• Tajik
  • Russian
  • English
Кафедраҳои умумидонишгоҳӣ
There are no translations available.

 

 

zikirov.jpg - 109.98 Kb

 

Зикирзода Ҳобил

мудири кафедра,

номзади илмҳои филологӣ, дотсент

Телефон: +992918854054

Email: This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it

 

 


Тарҷумаи ҳол

Зикирзода Ҳобил 7-уми феврали соли1981 дар деҳаи Шоҳони ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро дар зодгоҳаш хатм карда сипас, ҷиҳати идомаи таҳсил дар факултети филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи  Қ. Ҷӯраев дохил шудааст. Соли 2002 факултети мазкурро дар зинаи бакалаврият ва соли 2004 дар зинаи магистратура хатм намудааст. Соли 2005-2008 дар аспирантураи Донишгоҳ таҳсил намуда, соли 2009 дар мавзӯи «Андешаҳои фалсафию сиёсии ва иҷтимоии  Ибни Халдун» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.  Соли 2016  ба гирифтани унвони профессори Академияи илмҳои табиатшиносии Россия ва  медали тиллоии   «Сифати аврупоии ГОЛД МЕДИА» мушарраф гардидааст.

Инчунин  соли 2001-2005 ҳамчун мутахассис  ва баъдан  мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи омӯзгорӣ фаъолият намуда, аз соли 2005 то 2013 раиси Кумитаи иттифоқи донишҷӯёни донишгоҳро ба ӯҳда дошт. Аз соли 2013 то соли соли 2014 ба ҳайси мудири кафедраи фалсафа ва аз соли 2014 то моҳи августи соли 2015 декани факултети география ва моҳи августи соли 2015 то мохи сентябри соли 2016   мудири кафедраи фалсафаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, аз соли 2016 то соли 2018  декани факултети забонҳои романӣ-германии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва айни замон мудири кафедраи фалсафаи фарҳанг мебошад. Муаллифи 1 монография, 3 китоби дарсӣ (ҳаммуаллифӣ)   ва 21 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ аст, ки дар онҳо ақидаҳои иҷтимоӣ- сиёсии Ибни Халдун ва  нақши ҷавонон дар раванди демократикунонии ҷомеа баррасӣ гардиданд.

 

 

 


 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj