИЛЛИ |
There are no translations available. СУРУДИ МИЛЛӢ
Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шеъри Гулназар Келдӣ Диёри арҷманди мо, Зинда бош эй Ватан, Барои нангу номи мо Зинда бош эй Ватан, Ту модари ягонаӣ, Зинда бош эй Ватан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 2. Муқаррар карда шавад, ки иҷрои саросарии Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ин Қонун тасдиқ гардидааст, аз 7 сентябри соли 1994 ҷорӣ карда мешавад. 3. Фармони Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 4ноябри соли 1977 «Дар бораи таҳрири нави матни Гимни РСС Тоҷикистон» (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, 1977, № 23, моддаи 245) беэътибор дониста шавад. Раиси Шӯрои Олии НИЗОМНОМАИ I. Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ифодагари дӯстии пойдори ҳамаи халқу миллатҳои кишвар мебошад. II. Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад: 2) дар оғози барномаҳои телевизионӣ дар рӯзҳои идҳои умумихалқӣ: 1 январ — Соли Нав, 8 март — Рӯзи байналхалқии занон, 21-22 март — Иди Наврӯз, 9 сентябр — Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябр — Рӯзи Конститутсия; 3) ҳамарӯза дар ибтидо ва анҷоми барномаҳои радиои умумиҷумҳуриявии Тоҷикистон; 4) ҳангоми гузаронидани ҷамъомаду ҷашнҳо ва тадбирҳои дигар, ки мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхона, муассисаҳо ва ташкилотҳо мувофиқи иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон медиҳанд; 5) ҳангоми маросимҳои расмии пардабардорӣ аз рӯи ҳайкалҳо, муҷассамаҳо, лавҳаҳои ёдбуд ва дигар иншоотҳои мансуб ба муҳимтарин воқеаҳои таърихии ҳаёти ҷамъиятию давлатӣ, ба шарафи ходимони сиёсӣ, давлатӣ, ҳарбӣ, қаҳрамонони халқӣ, ходимони илм, адабиёт ва фарҳанг; 6) ҳангоми сарфароз гардонидани Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо, маҳаллҳои аҳолинишин, корхона, муассиса ва ташкилотҳо бо мукофоти давлатӣ; 7) ҳангоми барафроштани Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросимҳо ва дигар чорабиниҳои тантанавӣ, ки ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, идораҳо, муассисаю корхонаҳо мегузаронанд; 8) ҳангоми пешвозгирӣ ва гуселонидани сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, ки ба ҷумҳурӣ расман ташриф меоранд — баъди иҷрои Суруди Миллии давлати мехмонони хориҷӣ. 9) Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳолатҳои дигар бо қарори мақомотҳои давлатию ҷамъиятӣ, роҳбарони муассисаҳо корхонаҳо, ташкилотҳо бо риояи талаботи ҳамин Низомнома иҷро кардан мумкин аст; 10) Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тариқи оркестр (созӣ), хор, оркестрӣ-хорӣ ё худ тариқи овозию созӣ иҷро кардан мумкин аст. Дар ин ҳол аз воситаҳои сабти овоз метавон истифода бурд. 11) Суруди Миллии Тоҷикистон бояд саҳеҳ, мувофиқи матн ва мусиқии Суруд, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 7 сентябри соли 1994 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, иҷро карда шавад; 12) ҳангоми иҷро гардидани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдорони чорабиниҳои оммавӣ Сурудро рост истода гӯш мекунанд; 13) Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои ҳарбӣ низ мувофиқи ҳамин Низомнома ва муқаррароти Оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад; 14) иҷрои Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти корҳои дохилӣ аз ҷониби ҳайати қаторию ҳайати фармондеҳии он, дар мактабҳои олии он тибқи муқаррароти Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад; 15) дар мактабҳои системаи маълумоти ҳамагонӣ, касбӣ, тайёрии махсус ва олии ҷумҳурӣ ҳангоми маросимҳои тантанавӣ Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраркардаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мегардад; 16) ҳангоми гузаронидани мусобиқаҳои дохилиҷумҳурӣ ва байналхалқии варзишӣ Суруди Миллии Тоҷикистон мутобиқи муқаррароти Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, федератсияҳои намудҳои варзиши Тоҷикистон ва ризоияти Иттифоқҳои касаба, Созмони ҷавонони Тоҷикистон, Ташкилоти мусоидати мудофиа (ТММ) иҷро карда мешавад. 17) ҳангоми аз тарафи идораю ташкилотҳои ҷумҳурӣ дар давлатҳои хориҷӣ гузаронидани чорабиниҳо Суруди Миллии Тоҷикистон тибқи тартиби муайянкардаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, бо назардошти анъаноти расму тартиби он давлат иҷро карда мешавад; 18) назорат аз болои иҷрои амиқи ҳамин Низомнома ба ӯҳдаи роҳбарони ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, идораю муассисаҳо вогузор мегардад. Дар он ҳолатҳое, ки Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми барафроштани Парчами Давлатии Тоҷикистон иҷро мегардад, риояи қатъии Низомномаи Суруди Миллии Тоҷикистон ва Дастури тарзи татбиқи он ва назорати иҷрои аниқи он низ ба ӯҳдаи мақомоти роҳбарикунанда ва шахсони мансабдори масъул гузошта мешавад. ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Раҷабов ш.Душанбе, 11 декабри соли 1999
|