• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгор зарур дониста шуд

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии башарият ворид гардидани чакан санаи 27-уми декабр бо ташаббуси факултети технология ва иқтисодиёт дар толори калони бинои асосии донишгоҳ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-методӣ таҳти унвони “Таълими салоҳиятнокӣ дар тайёрии касбии омӯзгорони фанҳои умумитехникӣ баргузор гардид. Дар конфронс устодону донишҷӯён ва меҳмонон аз дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ширкат варзиданд.

 

Дар расми ифтитоҳи конфронс ректори донишгоҳ академик Носирҷон Салимӣ ҳозиринро ба муносибати анҷоми муваффақонаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО чанде қабл ҳамчун мероси ғайримоддии фарҳангии башарият эътироф шудани гулдӯзии миллии чакан табрик гуфт. Дар идома ректори донишгоҳ оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи гузашта баргузор гардид, тамаркуз намуда, иброз дошт, ки баргузории чунин конфронсу чорабиниҳои илмӣ дар амалишавии вазифаву уҳдадориҳо ва масъалаҳои дар назди давлату ҳукумат ва аҳли ҷомеа гузоштаи Пешвои миллат нақши бориз хоҳанд гузошт. Зикр гардид, ки рушди донишу малакаҳои ҳирфавии устодону омӯзгорони илмҳои дақиқ заминаи мустаҳкам дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ ва ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегии ҳукумати кишвар, хусусан саноатикунонии мамлакат мегузорад. Тавре ки Президенти кишвар дар Паёми навбатияшон зикр намуданд, пешрафти ҷомеа ва тараққиёти илму техника ва технология тақозо мекунад, ки омӯзгорон барои баланд бардоштани сатҳи касбияти худ мунтазам кӯшиш кунанд, зеро бидуни сатҳи баланди касбияти омӯзгор сифати таълиму тарбияро беҳтар кардан имкон надорад.

Дар ҷаласа ҳамчунин оид ба эҳёи касбу ҳунаҳои мардумӣ ва рушди сайёҳӣ номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Ф. Муминов ва дар мавзӯи таърихи чакан ва рушди он дар даврони истиқлол омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷик Ғ. Гадоев маърӯза намуданд. Пас аз анҷоми қисмати ифтитоҳии конфронс чорабинии илмӣ-методӣ кори худро дар ду бахш – бахши методикаи таълим ва бахши фанҳои умумитехникӣ идома бахшид. Дар бахшҳо маърӯзаҳои илмии устодону муҳаққиқони ҷавон оид ба паҳлӯҳои гуногуни таълими салоҳиятнок шунида хоҳад шуд.


 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj