• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Баррасии масъалаи хушунату зӯроварӣ ва роҳҳои пешгирии он

Санаи 27-уми декабр бо ташаббуси факултети психология ва таҳсилоти фарогир конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Хушунат ва роҳҳои пешгирии он» баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону донишҷӯёни факултет, намояндагони раёсати донишгоҳ ва меҳмонон аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.

 

Конференсияро декани факултет М. Обидова ифтитоҳ намуда, зарурат ва ҳадафи чорабиниро тавзеҳ дод. Аз ҷумла қайд гардид, ки хушунат, зӯроварӣ ва зулму ситам ҳамчун падидаи номатлуб дар ҷомеаи имрӯза шинохта шудааст ва мардум барои ҳалли мушкилот ба психологҳо муроҷиат менамоянд. Чунин вазъият махсусан омӯзгорони кафедраи психологияи касбиро вазифадор менамояд, ки бо мутахассисон ҳамоиши илмӣ баргузор намуда, роҳҳои гуногуни ҳалли масъаларо таҳлил ва баррасӣ намоянд.

Сипас профессор Б. Маҷидова дар мавзӯи «Таъсири маводи компютерӣ ва интернетӣ ба олами маънавии кӯдакон ва наврасон», ки ба нақши оила дар пешгирӣ намудани таъсири номатлуби маводҳои иттилоотӣ бахшида шудааст, суханронӣ намуда, ба асосҳои назариявӣ ва таҷрибавӣ нишон дод, ки дар замони муосир насли наврас ва ҷавонон ҳамарӯза аз телефонҳои мобилӣ ва компютер истифода мебаранд, ки аксарият онро бе мақсади муайян барои гузаронидани вақт ё гирифтани маълумотҳои нолозим истифода мебаранд ва вазифаи волидон, аъзои оила аз он иборат аст, ки аз хурдсолӣ ба фарзандони худ тарзи истифодабарӣ ва гирифта тавонистани маълумотҳоеро, ки барои илмомўзии онҳо аҳамиятнок мебошанд, нишон диҳанд ва ба онҳо фарҳанги бо техника кор бурданро омӯзонанд.

Намояндаи Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ Н. Мирзоматов дар мавзӯи «Баъзе масъалаҳои таъзиқ ва зӯроварӣ дар таълим, сарчашмаҳои пайдоиши он» маърӯза намуда, мафҳумҳои бо зуҳуроти номатлуб алоқаманд бударо аз ҷиҳати илмӣ ва забонӣ шарҳу эзоҳ дод. Маърӯзаи магистранти ДМТ Фарҳоди М. дар мавзӯи «Зӯроварии психологӣ дар оила ва роҳҳои пешгирии он» низ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ҷалб намуд. Ӯ аз ҷиҳати илмӣ асоснок намуд, ки зӯроварӣ дар байни мардум аз қадим вуҷуд дошт ва вазифаи психолог аз он иборат аст, ки барои авҷ нагирифтани чунин зуҳуроти номатлуб ба мафкураи мардум таъсир расонад, то ки онҳо бештар кори ҷамъиятӣ ва ободонии кишварро пешаи худ намоянд.

Ҳамчунин омӯзгори кафедра А. Ёраҳмадов ва дигар омӯзгорону донишҷӯён суханронӣ намуда, оид ба роҳҳои пешгирии хушунат дар ҷомеа ва дигар масоили гуногуни психологӣ андеша ва пешниҳодҳои худро ироа намуданд. Пас аз ҷаласаи ифтитоҳӣ чорабинӣ кори худро дар ду бахш идома бахшид.


 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj