• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Баргузории озмун бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ

Санаи 24-уми ноябр дар кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ ба истиқболи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷамъомади идона баргузор гардид, ки дар ҳошияи он озмуни газетаи деворӣ ташкилу гузаронида шуд. Ҷамъомадро мудири кафедра А. Кулобиев ифтитоҳ намуда, оид ба таърихи ин рукни муҳими давлатдорӣ ва қадру манзалати он ибрози назар кард.

 

Ҳамзамон дар ин ҷамъомад омӯзгорони кафедра А.Кулиев, З.Ғуломҷонов ва донишҷӯён бо маърӯзаҳо оид ба Парчами давлатӣ баромад намуданд ва дар иҷрои донишҷӯени факултетҳои математика ва география маҳфили шеър ва рақсу сурудхонӣ сурат гирифт.

Дар идомаи ҷамъомад озмуни газетаи деворӣ бахшида ба инъикоси Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни гурӯҳҳои донишҷӯёни факултети математика гузаронида шуд, ки аз рӯи баҳодиҳии ҳайати ҳакамон ҷойи аввалро гурӯҳи таълими касбии информатика сазовор гардид.


 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj