КИТОБҲОИ ТОЗАНАШР |
РӮЙХАТИ КИТОБҲОИ ТОЗАНАШРИ ДОНИШГОҲ
Мунтахаби “Ёддоштҳо” Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи иборат аз 30 номгӯй асарҳои адибону нависандагони тоҷикро нашр намуда, барони хониши бадеии хонангдагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тавсия медиҳад. Мунтахаби “Ёддоштҳо” китоби аввалини ин силсила буда, дар он танҳо ҳамон порчаҳое интихоб гардидаанд, ки маҳз ба ҳаёти худи нависанда таалуқ доранд. Порчаҳо аз матни пурраи “Ёддоштҳо”, ки охирин бор соли 2009 аз ҷониби Сарредаксияи илмии энқиклопедияи миллии тоҷик нашр гардидааст, интихоб карда шудаанд.
Абулқосим Лоҳутӣ “Ватан кору хонаи ишқам” Дар адабиёти муосири тоҷик яке аз бузургтарин шоирон Абулқосим Лоҳутӣ мебошад. Ин шоири ширинсухан на танҳо бо ашъори ошиқонааш тавонист дили хонандаи тоҷикро тасхир кунад, балки дар иртибот ба Ватани наваш-Тоҷикистон ва ишқу муҳаббаташ ба он ончунон аз самими қалб шеър гуфту асар эҷод намуд, ки бемуҳобот метавон дар радифи устод Садриддин Айнӣ ӯро яке аз асосгузорони адабиёти тоҷик дар қарни 20 номид. Илова бар ин, ба хотири мақоми давлать касб намудани забони тоҷикӣ хеле заҳмат кашид ва дар Маскав аз манфиатҳои миллии тоҷикон ҳамеша ҳимоя мекард. Аз ҳамин сабаб, то имрӯз устод Абулқосим Лоҳутӣ яке аз маҳбубтарин шоирони форсизабон маҳсуб мегардад ва дар Тоҷикистон дар дилу дидаи мардум ҷо гирифтааст.
Таронаи ишқ Ашъори устод Мирзо Турсунзода тараннуми сулҳу дӯстӣ, мухаббат ба Ватан ва ишқу зебоист. Дар ҳар мисраи ашъори устод он қадр эҳсосу муҳаббат ва тарғибу ташвики ормонҳои накуи инсонӣ таҷассум ёфтааст, ки барои чандин насл кифоят мекунад, то дар рӯҳи инсондӯстӣ, рафоқату башардӯстӣ ва муҳаббат ба пайвандону Ватан ба воя бира- санд. Ин ашъори ҷовидонаи устод Турсунзода на танҳо муаррифгари фарҳангу тамаддуни қадима ва бесобиқаи тоҷик дар арсаи байналмилал мебошад, балки ҳамзамон ӯ тавонистааст ормонҳои миллии мардуми моро дар зардевори фарҳанги умумиинсонӣ сабт намояд.
Халқи худро шинос Дар китоб аз эҷодиёти нависанда ҳикояҳое гирд оварда шудаанд, ки баёнгари даврони кӯдакию навҷавонии нависанда, ранҷу машаққат ва душвориҳои роҳи омӯзиши илму маърифат, вазъи зиндагӣ ва ҳаёти сахти мардумони деҳаҳои тоҷикнишини Фарғона мебошанд. Ҳодиса ва воқеаҳо асосан ба солҳои 1916 1926 рост меоянд. Ҷараёни воқеа аз номи Собири хурдсол, ки гаҷассуми даврони кӯдакии нависанда мебошад, баён мегардад. Аз ҷумла, дар ҳикояи «Халқи худро шинос» Собир таассуроти худро аз суҳбати профессори рус Михаил Степанович Андреев. ки ба қавли худи нависанда нахустии бор «халқи худро шинос» карда буд, баён месозад. Хонанда аз мутолиаи ии ҳикояҳо сабақи зиндагӣ ва дарси хештаншиносию ватандори меомӯзад.
Ман гунаҳгорам Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ дар романи «Ман гунаҳгорам» масъулиятшиносии шахс дар назди ҷомеа. барои ҳар як қадами худ ҷавобгарӣ ҳис кардан, нисбаг ба рафтору кирдори хеш ҷиддӣ ва серталаб будан ва дигар масъалаҳои муҳимми ахлокиро мавриди баррасии амиқ қарор дода, ба василаи образҳои барҷаста ва хотирмон арзёбӣ намудааст. Сабки ҳикояпардозӣ дар асар ҷолиб буда, ҷаҳони ботинии персонажҳои мусбату манфӣ дар маркази тасвири нависандаи боистеъдод қарор гирифтааст. Хонандаи нуктасанҷ аз мутолиаи ин асар сабақи зиндагӣ, дарси ҳаёт ва хештаншиносӣ мегирад.
Аҷаб шаҳри дилорои Душанбе Дар китоби пешниҳодшаванда беҳтарин эҷодиёти бадеии дилангези Шоири халқии Тоҷикистон ва маҳбуби дили ҳамагон Бокӣ Раҳимзо- да гирд оварда шудаанд. Назми сеҳрангези шоир бозгӯкунандаи меҳру муҳаббати саршори ӯ ба Тоҷикистон ва мардуми он, табиати зебову нотакрори диёр аст, инчунин чандин шеър дар таранннуми ишки поки инсонӣ суруда шудаанд, ки хеле самимӣ ва зебо мебошанд. Дар китоб аз осори насрии, Раҳимзода чандин ҳикояҳои шавқовар низ оварда шудаанд, ки баёнгари истеъдоди хоссаи адиб дар ин соҳаи адабиёт мебошад.
Ҳикояҳо Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев дар адабиёти муосири тоҷик бо осори гаронмоя ва шевои худ мақому манзалати хос дорад. Дар ин китоб беҳтарин ва машҳуртарин ҳикояҳо ва қиссаи «Шоҳии япон»-и ӯ гирд оварда шудаанд.
Вафо Романи «Вафо» аввалин романи нависанда буда, ҷилди аввали он соли 1949 ва ҷилди дуюми он соли 1958 ба табъ расидааст, ки дар он ҷон- бозиҳои фарзандони халқи тоҷик ва дигар халқҳои шӯравӣ бар зидди фашизми Олмон, меҳнати фидокоронаи мардум дар ақибгоҳ тасвир шудааст. Роман соли 1977 дар солонаи Рӯзи ғалабаи халки советӣ бар фашизм сазовори мукофоти умумииттифоқии адабии ба номи Александр Фадеев гардидааст.
Тобистон Дар китоб асарҳои машҳуртарини нависанда - повестҳои «Ҷавонӣ» ва «Тобистон», инчунин ҳикояҳо, хотираҳо, ки аз камолоти истеъдоди фавқулодаи нависанда гувоҳӣ медиҳанд, гирд оварда шудаанд. Масъалаи асосии повести «Тобистон» масъалаи ахлоқ, тарбияи одами замони нав аст. Нависанда ин масъаларо ба воситаи маводи тарҷимаҳолӣ дар шароити душвору пурташвиши замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба миён гузошта, қудрат ва тавоноии ҳаётро дар ташаккули шахсияти инсон ва ҷаҳони маънавии ӯ нишон медиҳад. «Тобистон» ба чандин забонҳои хориҷӣ ва забонҳои халқҳои собиқ Шӯравӣ тарҷума ва нашр гардидааст.
Тоҷикистон-исми ман
Дар маҷмӯа беҳтарин шеърҳо ва достонҳои Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаҳои адабии давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Муъмин Қаноат гирд оварда шудааст.
Таърих гувоҳ аст Шеъри Лоиқ, ҳам оне, ки дар қолабҳои замонӣ ва ҳам оне, ки дар қолабҳои суннатӣ эҷод шудааст, дар маҷмӯъ суруди Инсони садаи бист мебошад. Инсоне, ки шоҳиди гардишҳои бузурги иҷтимоӣ, инсони замони кашфи кайҳон, замони рӯйи ниёз овар- дани инсоният ба Олами сағир - ҷаҳони инсон, ба арзишҳои умумибашарӣ, замони худогоҳию хештаншиносӣ буд. Инак, гулчине аз ашъори Лоиқ Шералӣ таҳти унвони “Таърих гувоҳ аст” чун дастагули пуртароват ва хушрангубӯ барои хонандагони нуктасанҷ ба ифтихори 30-солагии Исгиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш мегардад.
Овезгоҳи овез Ашъори Бозор Собир аз сарчашмаи софу зулоле бо исми Ватан маншаъ мегирад. Ҳар гард хоки диёр, ҳар қатраи чашмаи поки Ватан, ҳар сангу мазори Тоҷикистон барои ӯ азиз аст. Талош мекунад эҳсоси пок ва азизу накуи ватанпарстиро дар қалби хонандаи худ ҷо созад. Дар иртибот ба саҳфаҳои пурхуни таърих ва шаҳрҳои қадимаи тоҷикон бо дард мегӯяд, аз хандаи тифли нав бадунёомада ба ваҷд меояд, аз истқлолу ватандории имрӯзи тоҷик ифтихор мекунад.
Найшакар Ба маҷмӯаи мазкур силсилаи ашъори Шоири халкии Тоҷикистон Фарзона дар васфи Ватан ва бузургони миллат, дар ситоиши модар, силсилаи рубоиёту дубайтиҳо ва як даста шеърҳое, ки бори аввал ба чоп мерасанд, ворид шудаанд.
Хуҷаста Дар ин маҷмӯа шеърҳои тайи чанд соли охир эҷодкардаи муаллифи Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар гирд оварда шудаанд, ки ҳар яке саршори меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан ва миллати азиз мебошад. Умедворем, ки маҷмӯа писанди хонандагон қарор мегирад.
Се рӯзи як баҳор Романи “Се рӯзи як бахор’’-и Саттор Турсун давраи баркароршавии ҳукумати шӯроҳоро дар Бухорои Шарқӣ бо ҳама мушкилоту печидагиҳо ва муборизаҳои шадиду дастовардҳои мардуми заҳматкаш алаиҳи душманони миллат дар бар мегирад. Бо қалами нависандаи саршинос ҳаёти сангини коргару деҳқон дар шароиги мушкили баъдазинқилобӣ, муборизаҳои аъзои ҳукумати ҷавон алайҳи душманони синфӣ, олами бою рангин ва маънавияти волои персонажҳои мусбати асар моҳирона тасвир ёфтаанд. Тарзи нигориши ба худ хос ва интихоби вожаҳои ноби тоҷикӣ аз ҷониби нависандаи асар арзиши романро боло мебарад ва барои хонандаи имрӯз мутолиаи он аз манфиат холӣ нест ва илова бар он, барои андӯхтани дониш дар иртибот ба як бахши муҳимми таърихи миллат ёрӣ мерасонад.
Марзи мурод “Марзи мурод” гулчини ашъори Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллохи Рӯдакӣ Сайидалӣ Маъмур буда, он шеърхои солҳои гуногун офаридаи ӯро фаро гирифтааст. Меҳри Ватану модар, истиқлолияти кишвар, корнамоиҳои падарон, ёди айёми бачагиу ҷавонӣ аз мавзӯъҳои асосии шеърҳои маҷмуа мебошанд. Умедворем, ки аз сайри маънии марзи муроди шоир таассуроти нек мебардоред.
Насими сабзи меҳр Ашъори ин китоб аз силсилаи эхдо ба ҷашни 30-солагии Истиклолияти давлатии кишварамон мавзӯъҳоеро ба ҳам овардаанд, ки ҷавонон - хонандагону донишҷӯён баҳри таҳияи барномаҳои адабию фарҳангии хеш пайваста ба онҳо ниёз доранд. Шукри Ватани соҳибистиқлолу мардуми хушиқбол, Вахдату Истиқлолият, Баҳору Наврӯз, вафою сафои инсонӣ ва меҳру муҳаббати ҷавонӣ нуктаҳои меҳварии онанд.
Дунёи тақдир «Дунёи такдир» - гулчинест аз асарҳои насрии Муҳаммад Ғоиб. Муаллиф аз тариқи қиссаву ҳикояҳо ва очерку ҳаҷвияҳо талош намудааст псромони масоили муҳимми зиндагӣ ишқу муҳаббат, дарду ҳиҷрон, ҷавонмардиву ватанпарастӣ, накуиву зиштӣ, дустиву рафоқат ба хонандаи худ пайғом бифиристад, ки аз инсон ҷуз накуиву карам ва хубиву муҳаббат чизе боқӣ нахоҳад монд.
Махмали оҳ Китоби нави шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Камол Насрулло бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, инсонгариву некманишӣ, тараннуми ғояҳои баланди милливу башарӣ.амики андешаҳову мушоҳидаҳои шоирона, пажӯҳиши фалсафаи зиндагӣ ва ишки поки инсонӣ кайҳост, ки дар байни хонандагон маҳбубият пайдо кардааст. Шеърхои шоир дар сабкҳои суннатӣ ва модерн ба забони равон ва баёнхои рӯшан метавонанд бехтарин эҳсосот ва армонҳои инсониродар хонандагон ангезиш ва парвариш диҳанд ва саҳми боризи худро дар тарбияи маънавии ҷавонон ва насли наврас бигузоранд.
Гардиши девбод Бар зидди рӯйдодҳои зишт, ҷангу харобкорӣ танҳо инсонҳои баирода, далер, ватану миллатдӯст сина сипар карда, мардумро аз фоҷиаву бадбахтиҳо раҳонда, ба рӯзгори пурсаодат мерасонанд. Ҳадафи тасвири бадеии муборизаи қаҳрамонҳои романи Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад «Гардиши девбод» маҳз нишон додани роҳи сангини ҳифзи озодӣ, истиқлолият ва расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад.
Санам Повести “Санам” аз рӯзгори мардуми пойтахт, аз ҷумла донишҷӯе ҳикоят мекунад, ки дар замони нобасомониҳои солҳои 90- ум дар пойтахт ба сар мебарад ва бо пушти сар кардани мушкилоти молӣ боз ба мушкилиҳое мепечад, ки ҳаллу фасл намудани онҳо барояш ғайриимкон менамояд. Муаллиф бо тарзи нигориши ба худ хос талош варзидааст пиромуни мавзӯъҳои муҳим ва печидаи зиндагӣ назари худро иброз дорад. Дар китоб инчунин чанд қиссаву ҳикояҳои ҷолиби адиб гирд оварда шудаанд.
Бурротар зи теғ “Бурротар зи теғ” дар маҷмӯъ, повесту нигоштаҳоеро дар бар мегирад, ки аз таърихи печида ва пурхуни миллати тоҷик қисса мекунанд. Мутолиаи ин китоб на танҳо хонандаро бо саҳфаҳои талху вазнини ҳаёти аҳли илм ва адаб ва мардуми кишоварз дар қарнҳои вусто ва замони муосир шинос мекунад, балки таҳрик медиҳад, ки таърихи миллати худро жарфтар омӯзад ва аз ин тариқ ба худшиносӣ раҳ ёбад. Роҳи ягонаи берун рафтан аз буҳрони маърифатиро муаллиф дар пажӯҳиши илм ва мутолиа медонад ва ба хонандаи худ итминон медиҳад, ки танҳо дониш метавонад роҳи инсонро мунаввар созад ва ӯро ба бахту муҳаббати воқеӣ бирасонад.
Вақти гули бобуна “Вақти гули Бобуна” гулчини ҳикояҳои нависандаи шинохта. Ва мисли ҳамеша ин ҳикояҳо ба тавре нигошта шудаанд, ки аз сатри аввал хонандаро аз пайи худ мебаранд ба кӯчаву хамҳои деҳа ва дунёи аҷибу ғариби ҳаводис. Ва он ҳам ҳаводисе, ки ба таври хеле рангину зебо нигошта шудаанд ва пайваста дили хонандаро ба такопӯ меандозанд, зеро анҷоми ҳикояҳо пешгӯишаванда нестанд ва ҳамеша бо рӯъё бастабандӣ шудаанд. Агар хонанда дар ибтидо анҷоми ҳикояро дунбола кунад, баъд аз мутолиа муддате таассуф мехӯрад, ки чунин ҳикояи зебову пуррӯъё тамом шуд ва ӯ бояд дигарбора ба дунёи воқей баргардад, ба оламе, ки чун дунёи Баҳманёр рангину пурҳаводис ва ношинохтаву ҷолиб нест.
Синои меҳр Дар ин китоб мунтахабе аз ашъор ва достоиҳои Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсори Сафӣ дарҷ ва ба хонандагон пешкаш гардидааст. Ин осори манзум ҳосили фаъолияти эҷодии ин шоири маҳбубу маъруфи тоҷик аз оғози фаъолияти эҷодии ӯ то имрӯзҳост, ки саршор аз маонӣ, рӯҳиёт ва эҳсосоти ватандӯстона мебошанд. Бисёре аз ин ашъор матни сурудҳои машҳури тоҷикиро низ ташкил додааст. Бо эътимод метавон гуфт, ки маҷмӯаи ашъори дилангези «Санои меҳр» дар тарбияи завқи адабӣ, маънавӣ, рӯҳияи ватандустӣ ва худшиносии миллии хонандагон нақши дурахшон хоҳад дошт.
Савори аспи сафед Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷи- кистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Кароматуллоҳи Мирзо, ки азрӯи повесту роман, ҳикояҳояш филмҳои «Дар орзуи падар», «Марги бегуноҳ», «Нишони зиндагӣ», «Дарди ишқ» ва «Меҳри модар» офарида шу- даанд. мухлисон ва хонандагони зиёде пайдо намудааст. Дар ин китоб, дар баробари повести тарҷумаҳолии ӯ «Ситораҳои паси абр», як силсила ҳикояҳо, эссе, хотираҳо аз лаҳзаҳои зиндагии ҳамқаламон ва устодон ҷой дода шудаанд, ки ҷолибу хонданбоб буда, умед аст ба хонандагон писанд хоҳанд омад.
Ситораи раҳнамо Маҷмӯаи ашъори Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ Раҳмат Назрӣ аз андешаҳои волои ватандорӣ ва инсонпарварӣ саршор аст. Дар он шеърҳои созгоре гирдоварӣ шудаанд, ки ба рӯҳу равони ҷавонон тавони тоза мебахшанд. Умедворем, ки маҷмӯа писанди хонандагон қарор мегирад.
Тазкираи мухтасари назми муосири тоҷик Ин маҷмӯаро метавон ҳамчун китоби иловагии хониши адабии шогирдони муассисаҳои миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ муаррифӣ кард. Он намунаҳои ашъори шоирони машҳури муосири тоҷикро фароҳам овардааст ва умед аст, ки барои васеътару амиқтар шудани тасаввуроти хонандагони ҷавон оид ба адибону адабиёт ва тарбияи завқи бадеияшон муфид хоҳад буд. Аз он сабаб «Тазкираи мухтасар» унвон гирифт, ки бинобар тангии имкону майдон басо фишурда таҳия гардид, вагарна метавон ҳам аз шоирони муаррифишуда боз пораҳои зиёди хонданӣ пешкаш намуд ва ҳам намунаҳои эҷоди шоирони зиёди дигарро бар он афзуд. Умедворем, ки ин кор дар оянда сурат хоҳад гирифт ва доираи ошноии хонандагони ҷавон бо шеъри муосир тавсиаву тааммуқ хоҳад ёфт.
Тазкираи мухтасари назми муосири тоҷик Дар "Тазкираи мухтасари насри муосири тоҷик" беҳтарин намунаҳои насрӣ аз эҷодиёти С.Айнӣ сар карда то нависандагони муосир гирд оварда шудаанд, ки ҳам барои хонандагон ва ҳам барои калонсолон бисёр ҷолиб ва шавқоваранд. Хонандагон аз мутолиаи онҳо на танҳо завқи бадеӣ мебаранд, инчунин аз ҳаёту фаъолияти беҳтарин қаламкашони адабиёти муосири тоҷик маълумоти мухтасар пайдо мекунанд.
Тазкираи мухтасари назми муосири тоҷик "Тазкираи мухтасар"-ро метавон китобе унвон кард, ки дар шароити феълӣ ҷиҳати омӯзиши адабиёти кӯдакона метавонад нақши хеле мухим дошта бошад. Зеро дар ин ду ҷилд (назм ва наср) беҳтарин намунахои адабиёти муосири тоҷик ва маълумоти кофию басанда дар иртибот ба шоирону нависандагон гирд оварда шудааст. Бо назм сар шудани “Тазкираи мухтасар” низ тасодуфӣ нест, зеро шеър дар дунёи рангину зебои онхо мавқеи хосса дорад ва олами ҷолибу пурруъёи бачаҳоро бе он тасаввур кардан ғайриимкон аст. Шеъру мусикӣ чузъи муҳими ҳаёти кӯдакон буда, дар шаклгирии завқи зебоишиносӣ ва инсоншиносии онҳо таъсири амиқ доранд. Қисмати дувум насрро дар бар мегирад. Шинос шудан бо ҳаёту фаъолияти беҳтарин қаламкашони адабиёти муосир метавонад дар андешаи бачаҳо тағйиротеро ворид кунад, ки ҷуз донишандӯзӣ ва рафтори накуву хамида нест. “Тазкираи мухтасар” шабеҳи меваи ширини Истиқлол аст ва насимеро мемонад, ки бар тану рӯҳи насли нави он сафо мебахшад.
Тазкираи мухтасари назми муосири тоҷик Дар “Тазкираи мухтасари насри муосири бачаҳо” беҳтарин намунаҳои насри кӯдакона аз эҷодиёти С.Айнӣ сар карда то нависандагони муосир гирд оварда шудаанд. Ҳамаи ҳикояҳо ва порчаҳои интихобгардида барои хонандагони хурдсол бисёр ҳам ҷолибу шавқоваранд. Хонандагон аз мутолиаи онҳо на танҳо завқи бадеӣ мебаранд, инчунин аз ҳаёту фаъолияти беҳтарин қаламкашони адабиёти муосир маълумоти мухтасар пайдо мекунанд.
Пажӯҳише арзишманд дар бораи фарҳанги мардум Адабиёти шифоҳӣ ё фолклор як бахши муҳимми адабиёти ҳар миллат аст. Бо ҳамаи таваҷҷуҳи ниҳодҳои илмӣ дар гузашта ва имрӯз ва корҳои анҷомшуда аз тарафи муҳаққиқони фолклорпажӯҳ адабиёти шифоҳӣ дар муҳити донишгоҳӣ ва академии мо ба таври боиста ва шоиста ҷойгоҳи арзишманд ва аҳаммияти волои худро наёфтааст. Ин ганҷинаи бениҳояти миллати шарифи мо ба худи мардум ва ба вижа ҷавонон ба хубӣ ва дақиқ нишон дода нашудааст ва то ҷое номакшуф боқӣ мондааст. Бо ин вуҷуд, афроде ҳастанд, ки ба арзиши бемонанди ин ганҷи шойгони миллати бостонии мо пай бурдаанд ва барои кашфу дар ихтиёри дигарон қарор додани марворидҳо ва садафҳои ин дарёи каронанопадид саъй ва талош мекунанд. Устод Саъдӣ Қосимӣ аз зумраи ҳамон ошиқони тадқиқ ва бознамоии гавҳарҳои адабиёти шифоҳии миллати тоҷик ҳастанд ва ба фарҳанги мардум ва адабиёти шифоҳӣ ишқу алоқаи зиёд доранд. Китоби тозанашри эшон зери унвони “Мулоҳизаҳо андар боби адабиёти шифоҳӣ ва хаттӣ” (Душанбе: “Ирфон”, 2020) дар 396 саҳифа гоми устувор ва нигоҳи тоза доир ба масъалаҳои адабиёт, ба вижа адабиёти шифоҳӣ аст. Китоб аз чаҳор фасл иборат аст. Дар фасли аввали китоб, ки “Андар боби адабиёти шифоҳӣ” ном гирифтааст, мулоҳизаҳои олимона ва мӯшикофонаи Саъдӣ Қосимиро дар мавриди латифаҳои маҳаллӣ, маросимҳои мардумӣ, аҳаммият ва ҷойгоҳи Наврӯз ва расму ойини марбут ба он дар гузашта ва имрӯзи миллати тоҷик ва дигар ақвоми эронинажод, тақвимҳо ва солшумориҳои аҷдодӣ ва мардумӣ, рӯзи зан ва модар дар фарҳанги ориёӣ ва ғайра мехонем. Ҳамчунин, дар ин бахш ба ҷойгоҳ ва нақшу таъсири адабиёти шифоҳӣ дар осори Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва Маликушшуаро Рӯдакӣ бо намунаҳо ва мисолҳои фаровон пардохта шудааст. Дар мақолаи дигари ин фасл чеҳраи шоири шаҳири тоҷик Мирзо Турсунзода ҳамчун фолклоршинос ва ошиқи адабиёти шифоҳӣ таҳлил ва тасвир шудааст. Дар ин бахши китоб ду мавзӯъ бисёр барҷаста ба назар мерасад: яке Наврӯз ва дигаре тақвимҳои миллӣ ва солшумориҳо. Бо нигоҳи дақиқтар мешавад фаҳмид, ки миёни ин ду мавзӯъ иртиботи қавие пойбарҷост, яъне ҷашни миллии Наврӯз дар тӯли таърих барои мардуми мо оғози солшуморӣ будааст ва Соли нави мо аз Наврӯз шурӯъ мешудааст. Фақат баъд аз тасарруфи сарзамини мо аз ҷониби русҳо тақвими мелодии баргирифта ба ойини масеҳият тақвими расмӣ мегардад. Дар мавриди ин мавзӯъ муаллиф менависад: “Дар охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта базъе аз фарҳангиёни тоҷик кӯшиши зинда намудани солшумории миллиро намудаанд ва корҳои неке карда шуд, то эҳёи он сурат бигирад. Вале ҳаводиси машъуми ҷумҳурӣ пеши ин гуна навсозиро баст. Имрӯз замоне фаро расидааст, ки мо ба асли хеш баргардем ва риштаҳои гусастаро пайванд созем. Он рӯз дур нест, ки ҳақ ба ҷояш қарор гирад”(с.67-68). Ҳамчунин, 11 матлаби ин фасл ба ҷашни Наврӯз ва ойинҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ноҳияи Дарвоз бахшида шудааст. Ба назар мерасад, дар мавриди мавзӯъҳое мисли Наврӯз сухан ҳарчӣ зиёдтар бошад, хастакунанда ва такрорӣ нест. Чун аз як тараф ба моҳият ва асолати ин ҷашн бештар пай мебарем ва аз тарафи дигар рамзи ҷовидонагии ин ҷашн барои мо нокушода боқӣ мемонад. Мисли ҳадиси “ишқ”, ки ҳазорон сол дар саросари гетӣ ба ҳазорон лаҳну забон дар мавриди он гуфта мешавад, аммо ҳамчунон барои абнои башар ин мавзӯъ тозаву тар аст. Бахшҳои дигари китоб “Андар боби адабиёти хаттӣ”, “Андар боби масоили забон”, “Андар боби шинохти чеҳраҳо”, “Анҷоми сухан” аст. Дар мақолаи нахустини фасли дувум, ки ба адабиёти хаттӣ бахшида шудааст, эҳтиром ва ихлоси бениҳояти муаллифро ба устоди шинохтаи адабиёти тоҷик Салом Нуриёни Баравнӣ мебинем. Инчунин, ҳамин гуна муҳаббат ва самимиятро дар мақолаи дигаре, ки ба баррасии китоби “Савти Аҷам” бахшида шудааст, нисбат ба устод ва пажӯҳишгари шинохта Худоӣ Шариф дида мешавад. Дар мақолаи “Забони хома то дам мезанад...” бо шоири мардумие аз диёри Дарвоз Баҳрини Дарвозӣ ошно мешавем, ки табъи бисёр латиф ва ашъори рангин доштааст. Дар идомаи ин фасл ашъори шоирон Салом Нуриёни Баравнӣ, Абдураҳмон Сулаймонӣ ва Саидҷалол Каримзода мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтааст. Дар бахши дигаре, ки марбут ба забон аст, бо бархе вижагиҳои забонии эпоси “Гурӯғлӣ” ва ибораҳои рехтаи лаҳҷаи мардуми Дарвоз ошно мешавем. Фасли охири ин китоб як навъ меҳрномаи муаллиф ба чеҳраҳои шинохтаи илму маорифи кишвар, мисли устодон Наҷмӣ Сайфиев, Саидбой Шербоев, Саидраҳмон Саидов ва дигарон аст. Дар ҳамин бахши китоб меҳрномаи муаллифро нисбат ба падарашон мехонем, ки бисёр самимона ва бо муҳаббати зиёд нигошта шудааст. Дар поён ба устоди гиромӣ тандурустӣ ва иқболу саодатмандӣ мехоҳем ва дар кори пажӯҳишҳои илмию эҷодиашон комёбиҳои беназир орзумандем.
Ҷобир Мардонзода, Хуршед Эҳсон, кормандони шуъбаи табъу нашри ДДОТ ба номи С. Айнӣ
Номи китоб: Табиат-гаҳвораи инсон
Номи китоб: Маводи конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Аҳмади Дониш дар саргаҳи гузариш аз донишҳои таърихӣ ба илм”
Дар маҷмӯаи мазкур маърӯзаҳои конфронси илмӣ – назариявии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Аҳмади Дониш дар саргаҳи гузариш аз донишҳои таърихӣ ба илм”, ки санаи 20-уми декабри соли 2017 дар ДДОТ ба номи С.Айнӣ баргузор гардид, ҷой дода шудаанд. Мавод барои муҳаққиқон, омӯзгорону донишҷӯёни макотиби олии кишвар ва доираи васеи хонандагону ҳавасмандони таърихи кишвар пешкаш мегардад.
Номи китоб: Олегофренопедагогикаи умумӣ ва томактабӣ
Номи китоб: Машъалафрӯз
Дастури таълимӣ барои навомӯзон ва донишҷӯёни гурӯҳҳои туркмании макотиби олӣ пешбинӣ шудааст. Китоб аз се фасл иборат буда, фасли аввал фарогирии бахшҳои савтиёт ва имло, нутқи шифоҳӣ, хониши матнҳо, нутқи хаттӣ ва ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ мебошад. Фасли дуюм матнҳои ҷолиб дар мавриди забону фарҳанг ва сарватҳои маънавии тоҷиконро дар бар гирифта, фасли сеюм аз луғати фонетикӣ, грамматикӣ ва луғати мухтарасари муҳовара таркиб ёфтааст.
Номи китоб: Сотсиология
Номи китоб: Калила ва Димна
Номи китоб: Таърихнигории давраи нави мамлакатҳои
Китоби мазкур таърихнигории давраи нави мамолики пешбари Ғарбро дар бар мегирад. Дар он давраҳои асосии таърихнигорӣ, фаъолияти илмии муҳаққиқону муаррихони забардасти Ғарб, макотибу равияҳои мухталифи таърихнигорӣ ва назарияву консепсияҳои асосии таърихнигории замони нави давлатҳои пешбари Ғарб инъикос ёфтааст. Китоб барои омӯзгорону донишҷӯёни факултетҳои таърихи мактабҳои олӣ ва доираи васеи шавқмандони таърихнигории таърихи умумӣ пешкаш мегардад.
Номи китоб: Табли озодӣ дар аҳди бедодӣ
Номи китоб: Асосҳои давлат ва ҳуқуқ
Номи китоб: Психология. Муқаддимаи ихтисоси психолог
Номи китоб: Корҳои беруназсинфӣ аз биология
Номи китоб: Сухан ва суханварон
Номи китоб: Геометрияи аналитикӣ
Номи китоб: Андар шинохти тоҷикон
Номи китоб: Андар шинохти тоҷикон
Номи китоб: Таърихи адабиёти тоҷик Ин асар ба сифати китоби таълимии таърихи адабиёти тоҷик аз аҳди қадим то оғози асри ХIII пешниҳод шудааст. Мундариҷаи он баҳси осори мактуб ва адабии замони қадим то охири аҳди Сосониён, ҷараёни пайдоиши анвои адабӣ ва шинохти илмии имрӯзаи онҳо тибқи маводи то давраи ислом, мавзӯъҳои марбут ба зуҳур, такомул ва таҳаввули адабиёт ба забони порсии дариро, ки фарогири масъалаҳои авзои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, адабӣ, ривоҷи адабиёт дар давраҳои гуногуни таърихӣ, ҳавза ва доираҳои адабӣ, намояндагони бузурги илму дониши замон, намояндагони бузурги адабиёт дар давраҳои таърихӣ, ҷараёни тасаввуф ва таъсири он ба адабиёт, намояндагони адабиёти тасаввуфӣ ва вазъи таърихи наср мебошад, дар бар мегирад. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ, омӯзишгоҳҳо, омӯзгорони фанни адабиёт ва сойири алоқамандон пешниҳод мешавад.
Номи китоб: Асосҳои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ
Китоби дарсии "Асосҳои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ " дар асоси Барномаи омода намудан ва омӯзонидани донишҷӯёни мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ омода гардидааст.
Китоби дарсӣ бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми ҶТ аз 27-уми декабри соли 2017, №11/14 ба чоп тавсия шудааст.
Номи китоб: Матншиносӣ
Номи китоб: Нусратулло Махсум
Номи китоб: Мирзо Турсунзода
Номи китоб: Шириншоҳ Шоҳтемур
Номи китоб: Садриддин Айнӣ Муаллифон: Радий Фиш, Раҳим Ҳошим
Номи китоб: Бобоҷон Ғафуров
Номи китоб: Эмомалӣ Раҳмон
Номи китоб: Нақши устод Лоиқ дар рушди забони миллӣ Ҷой ва соли нашр: Душанбе: ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2019. Конфренсияи илмӣ - амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши устод Лоиқ дар рушди забони миллӣ», чанде пеш баргузор гардида буд. Маводи конфронс дар матбааи ДДОТ ба номи С. Айнӣ рӯи чоп омад. Дар он мақолаҳои профессорон Нӯъмонҷон Ғаффорӣ «Бозтоби ормонҳои миллӣ дар осори устод Лоиқ», Ҳайдаршо Пирумшо «Назму низоми таърих дар набзи шеъри Лоиқ», Абдунабӣ Сатторзода «Лоиқ ва шеъри ҳолат» ва Саидмуроди Хоҷазод «Забон ва Ватан ду рукни умда дар осори Лоиқ» ҷанбаҳои худшиносиву худогоҳии миллиро дар осори Лоиқ фароҳам оварда шуданд. Махсусиятҳои забони осори устод Лоиқ ва нақши он дар рушди забони тоҷикӣ, таҳаввули жанри дубайтӣ дар ашъори ӯ, таъсири осори классикон ба эҷодиёти устод Лоиқ ва пажӯҳиши ҷанбаҳои дигари ашъори устоди сухан меҳвари аслии маҷмӯаро ташкил медиҳад. Маҷмӯа барои пажӯҳишгарони осори шоир, устодони донишгоҳҳо, унвонҷӯёну донишҷӯён ва ҳаводорони ашъори устод Лоиқ пешбинӣ шудааст.
Номи Китоб: Аз таърихи ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии халқи тоҷик Муаллифон: Умед Ҳамидов Ҷой ва соли нашр: Душанбе: Ирфон, 2019. - 80 с. Матолиби китоб асосан натоиҷи таҳқиқоти илман амиқи муаллифро атрофи қазияи мароҳили таърихии рушдугустариши дастовардҳои ҳуқуқии ҳалқи тоҷик ва ҳам мутаносибан муваффақияти онҳоро дар самти пешбурди таърихии коритарбияи ҳуқуқӣ дар бар гирифта, бо ҷолибияти мазмуни худ имкон фароҳам овардааст, то хонанда андар боби қазияи мазкурмаълумоти муфассалу хостанӣ ба даст орад.Барои мутолиа ба олимону пажӯҳишгарон ва мутахассисини соҳаҳои таърих, ҳуқуқшиносӣ, педагогика, сотсиология, инчунин куллидӯстдорони нақлҳо аз рӯйдодҳои таърихӣ ва доираи васеи хонандагон пешниҳод шудааст.
Номи китоб: Международные стандарты финансовый отчетности Муаллиф: М. У. Бобоев Ҷой ва соли нашр: Душанбе: "Ирфон", 2018. – 384саҳ.
Для студентов экономических специальностей вузов, аспирантов и магистрантов, преподователей, слушателей системы подготовки и повышения квалификации, руководителей и бухгалтеров предприятий, аудиторов.
Номи китоб: Проблемаҳои муосири математика ва тайёрии касбӣ-методии омӯзгори математика дар мактаби олии педагогӣ Муаллиф: Қ. Норов Ҷой ва соли нашр: Душанбе: ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2018. – 206саҳ.
Проблемаҳои муосири математика ва тайёрии касбӣ-методии омӯзгори математика дар мактаби олии педагогӣ.
Номи китоб: Эффективность использования земельными ресурсамив регионе Муаллиф(он): Зиёев Б., Шодии Д. Ҷой ва соли нашр: Душанбе: "Дониш", 2018. – 157 саҳ.
Монография предназначена для специалистов, занимающихся вопросам устойчивого использования ресурсов, работников управления развитием селького хозяйства, а также для аспирантов соискателей соответсвующих специальностей.
Номи китоб: Кимиёи каллоидӣ Муаллиф(он): Б. Назирмадов Ҷой ва соли нашр: Душанбе:, "Полиграф-групп" 2018. – 353саҳ
Китоб дар асоси барномаи таълими кимиёи каллоидӣ таҳия гардидааст, ки иборат аз чордаҳ фасл мебошад. Аз китоб донишҷӯёни ихтисосҳои кимиё, биология, тиб, геология, кишоварзӣ ва алоқамандон метавонанд ба таври васеъ истифода кунанд.
Номи китоб: Маърифати молиявӣ Муаллиф(он): Ш. Қодиров Б. Ҷӯраев Ҷой ва соли нашр: Душанбе: , "Иқтисод ва маъориф" 2018. – 111саҳ.
Китоби мазкур бо дастгирии молявии шуъбаи Ташкилоти байналмилалии институти "Ҷамъияти Кушода"-Бунёди Мадад дар Тоҷикистон таҳия ва нашр шудааст.
Номи китоб: Лексикологияи забони англисӣ Муаллиф(он): Ш. Каримов Ҷой ва соли нашр: Душанбе: , "ДДОТ ба носи С. Айнӣ" 2018. – 276саҳ.
Истифодаи маводи мазкур имконият медиҳад, ки ҳаводорони фан соҳиби дониши назариявӣ, малакаҳои тахассусӣ ва ба як қатор салоҳиятҳои касбӣ ноил гарданд.
Номи китоб: Комплекси таълимию методӣ аз фанни "Ҳалли масъалаҳои матнӣ" Муаллиф(он): М. Махкамов, Раҳмонов Ш. Ҷой ва соли нашр: Душанбе: , "ДСРТ" 2018. – 100саҳ
Номи китоб: Мудофиаи гражданӣ ва ҳимоя аз ҳолатҳои фавқулода Муаллиф(он): Ш.Асомиддинов, Т. Намозов Ҷой ва соли нашр: Душанбе: ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2018,332 саҳ.
Маҷмуаи таълимӣ-методии фанни “Мудофиаи гражданӣ” ҳамчун маводи ёрирасон барои омӯзгорон ва донишҷӯёни тамоми ихтисосҳои факултетҳои донишгоҳ ва муассисаҳои таҳсилоти олиикасбии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст. Дар маҷмуаи таълимию методӣ тамоми самтҳои низоми кредитӣ ба инобат гирифта шудааст. Ин маҷмуа ба омӯзгорон ва донишҷӯён имконият медиҳад,ки сатҳи донишу малакаи онҳо оиди ҳифз намудани худ ва аҳолиро дар шакли назариявӣ ва амалӣ бо истифода аз усулҳои фаъоли таълимӣ баланд бардоранд ва такмил диҳанд. Дар маҷмуаи таълимӣ-методӣ муҳтавои матни лексия, саволу супоришҳои машғулиятҳои амалӣ КМДРО ва КМД, истилоҳи луғатҳои сиёсӣ, схемаҳо марбут ба мавзӯъҳо ва феҳристи адабиётҳо низ ҷой дода шудааст, ки барои ба пуррагӣ фаро гирифтани маводи таълимии фан мусоидат менамояд.
Номи китоб: Назарияи иқтисод ва пешрафти ҷомеа Муаллиф(он): Азизов Ш., Расулов Ғ. Ҷой ва соли нашр: Душанбе: ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2018, 256саҳ.
Дар маҷмуа маълумоти мухтасари кафедра, фаъолияти устодон, дастовардҳо ва мақолаҳои илмию методи олимони ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва дигар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ гирд оварда шудааст ва ин ҳадяи маънавиест барои соҳаи илм.
Номи китоб: Маҷмуаи таълимию методӣ аз фанни "интеллекти сунъӣ" Муаллиф(он): Қаҳрамон Шарипов Ҷой ва соли нашр: Душанбе: ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2018, 112саҳ.
Номи китоб: Баҳс ва таҳқиқи арӯз Муаллиф(он): Парвиз Нотили Хонларӣ Ҷой ва соли нашр: Душанбе: ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2018, 298саҳ.
"Баҳс ва таҳқиқи арӯз" асари машҳури Парвиз Нотили Хонларӣ буда, дар бобати пайдоиш, нуқсон ва нозукиҳои илми арӯз нигошта шудааст. Китоб ба донишҷӯёни риштаи филологияи тоҷики макотиби олӣ ва алоқамандони шеъру шоирӣ тавсия мешавад.
Номи китоб: Қоидаҳои гӯштингирӣ Муаллиф(он): Намозов Т., Гадоев М., Султонов К. Ҷой ва соли нашр: Душанбе: ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2018, 100саҳ.
Дар китоби мазкур муаллифон оид ба таърих, навъҳои гӯштингирӣ ва истифодаи усулҳои гуногун ҳайати доварон, баҳодиҳӣ ба амалҳои варзишгарон маълумот овардааст.
Номи китоб: Муҳаббатномаи маънӣ Муаллиф(он): Мақсуди Маънӣ Ҷой ва соли нашр: Душанбе: "ЭР-граф", 2018, 52саҳ.
Дар ин китоб шеърҳо бо забони тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва тарҷума аз забони тоҷикӣ ба забони ӯзбекӣ, ки зебогиҳои диёр меҳри Ватан-Модар ва ишқи беолоишу покии ҷавониро таҷассум мекунанд, ҷой дода шудааст.
Номи китоб: Растаниҳои дорувории Тоҷикистон Муаллиф(он): Ҷ. Сафаров Ҷой ва соли нашр: Душанбе: 2019, 250саҳ.
Дар ин китоб дар бораи 102 намуди гиёҳҳои шифобахши табиӣ, меваю сабзавот, полезиҳои ҷумҳурӣ кишт мешудагӣ, мавзеи сабзиш,қисматҳои дармонбахшӣ тарзи тайёр кардани доруворӣ ва истифодаи онҳо маълумот медиҳад.
Номи китоб: Ҷавонон ва амнияти иттилоотӣ Муаллиф(он): Ҷ. Маҷидзода, А. Холиқзода, Р. Одиназода Ҷой ва соли нашр: Душанбе: Маориф 2019, 240саҳ.
Мавзӯи барраси шавандаи китоб бо истифода аз афкори пешқадами мутафаккирони пешин, мавзӯи санадҳои меёрии ҳуқуқии баналмилалӣ ва ватанӣ кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ курсандону шунавандагони муассисаҳои олии таълимӣ ва миёнаи махсуси мақомоти қудратӣ пешкаш мешавад.
Номи китоб: Аҷоиботи таърих Муаллиф(он): Ҷумаев Мурод Ҷой ва соли нашр: Душанбе: 2019, 60 саҳ. Дар маводи мазкур воқеоти гуногуни таърихи халқи тоҷик дар шаклҳои гунонгуни саволу ҷавоб, маълумотҳо ва викторина мураттаб гардида ба ҳамаи соҳаи илм пешкаш карда мешавад.
Номи китоб: Ташкил ва гузаронидани корҳои беруназсинфӣ дар синфҳои ибтидоӣ Муаллиф(он): Бадалова М., М. Қаҳҳоров, М. Мамадносирова Ҷой ва соли нашр: Душанбе: Ирфон 2019, 155саҳ. Дар китоби дарсии "Ташкил ва гузаронидани корҳои беруназсинфӣ дар синфҳои ибтидоӣ" маълумот оид ба корҳи беруназсинфӣ, ки воситаи муҳими таълим, тарбия ва инкишофи хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва ғайра оварда шудааст.
Номи китоб: История Древней Греци Муаллиф(он): А. Валиев, Т. Наджимуддинов Ҷой ва соли нашр: Душанбе: 2019, 207стр. В ученом пособии рассматриваются история возниковения цивилизации в Греции слложения и развития, греческих государств на Балканском полуострове, превращения патриархального рабства в классическое рабство. Учебное пособие предназначено для студентов и преподавателей исторических факультетов.
Номи китоб: Инициатива лидера нации-импульс к развитию туризма и народных ремесел Муаллиф(он): Авторский коллектив Ҷой ва соли нашр: Душанбе: "Контраст" 2019, 280 стр. Президент Республики Таджикистан, уважаемый Эмомали Рахмон в своум Послании Парламенту страны от 22 декабря 2017 года, с целью развития туризма, достойного представления туристических возможностей страны и национальной культуры на международной арене, а также привлечения инвестций в туристическую инфраструктуру объявил 2018 год- Годов развития туризма и народных ремесел. Сборник адресовани учёным, специалистом, аспирантам, магистрантам студентам гостиям и туристам Таджикистана.
Номи китоб: Мухтасари зиндагиномаи Шамси Табрезӣ бо замимаи гулчине аз гулшани "Мақолоти Шамс" Муаллиф(он): Щасани Султон Ҷой ва соли нашр: Душанбе: "Эр-Граф"2019, 152саҳ. Дар ин китоб дар бораи зиндагию рӯзгори ибратомӯзи Шамси Табрезӣ ва чигунагии бархурду муносибати ӯ бо Ҷалолиддини Румӣ дар заминаи сурудаҳои ширину дилангези худи Мавлоно маълумоти муфид дода шудааст. Китоби мазкур барои истифодаи доираи васеи хонандагон тавсия мешавад.
Номи китоб: Методҳои ҳалли муодилаҳои тригонометрӣ Муаллиф(он): М. Махкамов Ҷой ва соли нашр: Душанбе: Маорив 2019, 152 саҳ. Ин дастурӣ таълиммӣ ба омӯхтани тарзҳои ҳалли муодилаҳои тригонометрӣ ёрии амалӣ расонида, айни ҳол маводи онро дар машғулиятҳои ҷамъбастӣ истифода кардан мумкин аст. Аз ин дастур соҳаи илм баҳра хоҳад гирифт.
Номи китоб: Асрори ададҳо Муаллиф(он): М. Махкамов, К. Бойматов Ҷой ва соли нашр: Душанбе: Маориф 2019, 252 саҳ. Китоб барои ташкил ва гузаронидани корҳои беруназдарсӣ, ҳфтаҳои математики ёрӣ расонида метавонад. Китоб барои дӯстдорони математика тавсия карда мешавад
Номи китоб: Комплекси таълимию методӣ аз фанни методҳои ҳалли масъалаҳои математикӣ Муаллиф(он): М. Махкамов Ҷой ва соли нашр: Душанбе: "ДСРТ" 2019, 280саҳ.
Номи китоб: Як қадам роҳ то Бухоро Муаллиф(он): Амирҳамзаи Ҳоҷӣ Сайидолим Ҷой ва соли нашр: Душанбе: Маориф 2019, 252 саҳ. Сафарномаи як "Як қадам роҳ то Бухоро" бозгӯ аз муносибатҳои ҳасанаи ҶТ ва Ӯзбекистон буда, хонандагонро ба сайри таърихии фарҳангу тамаддуни муштараки халқҳои тоҷику ӯзбек ошно месозад.
Номи китоб: Дисциплины общая психология Муаллиф(он): Абдуллоева Р., Ш. Тожибаев Маматова А. Ҷой ва соли нашр: Душанбе: Маориф 2019, 252 саҳ. Данный материал также может представлять интирес для всех читателей, интересующихся вопросами общей психологии.
Номи китоб: Пособие для занятий по русскому языку Муаллиф(он): С. Кувватова Ҷой ва соли нашр: Душанбе: ТГПУ им. С. Айни 2019, 285 саҳ. Данное учебное пособие знакомит с асновыми орфоэпическими, грамматическими и лексическими нормами современного русского языка и предлагает систему текстов, диалогов и заданий, спсобствующих их усвоению
Номи китоб: Асосҳои нақшакашии техникӣ Муаллиф(он): Х. Х. Абдиев Ҷой ва соли нашр: Душанбе: 2019, 252 саҳ. Дар ин китоб асосҳои нақшакашии геометрӣ ва техникӣ баён шудаанд. Инчунин маълумотҳои умумӣ ва қоидаҳои усулҳои иҷрои нақшаҳо ва сохторҳои геометрие, ки ба рушди фикрронии фазоии донишҷӯ мусоидат мекунад, оварда шудаанд.
Номи китоб: Усулҳои ҳалли масъалаҳои математикӣ дар системаи компютерии математикии Maple Муаллиф(он): Сафарали Л., Ғ. Идиев, Н. Наимов Ҷой ва соли нашр: Душанбе: 2019, 90саҳ.
Номи китоб: Тарзи нави худбаҳодиҳӣ ба дониш аз фанни биология барои синфи 9 Муаллиф(он): Коллектив Ҷой ва соли нашр: Душанбе: ДДОТ, 2019, 116 саҳ.
Номи китоб: Истилоҳшиносӣ ва истилоҳнигории тоҷикӣ Муаллиф(он): Х. Х. Абдиев Ҷой ва соли нашр: Душанбе: "Эр-граф" 2019, 196саҳ. Роҳнамо барои истифодаи мутахассисони забон ва ислоҳот, кормандони соҳаҳои мухталифи илм, устодону донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
|