• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Маколаҳо

НИГАРОНӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ БАЪЗЕ СОХТОРҲОИ ДОНИШГОҲ

Санаи 17-уми январи соли ҷорӣ дар толори калони бинои асосии донишгоҳ ҷаласаи васеи корӣ бо ширкати намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазир  Сайфиддин Давлатзода, аъзои Раёсати донишгоҳ, кормандони шуъбаи фосилавӣ, муовинони деканҳо ва методистони шуъбаи ғоибона баргузор гардид. Нахуст ректори донишгоҳ Носирҷон Салимӣ ҳадафи баргузории ҷаласаро тавзеҳ бахшида, пас аз муаррифии меҳмонон риштаи суханро ба эшон дод.

 


 

Ҷавонон ва рафъи хатари терроризму эктремизм

Тараққиёти босуръати ҷаҳон, инқилоб дар илму техника ва табаддулоти бозори ҷаҳонӣ аз ҳар як шахс ва дар маҷмӯъ, аз ҳар як миллат муносибат ва диди навро ба ҳаёт талаб дорад. Аз ин рӯ, барои ҳар як фарди ҷомеа лозим аст, ки ин муносибат ва дидро дар асоси талаботи замон, вале дар заминаи миллию таърихии хеш дарк, пазироӣ ва амалӣ гардонад. Дар замони рушди раванди ҷаҳонишавӣ танҳо тавассути нигоҳ доштани беҳтарин арзишҳои миллӣ, таърихӣ, эътиқодӣ ва корбасти онҳо дар заминаи навтарин дастовардҳои муносибати миллатҳо метавонад боиси ҳамқадами замон шудани ин ё он миллат гардад.

 

 


 

 

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ШИНОХТИ ИЛМИ ТОҶИК

Тоҷикистони соҳибистиқлол дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, рушди иқтисодӣ ва такомули муносибатҳои нави ҷамъиятӣ устуворона қадам мегузорад. Равандҳои ҷаҳонишавӣ ва пешрафти бесобиқаи илму технологияҳои нав дунёро фаро гирифтаанд ва имрӯз мафҳуми илму дониш ҳамчун маҳаки асосии рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа барои ҳамагон аҳамияти рӯзафзун пайдо мекунад.


 

 


 

Паёми Пешвои миллат – раҳнамои устодону донишҷӯён

Санаи 11-уми январи соли ҷорӣ дар толори калони бинои асосии донишгоҳ ҷаласаи васеи омӯзишию маърифатӣ оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо ширкати ҳайъати раёсати донишгоҳ, устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни шуъбаи ғоибона баргузор гардид.

 

 



Қ
утбнамои рушди иқтисодиёти мамлакат

 

Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки 26-уми декабри соли 2018 ироа гардид, бозгӯйи дастовардҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва рӯйдодҳои фараҳбахшу ободкориҳо буда, дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол сабт мегардад. Дар Паёми навбатӣ аз ҷониби Пешвои миллат тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат ва дурнамои рушди ҷомеа аниқ гардида, сиёсати хориҷии мамлакат, бахусус андешаҳо дар бораи нақши арзандаи ҷумҳурӣ доир ба ҳаллу фасли проблемаҳои муҳимтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҳалли масъалаи дастрасии аҳли башар бо оби тоза иброз карда шуданд.


 

Андешаҳо перомуни Паёми навбатии Пешвои миллат

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26-уми декабри соли 2018 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии ҳукумати кишвар баён гардиданд. Паёми навбатии Пешвои миллатро устодону кормандони донишгоҳ муташаккилона ба таври мустақим тамошо намуда, аз нуктаҳои асосӣ ва мазмуну муҳтавои он огоҳ гардиданд. Дар зер андешаву назари чанде аз устодони донишгоҳро дар ин хусус пешкаш менамоем.

 


 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj