• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Таҷлили Рӯзи модар

01-01-2019.jpg - 6.66 MbДар санаи 5-уми марти соли 2019 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон   ба номи С. Айнӣ чорабинии идона бахшида ба Рӯзи модар таҳти унвони «Модар- биҳишти орзуҳост» баргузор гардид. Чорабиниро Ректори  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, доктори илмҳои таърих, профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро ба муносибати Иди модарон, ки ҳамасола дар сартосари Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн мегиранд, табрику муборакбод гуфт.

Дар чорабинӣ намояндагон аз Маркази худшиносии бонувон, намоянда аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии  шаҳри Душанбе иштирок карданд ва  иштирокчиёни ҷаласаро ба ин муносибат табрик гуфта, ба ҳамаи  онҳо бурдбориҳо орзӯ намуданд. Дар чорабинии идона хизматҳои як қатор собиқадорони донишгоҳ қадрдони карда шуда, бо ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин аз ҳисоби маблағҳои махсуси донишгоҳ ба 441 нафар омӯзгорзанон  ва 29 нафар собиқадорони бемор мукофотпулӣ дода шуд. Дар чорабинии  идона аз ҷониби дастаи ҳунарии «Чеҳранамо»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, барномаи фараҳангӣ - фароғатӣ пешкаши меҳмонон ва иштирокчиён гардонида шуд. Бо ташаббуси  Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе ба як қатор донишҷӯёни аъзои фаъоли дастаи «Чеҳранамо»-и донишгоҳтуҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотпулӣ қадр карда шуданд.отпулӣ қадр карда шуданд.

Шуъбаи тарбияи

ДДОТ ба номи С. Айнӣ


0000000000.jpg - 101.86 Kb

4444444444.jpg - 113.44 Kb 777777777.jpg - 106.93 Kb

05-03-2019.3.jpg - 87.31 Kb 55555555.jpg - 107.24 Kb 88888888888.jpg - 112.58 Kb

333333333.jpg - 85.51 Kb 666666666.jpg - 112.35 Kb 000000000001.jpg - 107.29 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj