• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҲОЗИРҶАВОБОН МИЁНИ
ДОНИШҶӮЁНИ ХОБГОҲҲОИ ДОНИШГОҲ

Бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонон дар ҳамкорӣ бо кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ ҳафтаи равон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯёни хобгоҳҳои № 2, 3, 6, 7 ва 8 чорабинии фарҳангӣ-фароѓатии ҳозирҷавобӣ дар толори бинои асосии донишгоҳ баргузор гардид.

 

Дар чорабинӣ аз ҳар хобгоҳ дунафарӣ бо номгузории дастаҳои худ иштирок намуданд. Чорабинӣ аз се давр иборат буд. Даври аввал викторина буд, ки ду қисм – шифоҳӣ ва хаттиро дарбар мегирифт. Дар даври якум ва дуюм донишҷӯён ба саволҳои пешниҳодгардида ба таври хаттӣ ва шифоҳӣ ҷавоб гардониданд. Даври сеюм фарҳангӣ маҳсуб ёфта, дар он иштирокчиён ва ансамбли «Чеҳранамо»-и донишгоҳ ҳунарнамоӣ намуданд. Дар охир ҳамаи иштирокчиёни чорабинӣ бо ифтихорномаи Раёсати донишгоҳ ва туҳфаҳои хотиравии кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён қадрдонӣ карда шуданд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj