• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ТЕРРОРИЗМ ХАТАРИ ҶАҲОНИ МУОСИР

Ҷиҳати пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва таассуботи динӣ санаи 9-уми ноябри соли 2018 дар назди кафедраи таърихи умумӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Терроризм – хатари ҷаҳони муосир» байни донишҷӯён доир гашт, ки дар он 4 нафар омӯзгорон ва 50 нафар донишҷӯёни фаъол иштирок доштанд.

 

Дар мизи гирд оид ба мавзӯи дар боло зикргардида баҳсу мунозира сурат гирифт. Мудири кафедраи таърихи умумӣ Сайнаков С. перомуни шарҳи мазмуну муҳтаво ва талаботҳои “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» маърӯза намуд. Мавсуф зимни суханронии худ роҷеъ ба мазмуну муҳтавои стратегияи мазкур маълумоти арзишманд ироа намуда, ба суолҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш дод.

Cипас, омӯзгори кафедраи таърихи умумӣ Т.Наҷмуддинов дар мавзӯи “Роҳҳои пешгирӣ намудани ҷавонон аз хатарҳои замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм ва шомилшавӣ ба ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва ифротӣ” маърӯза намуд. Дар рафти ҷамъомад тадбирҳои амалӣ сохтани пешгирии ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Донишҷӯёни факултет низ иброз намуданд, ки имрӯз дар замони пур аз тазодду мушкилот, ихтилофу зиддиятҳо доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Яке аз сабабҳои ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҳамроҳ гардидани ҷавонон ин дар кам будани тафаккур ва шуури пасту дониши ноқиси онҳо мебошад. Қайд кардан бо маврид аст, ки экстремизм маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст, ки фикру ақидаи мардумро таѓйир дода, онҳоро ба ақидаҳои гуногун пур месозанд. Террористон як гурӯҳи нафароне мебошанд, ки ба тариқи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм мақсаду мароми худро амалӣ кардан мехоҳанд ва мо, ҷавонон, инро маҳкум менамоем.

Донишҷӯён дар муҳокимаи масъалаи мазкур фаъолона иштирок намуда, падидаву фаъолияти экстремистию террористиро маҳкум намуданд.


Ҳ. Маҳкамов,
донишҷӯи курси 1-уми факултети таърих

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj