• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Боздиди донишҷӯёну устодон аз Мактаб-интернати ноҳияи Ёвон

Бо ташаббуси садорати факултети забонҳои романӣ-германӣ санаи 25-уми ноябр донишҷӯёни курси якуми ихтисоси забони олмонӣ-тарҷумон таҳти роҳбарии декани факулта З. Сайфуллоева, мудири кафедраи забони олмонӣ ва методикаи таълими он Р. Кучов ва куратори гурӯҳ А. Ҷабборов ба аёдати таълимгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон ташриф оварданд.

 

Роҳбарият ва таълимгирандагони муассиса меҳмононро хуб истиқбол намуданд. Сипас, аз ҷониби донишҷӯён барои болидахотирии онҳо барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардид. Барномаро нахуст Раҳматулло Кучов, мудири кафедраи забони олмонӣ ва методикаи таълими он, ифтитоҳ намуда, ҳозиринро аз номи аҳли донишгоҳ ба ифтихори ҷашну идҳои дар моҳи равон баргузошуда табрик кард ва иброз дошт, ки бояд аз ин ѓамхориву дилсӯзиҳои Пешвои миллат нисбат ба чунин табақаи ҷомеа, яъне ятимону бепарасторон шукргузор бошем. Инчунин ҷавобан ба ин ѓамхориҳои роҳбари давлат бояд бо хонишу хубу аъло ва интизоми намунавӣ мактабро хатм намуда, кадри хубе шавему ба Ватани азизамон содиқона хизмат кунем.

Дар идома суруду рақс, саҳначаҳои ҳаҷвӣ ва бозиҳои шавқовари интелектуалӣ барномаро боз ҳам ҷолибтар гардониданд. Дар интиҳо, муовини директори муассиса М. Саминов аз ҳамкории пайвастаи донишгоҳ изҳори миннатдорӣ намуда, ба устодону донишҷӯён барои ба рӯзи сард нигоҳ накарда, ба аёдати ятимону бепарасторон рафтанашон изҳори ташаккур намуд. Ӯ иброз дошт, ки ба мактаб-интернати мо тамоми шароитҳо аз тарафи давлат муҳайё карда шудааст, тайёрӣ ба зимистонгузаронӣ низ аллакай хуб аст, танҳо мо орзуи онро дорем, ки шумо ҳамчун таълимгирандагони донишгоҳи омӯзгорӣ дар оянда кадри хубе шуда, омада дар муассисаи мо дарс гӯед.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар муассисаи мазкур таълимгирандагон аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ ҳастанд ва аз синфи 1 то 11 таҳсил мекунанд.

Саидаброр САИДӢ,
донишҷӯи соли 5-уми факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ


 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj