Сохтор |
There are no translations available. ![]() Абдуҷаборзода Хушбахт Абдуҷабор Cардори маркази ягонаи тестӣ, бақайдгирӣ ва машваратӣ Тел: (+992) 918305040
Маркази ягонаи тестӣ, бақайдгирӣ ва машваратии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Низомномаи намунавӣ, оид ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомномаи низоми кредитии таҳсилот», «Низомномаи намунавии маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оинномаи донишгоҳ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ мемонад. Маркази мазкур ҳамчун воҳиди сохтории донишгоҳ фаъолияти донишҷӯёнро дар давраи таҳсил ба қайд гирифта, ташкили ҳамаи намудҳои натиҷаҳои донишандӯзӣ ва муайян кардани рейтинги академии донишҷӯро назорат менамояд. Ба зиммаи маркази ягонаи тестӣ, бақайдгирӣ ва машваратӣ вазифаҳои зерин гузошта шудааст: - омода намудани намунаҳо (шаклҳо)-и гуногуни ҳуҷҷатҳои меъёрӣ барои бақайдгирии донишҷӯён ва омӯзгорон мувофиқи нақшаҳои корӣ ва фардии таълим; - ба қайд гирифтани контингенти донишҷуёни курси 1-ум дар барномаи электронии ғоибона; - ба роҳ мондани дарсҳои муқаддимавӣ, дар курси 1-уми шакли таҳсили ғоибона ва бо «логин» ва «рамз» таъмин намудани донишҷуён; - баргузор намудани корҳои ташфиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ оид ба ворид шудан ва истифодабарии барномаи электронии ғоибона ва омӯзгорон; - ташкили чорабиниҳо оид ба таҳия ва тасдиқи нақшаи кории низоми нави тестӣ дар донишгоҳ: машғулиятҳои таълимӣ, машварат, конфронсия, семинарҳо, курсҳо, табодули таҷриба ва амсоли ин дар давоми хар нимсолаи таълимӣ; - ташкили бақайдгирии ҳамасола ва рамзгузории донишҷӯён ҷиҳати омӯзиши фанҳои ҳатмӣ ва интихобӣ, инчунин омӯзгорони дарсдиҳанда бо кӯмаки садорати факултетҳо; - таҳия ва назорати риояи тақвими академии омӯзгор ва донишҷӯ; - пешниҳоди машварат ба донишҷӯён ва омӯзгорони донишгоҳ доир ба татбиқи низоми кредитии таҳсилот, нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ ва дигар масъалаҳое, ки вобаста ба фаъолияти донишҷӯён ва омӯзгорон алоқаманд мебошад; - ташкил ва назорати татбиқи низоми холгузории ҳафтаинаи фосилаҳо (рейтинги 1 ва 2), санҷишҳои фосилавию ғоибона, имтиҳонҳои ҷамъбастӣ; - ҷамъбасти натиҷаҳои фосилаҳо (рейтинги 1 ва 2) ва имтиҳонҳои ҷамъбастӣ, муайян намудани рейтинги донишҷӯён ва пешниҳоди онҳо ба садорати факултетҳо; - ҷамъбасти ҳар як даври академӣ (семестр) ва муайян намудани холи миёна (GPA)-и соҳибгаштаи ҳар як донишҷӯ, инчунин мувофиқати он ба меъёри муқарраршуда; - ба садорати факултетҳо ва раёсати таълим барои таҳлил ва арзёбӣ пешниҳод намудани рӯйхати донишҷӯёне, ки аз фанҳои алоҳида баҳои ғайриқаноатбахш гирифтаанд ё холи миёнаи умумӣ (GPA)-и онҳо аз меъёри муқарраршуда паст мебошад; - тартибдиҳӣ ва ба расмият даровардани маълумотномаҳои академӣ (транскрипт барои ҳар як даври академӣ ва замимаи диплом баъди хатм) барои ҳар як донишҷӯ; - якҷо бо садорати факултетҳо таҳия намудани лоиҳаи фармоиш ҷиҳати аз курс ба курс гузаронидани донишҷӯён дар асоси натиҷаҳои сессияҳои имтиҳонӣ ва сатҳи холи миёнаи умумӣ (GPA)-и онҳо. Кормандони марказ ![]() Додхудоева Зинатмо ИлбуновнаМуовини марказТел: (+992) 933301182 ![]() Пулодов Ҷоми ҲайдаровичСармутахассиси марказТел: (+992) 907001700 Ҳамроев Ҳамро Сармутахассиси марказ Тел: (+992) 918637791 E-mail: This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it Сайдҷонов Зикриоллоҳ Сармутахассиси марказ Тел: (+992) 937200272 Қувватзода Сайёра Сармутахассиси марказ Тел: (+992) 907558958 Муминова Мунира Мутахассиси марказ Тел: (+992) 907558958 |