• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ТАРБИЯИ НАСЛИ  ФАЪОЛУ ЭҶОДКОР

 

Мусаллам аст, ки маориф дар ҳаёти ҷомеа нақши муассир ва тақдирсоз дорад. Ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу адабиёт, пеш аз ҳама, бар асоси мактабу маориф инкишоф меёбанд.  Аз ин рӯ, маориф муҳимтарин воситаи тараққиёти  ҷомеа ва рушди маърифату ташаккули инсон  аст.  Дар заминаи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ояндаи давлат ба таваҷҷуҳ ва иродаи сиёсии он ба маориф  пайвандии ногусастанӣ  дорад.

Ба илму дониш фаро гирифтан ва дар рӯҳияи  баланди ахлоқӣ, дунёи пурғановати маънавӣ, фикру ҷисми солим, ватандӯстӣ, риояи қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳо, заҳматписандиву зебопарастӣ, сарфаву сариштакорӣ, ботаҳаммуливу тоқатпазирӣ, масъулиятшиносиву эҷодкорӣ  тарбия намудани  ҳар шаҳрванди  Тоҷикистон ҳадафи  аслии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳнамоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар ин радиф роҳбари давлат чунин таъкид менамояд:  «Тарбияи  насли  соҳибмаърифат, огоҳу бедордил, забондону ҷӯянда ва донандаи техникаву технологияи муосир минбаъд низ ҳамчун самти муҳими сиёсати давлат боқӣ мемонад. Зеро пешрафту тараққиёти ҳар як давлатро маҳз кадрҳо ва мутахассисони баландихтисосу кордон таъмин мекунанд. Мо бояд ҳамаи имконияту захираҳои маънавию  зеҳнии худро барои ислоҳот ва таҷдиди шуури насли наврас ва ҷавонон, инчунин соҳибмаърифату соҳибихтисос гардонидани онҳо сафарбар намоем».

Вобаста ба нишондоди Президенти мамлакат ҳама гуна дастовардҳои бузурги илмиву техникӣ ва ихтироот, ки тавассути ақли инсонӣ сурат мебандад,  аз мактабу маориф ва низоми дурусти таълиму тарбия  маншаъ  мегирад. Аҳли маорифи кишварро  мебояд бо ифтихори ватандорӣ ҷиҳати ноил шудан  ба дастовардҳои илмӣ-техникӣ ҷаҳду талош намуда,  дар  тарбияи шахсиятҳои наҷиб, эҷодкору навовар дастёб  гарданд.

Мо дар давоми бисту ҳафт соли истиқлолият бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд таҳкурсии давлати соҳибихтиёрро гузоштем ва дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва муҳимтар аз ҳама, дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварамон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Неъмати пурқиматтарин ва дастоварди бузургтарини мо истиқлолият мебошад.

Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории халқи сарбаланду мутамаддини мо мебошад, ки бисту ҳафт сол инҷониб номаи тақдирашро бо дастони худ эҷод карда, дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хосаи худро пайдо намудааст.

Дар тӯли солҳои истиқлолият тавассути амалисозии барномаву стратегияҳои давлатӣ ва сафарбарсозии тамоми захираву имкониятҳо сатҳу сифати зиндагии мардум бамаротиб баланд бардошта шуд.

Бо дарназардошти он ки ояндаи ҷомеа, идораи давлату миллат, ҳифз кардан ва афзун намудани дастовардҳои истиқлолият аз наврасону ҷавонони имрӯза вобаста мебошад, таълиму тарбияи шоистаи насли наврасро яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлату ҳукумат эълон гардидааст.

Чунки бунёди ҷомеаи демокративу дунявӣ ва соҳиб шудан ба мақоми арзанда дар арсаи байналмилалӣ бидуни тарбия ва ба воя расонидани насли донишманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту ободгар, инчунин тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ғайримумкин аст.

Маҳз бо дарназардошти аҳамияти бузурги ин масъала соли 2017 дар мамлакат “Соли ҷавонон” эълон гардид ва сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намуда буданд: «Ман ҳамеша ба ақлу заковат, нерӯи созанда ва ҳисси миллии ҷавонони саодатманду ватанпарвар ва бонангу номуси кишвар, яъне фарзандони даврони истиқлол бовар дорам ва бо итминон изҳор менамоям, ки онҳо минбаъд низ ба хотири ҳифзи арзишҳои истиқлолият чун сипари боэътимод хизмат мекунанд».

Мо бояд Ватанамонро дӯст дорем ва кӯшиш намоем, ки аз ҷаҳони бо суръати кайҳонӣ пешраванда қафо намонем, ҳамкориҳои худро бо кишварҳои тараққикардаи олам густариш диҳем, арзишҳои илму фарҳанги умумибашарӣ, дастовардҳои техникаву технологияи муосир ва кашфиёту бозёфтҳои навтаринро омӯзем ва кӯшиш кунем ва дар пешрафти ҷомеа ҳиссаи арзишманди худро гузорем.

 

Л. Иматова,

мудири кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj