• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Ҷамъбасти таҷрибаомӯзии таълимӣ дар факултети биология

Санаи 24-уми декабр дар факултети биология конфронси ҷамъбастии таҷрибаомӯзони курси 4-уми ихтисоси биология ва курсҳои 5-уми ихтисоси биология-химия ва биология-экология  баргузор гардид. Дар чорабинӣ декани факултет М. Ғайратов, мудири кафедраи  биологияи умумӣ ва методикаи таълими биология К. Баротов, методистон ва намояндагони бахши таҷрибаомӯзии донишгоҳ  иштирок намуданд.

 

Дар конфронс мудири кафедраи биологияи умумӣ ва методикаи таълими биология К. Баротов қайд намуд, ки таҷрибаи омӯзгории факултет дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 10, 11, 25 ва 44-и пойтахт ба роҳ монда шуда, аз солҳои гузашта фарқи чашмрас дошт. Донишҷӯён имсол бо татбиқи салоҳиятнокӣ, истифодаи корҳои лабораторӣ ва воситаҳои техникӣ дарсҳоро ба хонандагони муассисаҳои дар боло зикршуда гузарониданд.

Сипас, намояндагони ҳар яки гурӯҳ бо роҳбарии методистон бо истифода аз тахтаи электронӣ дарсҳои назариявӣ, амалӣ, тарбиявӣ ва корҳои беруназсинфии худро намоиш доданд. Таҷрибаомӯзон Ёров Комрон, Хоҷаев Наврӯз, Алимардонова Назокат ва Ҳукуматшозода Меҳроншо бо истифода аз дискҳои дарсҳои кушод, тарбиявӣ ва корҳои беруназсинфӣ  натиҷаҳои таҷрибаомӯзии худро нишон дода, ҷамъбаст намуданд. Инчунин таҷрибаомӯзон тарзи гузаронидани корҳои лабораториро дар мавзӯъҳои «Сохти микроскопии ҳуҷайраи пӯсти пиёз», «Сохти берунии кирми лойхӯрак», «Сохти  дили ширхӯрон» ва «Сохти берунӣ ва дохилии моҳиён» бо истифода аз маводҳои табиӣ пешкаши ҳозирин намуданд.

Дар хотима аз тарафи садорати факултет ва кафедраи биологияи умумӣ ва методикаи таълими биология таҷрибаомӯзони беҳтарин бо ифтихорномаҳо мукофотонида шуданд.


 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj