• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Иҷлосияи таърихӣ, Пешвои миллат ва ҷавонон

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, алалхусус санаи 19 ноябри соли 1992, дар таърихи миллати тоҷик яке аз саҳифаҳои таърихӣ маҳсуб ёфта, бо интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ дар ҳаёти нави сиёсии кишвар таҳаввулоти бунёдӣ рух дод. Тавре Пешвои миллат зикр намудаанд: «Дар таърихи ҳар миллат рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки дар сарнавишти минбаъдаи он нақши ҳалкунанда доранд. Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи ҳамин гуна рӯйдодҳои сарнавиштсоз аст, ки барои раҳоии давлати нав баистиқлолрасидаи мо аз оташи ҷанги харобиовар ва ҳамчунин барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, таъмини волоияти қонун ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам овард».

 

Дар таърихи умумиҷаҳонӣ шахсиятҳои бузургеро медонем, ки бо ба сари қудрат расидан рафти таърихии миллати худро тағйир додаанд. Мисли Куруши Кабир дар империяи Ҳахоманишҳо, Искандари Мақдунӣ дар Юнону Мақдуния, Юлий Сезар дар Рим, Исмоли Сомонӣ дар аввалин давлати миллии тоҷикон - Сомониён, Пётри Кабир дар Русия, Наполеон Бонапарт дар Фаронса, Авраам Линколн дар ИМА, Камол Отатурк дар Туркия ва бисёр шахсиятҳои дигар. Имрӯз ворисони ин гуна шахсиятҳои бузург фахр аз он мекунанд, дар таърихи худ чунин пешвоёнро доштанд.

Аммо миллати тоҷик баъди барҳамхӯрии давлати Сомониён муддати ҳазор сол дар бедавлатии миллӣ ва фишори аҷнабиён ҳаёт ба сар мебурд. Танҳо дар асри 20-ум тақдир ба рӯйи миллати тамаддунофари мо, ки тавонист дар тӯли 10 қарн бо воситаи забону фарҳанги бойи худ мавҷудияти худро нигоҳ дорад, илтифот намуда, соли 1924 ҶМШС Тоҷикистон ва соли 1929 ҷумҳурии алоҳидаи шӯравии Тоҷикистон ташкил ёфт. Фарзандони барӯманди миллат ба монанди С. Айнӣ, Н. Махсум, Ш. Шоҳтемур бунёдгузорони аввалини он буданд.
Тоҷикон ҳини дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ будан бори дигар исбот намуданд, ки миллати тамаддунофару бунёдкор ва сулҳпарвару ватандӯстанд. Мисоли ватандӯстии тоҷиконро мо дар солҳои мудҳиши ҶБВ мебинем.

Солҳои 50-70-уми асри гузашта Тоҷикистон дар барқароркунии баъдиҷангӣ ва пешрафти илмиву иқтисодӣ яке аз пешсафҳо буд. Б.Ғафуров, Т. Улҷабоев, М. Турсонзода, Ҷ. Расулов ва даҳҳо тани дигар мисоли шахсиятҳои бузурги ин давраанд. Дар муддати кӯтоҳи таърихӣ (аз соли 1924 то соли 1991) Тоҷикистон ба комёбиҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангӣ ноил гардид. Халқи тоҷик бори дигар чун дар замони Сомониён исбот намуд, ки тоҷикон миллати фарҳангиву бунёдкор буда, метавонанд дар муддати кӯтоҳ сарҷамъ шаванд ва меҳани худро обод намоянд.

9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Орзуи чандинасраи халқи тоҷик ҷомаи амал пӯшид. Аммо бо ташаббуси гурӯҳҳои мансабхоҳ ва хоҷагони берунии онҳо, ки пешрафти ҷумҳурии моро намехостанд, ҷанги шахрвандӣ дар Тоҷикистон оғоз гардид. Мавҷудияти давлати миллии мо ба зери хатар гузошта шуд. Тоҷик боз гурезаву бе макон гашт. Дар чунин як вазъияти муташанниҷ гузаронидани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ саривақтӣ ва тақдирсоз буд. Замоне Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гашт, ки дар дохилу хориҷ касе боварӣ ба анҷоми ҷанг ва пешрафти тоҷикон надошт. Аммо дар чунин лаҳзаи ҳассос, фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро бо суханони «Ман ба шумо сулҳ меоварам» оғоз намуд ва тавонист дар муддати кӯтоҳ оташи ҷанги бародаркушро хомӯш намояд.

Баъди анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ баҳри пешбурди иқтисоду иҷтимоиёти мардум, дар ҷумҳурӣ ислоҳоти гуногун гузаронида шуд, ки дар як муддати кӯтоҳ ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд. Бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сентябри соли 1999 ҷашнгирии 1100-солагии давлати Сомониён, додани унвони "Қаҳрамони Тоҷикистон" ба Б. Ғафуров, С. Айнӣ, М. Турсунзода, Н. Махсум ва Ш.Шотемур сурат гирифт, ки баҳри бедорнамоии ҳисси миллии тоҷикон такони бузурге дод.

Имрӯзҳо рушди ҳамасолаи ҷумҳурӣ афзуда, мамлакати мо дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи махсуси худро пайдо намудааст. Акнун мо, тоҷикон, низ мисли миллатҳои дар боло зикргардида Пешвои миллии худро дорем ва сарбаландона дар зери роҳбарии ӯ ба сӯйи ояндаи дурахшон қадам мениҳем. Имрӯз мо, ҷавонон,  пайравӣ аз Пешвои миллат намуда, баҳри боз ҳам пешрафти Ватанамон саъю кӯшиши зиёд менамоем.

Азизҷон Ҳакимов,
аспиранти бахши таърихи навтарин ва муносибатҳои
байналмилалии Донишгоҳи давлатии Томск

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj