• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Мубориза бо фасод амре ногузир аст

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия, ки ҳамасола 9-уми декабр қайд карда мешавад, дар толори бинои асосии донишгоҳ вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм бо ҳайъати донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ баргузор гардид.

 

Чорабиниро ректори донишгоҳ академик Носирҷон Салимӣ ифтитоҳ намуда, аз ташрифи меҳмонон изҳори хушнудӣ намуд. Зикр гардид, ки фасод ҳамчун мушкилоти доғи ҷомеа дар рушду инкишофи тамоми соҳаҳо монеагузор буда, мубориза алайҳи ин зуҳуроти номатлуб бояд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта бошад. Дар вохӯрӣ корманди раёсати муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Вазорати маориф ва илм Носирҷон Бӯриев ва намояндагони агентии мазкур полковники адлия Барот Расулӣ ва лейтенанти калони адлия Илҳом Абдуллозода бо аҳли толор суҳбати муфид анҷом доданд. Таъкид карда шуд, ки баргузории чунин вохӯриҳо дар самти иҷрои талаботи нақшаи чорабиниҳои “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ба таври мақсаднок ташкил карда мешавад. Дар анҷом оид ба масъалаҳои дар вохӯрӣ матраҳшуда андешаронӣ ва ибрози назар сурат гирифт.


 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj