• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Нақши Ваҳдати миллӣ дар сулҳи Тоҷикистон

Ба ифтихори 17-умин солгарди Ваҳдати миллӣ 19-уми июни соли равон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш, ки бо ибтикори кафедраҳои фалсафа ва сиёсатшиносии таълимгоҳи мазкур ташкил ёфта буд, Раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошорух Асрорӣ ва Раиси Шӯрои куҳансолони Тоҷикистон Ғайбулло Афзалов ширкат намуда, дар мавзӯоти «Нақши ваҳдати миллӣ дар сулҳи Тоҷикистон» ва «Аҳамияти истиқлолияти миллӣ дар ташаккули давлати навини тоҷикон» маърӯза хонданд.
Дар конференсия, аз ҷумла, зикр гардид, ки тавре ҳамагон медонанд, пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон гурӯҳҳои манфиатхоҳу бадкеш ҷомеаи моро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд ва тӯли чандин сол вазъият дар кишвар ноорому ноамн боқӣ монд. Мебояд гуфт, ки ин ҷанг бар сари мардуми тоҷик таҳмилӣ буд ва толеи мо баландӣ кард, ки фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон зимоми ҳокимиятро ба даст гирифт ва миллату давлатро аз парокандагию нобудӣ раҳо бахшид.
Дар ҳамоиш, ҳамзамон, таъкид гардид, ки сулҳу осоиштагӣ дар мамлакати мо ба осонӣ ба даст наомадааст ва ҷавононро мебояд, ки барои пойдории он содиқона ба Ватан хизмат намоянд.
Дар идомаи конференсия мудири кафедраи сиёсатшиносӣ, профессор М.Гулахмедов ва устоди кафедраи фалсафа, дотсент Ш.Бердиев пиромуни моҳият ва аҳамиятнокии Ваҳдати миллӣ сухан ронданд.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj