• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Мизи мудаввар оид ба урфу одати миллӣ

Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ санаи 24-уми декабр мизи мудаввар дар мавзӯи “Урфу одатҳои миллии халқҳои Осиёи Миёна” баргузор гардид. Дар мизи мудаввар устодону омӯзгорони кафедра, кормандони раёсати илм ва инноватсия ва донишҷӯёни факултети забонҳои романӣ-германӣ ширкат варзиданд.

 

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур шиносоӣ бо расму одат, ҷашну маросимҳои миллӣ ва фарҳанги либоспӯшии халқҳои Осиёи Миёна дониста мешавад, - тавзеҳ дод мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ А. Кулобиев дар суханронии худ. Омӯгорони кафедра А. Холматова, С.Қувватова, М.Умарова, Р.Акбарова ва Е.Сулейманова дар мизи мудаввар баромад намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки дар донишгоҳ намояндагони халқу миллатҳои гуногун, аз ҷумла шаҳрвандони кишварҳои дӯсту бародари ҳамсоя таҳсил менамоянд ва ошноӣ бо урфу одатҳои ҳамдигар аз манфиат холӣ набуда, барои таҳким бахшидани дӯстиву рафоқат ва ҳамдигарфаҳмӣ нақши муҳим дорад.

Дар мизи мудаввар донишҷӯёни туркману ӯзбек ва қазоқ оид ба баъзе урфу одатҳои худ, аз қабили маросимҳои тӯю сур ва ҷашнҳои мавсимӣ, фарҳанги либоспӯшӣ ва дигар расму русуми миллии хеш маълумот дода, бо урфу одатҳои роиҷи халқи тоҷик ошно гардиданд. Ҳамчунин дар чорабинӣ донишҷӯёни миллатҳои гуногун аз суруду таронаҳои халқии хеш қироату замзама намуда, намунаҳои рақси миллии худро пешкаши ҳозирин гардониданд.


 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj