• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Чорабинии фарҳангӣ

Санаи 23-юми феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин Рӯзи артиши миллӣ дар толори калони бинои асосии донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ бо иштироки намояндагони раёсати илм ва инноватсия, омӯзгорон ва донишҷӯёни факултетҳои забонҳои романӣ-германӣ, математика, география ва филологияи тоҷик баргузор гардид.

Чорабиниро мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ номзади илмҳои филологӣ Абдулло Кулобиев ифтитоҳ намуда, ҳадаф аз баргузории онро ба ҳозирин шарҳ дод. Ќайд карда шуд, ки ҷавонон дар рушду нумуи кишвар, ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии кишвар ба ҳайси минтақаи сайёҳӣ соҳиби зарфияти бузург мебошанд, ки истифодаи он ба манфиати ҳамагон мебошад. Ҷавонон инчунин дар ҳифзи марзу буми кишвар сипари боэътимод маҳсуб мешаванд, ки сулҳу оромии сарзамин ба онҳо сахт вобаста аст. Дар идома омӯзгорон Г.Баротова, М.Умарова, Н.Мелиев ва Ҷ.Баротов суханронӣ ва андешаву табрикоти худро баён доштанд.

Дар чорабинии фарҳангӣ аз ҷониби донишҷӯёни факултети математика ва география маърӯзаҳо хонда шуда, оид ба Рӯзи артиши миллӣ саҳначаҳо ба маърази тамошо гузошта шуд. Дар анҷом рақсҳои хоси минтақаҳои гуногуни кишвар ва сурудҳои дилнишин дар иҷрои донишҷӯён ба чорабинӣ ҳусни идона зам кард.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj