• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
менюхо

Байдуллоев Аъзамҷон Ибодуллоевич
муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ
E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript ;
тел: 2241230, 918807314

Байдуллоев Аъзамљон Ибодуллоевич 27-уми  апрели соли 1975 дар ноҳияи Москва (ҳозира ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ)  таваллуд шудааст.  Солҳои 1982 то 1992 мактаби миёнаи №38-и ноҳияро бо баҳои хубу аъло хатм кардааст. Соли 1994-1996 дар сафи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати модар-ватанро адо намудааст. Соли 1997 ба факултети забонҳои хориҷии ДДОТ ба номи Қандил Ҷўраев (ҳозира ба номи Садриддин Айнӣ) дохил шуда, онро соли 2002 бо муваффақият  хатм кардааст. Аз ҳамон сол дар дар факултети мазкур фаъолияти омўзгории хешро то имрўз давом дода истодааст.

Солҳои 2002-2007 ба сифати ассистенти кафедраи филологияи забони англисӣ ва типологияи муқоисавӣ,   ҳамзамон солҳои 2005-2007   ба ҳайси тарҷумон дар институти заминҷунбӣ ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовари Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2006-2008   муовини декани факултет оид ба илм фаъолият намудааст.  Солҳои 2002-2004 дар таълифи китоби дарсии «Study book» барои донишҷўёни курсҳои якум ва дуюм саҳм гузоштааст. Аз соли 2007 муаллими калони кафедраи услубшиносӣ ва назарияи тарҷума ва унвонҷўи ҳамин кафедра буда, дар риштаи педагогика ва таърихи педагогика рисолаи номзадии хешро ба итмом расонида, соли соли 2010 онро ҳимоя кардааст. Аз соли 2010 то соли 2012 дар вазифаи мудири кафедраи услубшиносӣ ва назарияи тарҷума кор кардааст. Аз соли 2012 то 2017 дар вазифаи декани факултети забони англисии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият намудааст.

Аз соли 2017 то соли 2018 дар вазифаи дотсенти кафедраи услубшиносӣ ва назарияи тарҷумаи факултети забони англисии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ адои вазифа намудааст.

Аз 25.04.2018 то ҳол ба ҳайси муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ  адои вазифа намуда истодааст.

Муаллифи 34 мақолаи илмӣ, як дастури таълимӣ, як монография буда, дар онҳо масъалаҳои назарияи тарҷума ва усули тадриси забони англисиро баррасӣ намудааст.

 
free pokerfree poker

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj