• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Идомаи чорабиниҳои ҷашнӣ дар факултети таърих

Дар доираи чорабиниҳои гуногуни илмию маърифатӣ ва фарҳангию тарбиявӣ бахшида ба таҷлили сазовор аз Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24-уми ноябри соли 2018 дар факултети таърих конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон” доир гардид. Дар ҷаласаи ифтитоҳии конфронс декани факултети таърих дотсент А. Муродзода ҳозиринро ба ин муносибат таҳният гуфта, зимни суханронии худ аз таърихи ойини парчамдории халқиятҳои гуногуни олам, аз ҷумла ақвоми ориёӣ, аҳаммияту гиромидошти ин рукни давлатдорӣ дар таърихи бою ғании миллати тоҷик андешаҳои хешро баён дошт.

 

Дар қисмати ифтитоҳии конфронс ҳамзамон маърӯзаҳои муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷик Н.Зарипов дар мавзӯи “Парчам рамзи давлатдорист” ва муаллими калони кафедраи таърихи умумӣ Т.Наҷмуддинов дар мавзӯи “Парчами миллӣ рамзи давлатдорист” шунида шуд. Пас аз анҷоми ҷаласаи ифтитоҳӣ чорабинии илмӣ-назариявӣ кори худро дар бахшҳо идома бахшид. Дар ду бахши конфронс устодону муҳаққиқон ва омӯзгорони ҷавон оид ба ҷанбаҳои гуногуни парчам, аз ҷумла дирафши ковиёнӣ ҳамчун сароғози рамзи давлатдории тоҷикон, мақоми парчам дар шеъри муосир, аз таърихи суннати парчамдории тоҷикон, инъикоси парчам дар адабиёти бадеӣ, рангҳои Парчами давлатӣ ва хусусиятҳои онҳо ва ғайра маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуда, ҳозирин атрофи масъалаҳои матраҳгардида фикру пешниҳодҳо ва назару хулосаҳои хешро ироа намуданд.


 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj