• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Чорабиниҳои гуногун бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ

Бо ташаббуси кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор кардани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла ташкили  конфронси маърифатӣ-фароғатӣ ва дарсҳои кушоди тарбиявӣ дар донишгоҳ ва муассисаҳои таълимии пойгоҳии таҷрибаомӯзон ба нақша гирифта шуда, баргузор гардиданд.

 

Тибқи нақшаи кории кафедра санаи 23-юми ноябр дар толори бинои асосӣ ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон» гузаронида шуд, ки дар он муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷ. Мусоҷонова, раиси шӯрои кураторони донишгоҳ Г. Баротова, омӯзгорон ва донишҷӯёни шуъбаи рӯзона ва ғоибонаи факултети филологияи тоҷик ва дигар факултетҳо иштирок намуданд. Пас аз суханони ифтитоҳӣ ва табрикотии масъулини Раёсати донишгоҳ аз ҷониби донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик бо роҳбарии куратори курси 2 «Б» Турсунова Мунаввара маҳфили шеъру суруд баргузор намуданд. Донишҷӯён аз шеърҳо ва таронаҳои эҷодкардаи худ дар васфи Парчами давлатӣ намунаҳо қироат намуда, ҳамзамон барномаи ҷолиби рақсиву тафреҳӣ манзури тамошобинон сохтанд.

Ҳамчунин санаи 24-уми ноябр дар толори бинои асосии гимназияи № 53-и пойтахт бо роҳбарии методистон ва ширкати фаъолонаи тамоми таҷрибаомӯзони факултети филологияи тоҷик ҷамъомади идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Парчам – нишон аз ҳувияти миллӣ» гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ адибон Гулназар Келдӣ, Меҳмон Бахтӣ, Сайдалӣ Маъмур, роҳбари таҷрибаомӯзони факултети филологияи тоҷик Р. Шоев ва омӯгорони муассисаи таълимӣ ҳузур доштанд. Ҷамъомад бо суханрониҳои адибони шинохта доир ба ин санаи фархунда ва аҳаммияту ҷойгоҳи Парчами давлатӣ, инчунин қироати шеърҳо ва иҷрои рақсу суруд аз ҷониби таҷрибаомӯзон хеле рангину хотирмон гузаронида шуд.

Бояд зикр намуд, ки аз ҷониби таҷрибаомӯзони факултети филологияи тоҷик дар ин рӯз бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар муассисаҳои таълимӣ соатҳои кушоди тарбиявӣ ташкилу баргузор гардиданд.


 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj