• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

РӮҲИЯИ СОЗАНДАИ МИЛЛАТ

Миллати тамаддунофари тоҷик аз азал бо хиради созанда сари кор дошт ва дар тӯли таърихи пурҳаводис ҳамин донишу хиради созанда сабаби бақои ӯ гаштааст. Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки дар он муҳимтарин масоили дохилӣ ва хориҷии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, бори дигар рӯҳияи созандаи миллатро собит намуд.

 

Воқеан, соли 2018 барои миллати мо соли таърихӣ буд. Ба кор андохтани чархаи якуми НБО «Роғун» орзуи чандинасраи миллатро амалӣ сохт ва барои ояндаи дурахшони миллат пояи устувор гузошт. Миллат қадами устувор барои даст ёфтан ба истиқлоли энергетикӣ гузошт, ки аз аҳдофи нахустини стратегияи миллӣ маҳсуб мешавад. Қабули пешниҳоди Пешвои миллат дар соҳаи об дар Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» низ аз дастовардҳои бузурги миллати мо дар соли 2018 мебошад.

Мусаллам аст, ки масъалаи мактабу маориф ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат аст, зеро ба қавли эшон, маориф яке аз рукнҳои асосии амнияти миллист ва бидуни рушди маориф ба ояндаи дурахшон даст ёфтан ғайримумкин аст. Тавре дар Паём зикр шуд, танҳо дар соли 2018 дар кишвар аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳо 151 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 73 000 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд ва ин раванд дар оянда низ идома хоҳад ёфт. Илова бар ин таъкид шуд, ки дар соҳаи илму маориф дар буҷети соли 2019 нисбат ба соли 2018 14% зиёд маблағ равона карда мешавад.

Дар баробари дастовардҳо Пешвои миллат аз беҳтар нашудани сифати таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ изҳори нигаронӣ карданд. Ҳар яки мо, маорифчиён, вазифадор ҳастем, ки Паёми навбатии Раҳбари давлатро сармашқи кори худ қарор диҳем ва дар рушду нумуи кишвар, алалхусус дар баланд бардоштани сифати таҳсил саҳми худро гузорем. Ман аминам, ки иҷрои дастуру раҳнамоиҳои судманди Пешвои миллат мо, кормандони соҳаи маорифро барои расидан ба қуллаҳои тозаи созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят менамояд.

Ш. Р. Исрофилниё,
доктори илмҳои филологӣ, профессор

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj