• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲ ДАР СОЛИ 2018 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2019

Санаи 29-уми декабр таҳти раёсати ректори донишгоҳ академик Носирҷон Салимӣ дар толори калони бинои асосӣ ҷаласаи васеи донишгоҳ бо ширкати кормандон ва ҳайати профессорону омӯзгорон баргузор шуд. Дар кори ҷаласа як масъала – “Ҳисобот доир ба фаъолияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019” баррасӣ гардид.

 

Дар ифтитоҳи ҷаласаи васеи раёсати донишгоҳ Носирҷон Салимӣ ҳозиринро ба муносибати фарорасии соли нави 2019 таҳният гуфта, аз рӯйдодҳои муҳимму хотирмони кишвар тайи соли сипаришаванда, аз ҷумла мавриди истифода қарор гирифтани чархаи аввалини Неругоҳи барқи обии “Роғун”, истиқболи сазовор аз ҷашну маъракаҳои сатҳи баланд дар кишвар ва дигар дастовардҳои шоистаи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ёдовар шуд. Зикр гардид, ки дар давоми соли 2018 ҳайъати омӯзгорону кормандони донишгоҳ дар партави сиёсати хирадмандона ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо неруву иродаи қавӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ якдилона заҳмат кашида, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Пешвои миллат пайваста ба рушди соҳаи маориф ва илм, махсусан муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, музди меҳнати омӯзгорону кормандон, бунёд ва таъмиру тармими биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, бо технологияи замонавӣ муҷаҳҳаз намудани онҳо пайваста тадбирҳои муҳим ва муассирро роҳандозӣ менамоянд. Далели барҷастаи ин матлаб аз моҳи сентябри соли 2018 зиёд гардидани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони соҳаи маориф ва идрорпулии донишҷӯён ба андозаи 15% маҳсуб мешавад.

Қайд карда шуд, ки дар соли ҷорӣ дар донишгоҳ 1081 нафар корманд фаъолият намуда, шумораи умумии занҳо 428 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 23 нафарашон дар зинаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд. Инчунин, дар коллективи меҳнатии донишгоҳ 20 нафар маъюбон кору фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 8 нафар маъюби гурӯҳи дуюм ва 12 нафар маъюби гурӯҳи сеюм мебошанд. Раёсати донишгоҳ барои онҳо тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда, онҳо аз кафолату имтиёзҳои қонунҳои амалкунанда баҳравар мебошанд.

Дар соли ҷорӣ ба фаъолияти таълимию методии устодону омӯзгорон диққати зарурӣ дода шуд. Махсусан, дар самтҳои банақшагирии фаъолияти таълимию методӣ, таҳияи асноди меъёрии ҳуқуқӣ, хизматрасонии техникию коммуникатсионӣ, назорати сифати таҳсилот ва таҳлили дарсҳо, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон, такмили барномаи идоракунии электронии раванди таълим, таҳия ва мукаммал намудани саволномаҳои тестии фанҳои таълимӣ, бақайдгирии донишҷӯён ва ташкили раванди қабули имтиҳонот, мониторинги сифати таълим, таҳсилоти фосилавӣ, курсҳои тайёрию репетиторӣ, таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон корҳо тибқи нақша ба роҳ монда шуданд. Дар соли сипаришаванда дар 60 кафедраи донишгоҳ 800 нафар омӯзгор аз ҷумла, 1 нафар академики АИ ҶТ, 1 нафар узви вобастаи АИ ҶТ, 2 нафар узви вобастаи АТТ, 57 нафар доктори илм ва 171 нафар номзади илм барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шудаанд, ки аз ин шумора 539 нафар омӯзгори штатӣ ва боқимонда муаллимони ҳамкор ва тибқи соатбайъ фаъолияткунанда мебошанд.

Дар самти такмили раванди таълим як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии донишгоҳӣ, аз ҷумла барои ихтисосҳои дараҷаи бакалавр 76 адад, барои зинаи таҳсилоти магистратура 21 адад, барои ихтисоси таҳсилоти 2-юми шакли таҳсили фосилавӣ 24 адад ва барои ихтисоси зинаи таҳсилоти магистратура 4 адад нақшаҳои таълимӣ таҳия карда шуд. Бо мақсади татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф, татбиқи технологияи низоми кредитии таҳсилот, ташкили бонки саволномаҳои тестӣ ва мутобиқат ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ, таҳияи бонки нави саволномаҳо бо шаклҳои гуногун аз рӯи 1035 фанни таълимӣ шаклҳои тестҳои пӯшида, мувофиқоварӣ, кушода ва барқароркунии пайдарпайӣ таҳия шуданд.

Дар ҷаласаи васеи раёсати донишгоҳ зикр гардид, ки ҷиҳати татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳукумати электронӣ” аз соли 2015 барномаи идоракунии электронии раванди таълимро мавриди татбиқ қарор дода шуда, соли равон барои муваффақ шудан ба баҳисобгирии сарбории таълимии омӯзгорон ва раванди электронии натиҷагирии машғулиятҳо бо омӯзгорони кафедраҳои тахассусӣ ва умумидонишгоҳӣ семинарҳои омӯзишӣ ҷиҳати ворид шудан ба барнома ва саривақт қайд кардани мавзӯи дарсӣ, ғоиби донишҷӯ ва гузоштани холҳои ҳафтаина баргузор карда шуд.

Сифати таълим дар соли ҷорӣ беҳтар гардида, дараҷаи азхудкунӣ дар шакли таҳсили рӯзона дар давраи фаъол 50%, дар давраи ҷамъбастӣ пас аз анҷоми триместр 98,9%-ро ташкил дод, ки ин нишондод назар ба соли гузашта 1,5% зиёд мебошад. Соли 2018 дар ҳудуди донишгоҳ теъдоди камераҳои назоратӣ ба 238 адад расонида шуд, ки аз ин миқдор 196 камера танҳо дар синфхонаҳои таълимӣ ва 18 адади он дар роҳравҳои факултетҳо насб карда шуд.

Дар соли 2018 ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ дар донишгоҳ диққати зарурӣ равона гардид. Аз оғози сол вобаста ба ислоҳоти низоми таҳсилоти олӣ дар сохтори донишгоҳ раёсати илм ва инноватсия ташкил ёфт, ки барои беҳтар шудани сифати тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ, инчунин, рушди корҳои илмию таҳқиқотии кафедраҳои амалкунанда мусоидат намуд. Теъдоди устодони унвондори донишгоҳ имсол дар муқоиса ба соли гузашта бештар гардида, ба 228 нафар расид. - Ҳарчанд нишондиҳандаи мазкур аз беҳбудии кор дар ин самт дарак медиҳад, вале он раёсати донишгоҳро ҳанӯз қаноатманд намесозад, - зикр гардид дар ҳисоботи ҷамъбастӣ.

Соли сипаришаванда кафедраҳои донишгоҳ корҳои илмӣ-таҳқиқотиро аз рӯи 64 равия, 95 масъала ва зиёда аз 340 мавзӯи инфродии илмӣ-таҳқиқотӣ роҳандозӣ карда, мақола, маърӯзаҳо, гузоришҳо, патентҳо ва дигар дастуру васоити илмиро ба нашр расониданд. Дар давоми сол 2 нафар устоди донишгоҳ рисолаи докторӣ ва 13 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд. Ҳоло дар донишгоҳ 3 Шӯрои диссертатсионии КОА ФР доир ба самтҳои илмҳои филологӣ, географӣ ва педагогӣ ва 3 Шӯрои диссертатсионии КОА ҶТ оид ба филология, методикаи таълими химия-биология ва методикаи таълими забонҳои хориҷӣ амал менамоянд.

Дар соли  дар донишгоҳ 640 чорабинии илмӣ баргузор карда шуд, аз ҷумла 3 конференсияи байналмилалӣ, 24 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 66 конференсияи донишгоҳӣ, 488 семинари илмӣ - назариявӣ, 35 мизи мудаввар, ки дар ин чорабиниҳо 1002 нафар устодону кормандони донишгоҳ ва муассисаҳои дигари ватаниву хориҷӣ иштирок варзиданд.

Ҷиҳати такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон дар соли таҳсили 2017-2018 165 нафар аз курси такмили ихтисоси «муносибати салоҳиятнокӣ ба таълим», 29 нафар аз курси такмили ихтисос дар назди Донишгоҳи миллӣ ва 25 нафар аз курси омӯзиши усули ташкили раванди таълим, ки аз ҷониби устодони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Беларус баргузор шуд, гузашта, соҳиби шаҳодатнома шуданд.

Соли ҷорӣ донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳо ва олимпиадаҳои сатҳи гуногун, озмун-фестивал ва маҳфилҳо фаъолона ширкат намуданд. Аз ҷумла, дар олимпиада барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» 5 нафар сазовори ҷойҳои намоён ва дипломи Академияи илмҳо шуданд ва 4 нафар бо ифтихорнома сарфароз гардиданд. Дар олимпиадаи фаннии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 12 нафар донишҷӯ иштирок намуда, 2 нафар аз рӯи ихтисосҳои биология ва таърих сазовори ҷойи аввал ва 1 нафар аз ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик соҳиби ҷойи сеюм гардиданд ва дар байни 35 муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи ҷамъбаст донишгоҳ ҷойи 3-юмро ишғол намуд.

Тавре дар ҷаласаи васеи раёсат зикр гардид, дар самти корҳои тарбиявӣ низ корҳо дар соли 2018 ҷоннок карда шуда, 280 чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва донишгоҳӣ баргузор гардида, аз тарафи кормандони қисми тарбия 43 дарси кушоди тарбиявӣ ва 580 вохӯрию суҳбатҳо бо волидайни донишҷӯён гузаронида шуд. Аз ҷумла, дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби воҳидҳои сохтории донишгоҳ 97 чорабинии гуногунмуҳтаво, аз қабили чорабиниҳои фарҳангӣ, дарсҳои сиёсӣ, озмун, мизи мудаввар, конференсия ва мусобиқаҳои варзишӣ ташкил ва баргузор карда шуд.

Бо кӯшиши қисми равобити байналмилалии донишгоҳ дар давоми соли ҷорӣ 7 адад шартномаи дуҷониба бо ташкилоту муассисаҳои таълимии хориҷӣ ба мизо расонида шуд. Кормандони сохтор дар 8 чорабинӣ ва конференсияҳои байналмилалӣ иштирок ва саҳмгузорӣ карданд. Теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ дар соли таҳсили 2018-2019 2713 нафар, теьдоди магистрони хориҷӣ 8 нафарро ташкил дода,  6 нафар омӯзгорони хориҷӣ барои таълим додани донишҷӯён ҷалб карда шудаанд. Дар ин давра 390 нафар донишҷӯёни хориҷӣ ба курсҳои забономӯзӣ ҷалб намуданд.

Дар ҷаласаи васеи раёсати донишгоҳ фаъолияти густурдаи муассисаи таълимӣ дар ин ва дигар самтҳо баррасӣ гардида, оид ба дастовардҳо ва пешрафту камбудҳои ҷойдошта фикру андеша ва пешниҳодҳои ҳозирин шунида шуд ва дар соли тақвимии дарпешистода дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар соли 2019 коллективи донишгоҳ ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баланд бардоштани нуфузу эътибори донишгоҳ, беҳтар шудани сатҳу сифати таҳсилот ва тайёр кардани мутахассисони варзидаи соҳа пайваста саъю талош хоҳанд намуд.


 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj