• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

 

Оила бидуни зӯроварӣ зебост

z 210.jpg - 114.60 KbСанаи 24-уми майи соли 2019 дар бинои хобгоҳи №3-и донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ қисми тарбия дар якҷоягӣ бо бахши кор бо духтарону занони донишгоҳ бо намояндагии  директори Муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе» муҳтарама Манзура Саломова муовини директори Муассисаи мазкур Сайрам Лангариева ва бо иштироки  донишҷӯдухтарони хобгоҳҳои №2, №3 ва №7- донишгоҳ сӯҳбат - машварат зери унвони «Оила бидуни зӯроварӣ зебост» дар доираи ҳафтаи «Рӯзи ҷавонон», ки ҳамасола дар сартосари кишвар ҷашн гирифта мешавад, доир гардид.

Сухани ифтитоҳиро Ҷамила Мусоҷонова - муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ оғоз намуда, қайд кард, ки мақсад аз баргузории чунин сӯхбат - машварат ин пешгирӣ намудани омилҳои номатлуб аз қабили зӯроварию хушунат дар оила  ва роҳҳои коҳиш ёфтани он мебошад. Сипас бо камоли эҳтиром сухани нахустинро ба Манзура Саломова директори Муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе»  дод.

Мавсуф дар мавзӯи «Оила ва хушунат дар оила»  суханронӣ карда,   карда, зикр намуд, ки оила дар инкишоф ва пайдо намудани мавқеи ҷамъияти инсонӣ нақши муҳиме мебозад. Оила аввалин мактаб барои баркамол кардани ошёни осоишу оромӣ барои кули фарзандон дар сари дастархон дар муҳити хонаводагӣ бо ҳузури падару модар фарзанд худро шахси хушбахт меҳисобад ва амниятеро, ки кӯдак дар оилаи хушбахт эҳсос мекунад дар ҷойи дигар худашро озод ҳис карда наметавонад.

Имрӯз, мутаасифона ҳаёти оилавӣ ба тарафи манфӣ тағйир меёбад ва теъдоди пошхӯрии оилаҳо бештар ба назар мерасанд. Пош хӯрдани оилаҳо албатта, нахуст таъсири хешро ба фарзандон мегузоранд. Фарзанде, ки дар оилаи ноустувор ба воя мерасад ва дучори хушунату зӯроварӣ дар оила мегардад дар ҳаёти минбаъдаи онҳо таъсири баде мегузоранд. Инсон неку бади зиндагиро аз мактаби оила меомӯзад. Ва дар ин мактаб дар рушду нумӯи фарзандон модар нақши басо муҳим мебозад.

Инчунин сухани навбатиро Сайрам Лангариева муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе» давом дода дар мавзӯи «Зӯроварӣ дар оила ва пешгирии он» баромад намуда, иброз дошт, ки зӯроварӣ дар оила поймолкунии ҳуқуқи инсон буда, ҷинояте мебошад, ки онро мо танҳо дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ва бо дастгирии Шумо, яъне ҷавонони имрӯзи ҷомеа метавонем пешгирӣ намоем.

Зӯроварӣ дар оила – ин мушкилии на танҳо оила, балки тамоми ҷомеа мебошад ва ҷомеа на бояд, бетараф бошад. Агар ҳамаи мо ба зӯроварӣ ҳамчун ҷиноят муносибат намоем, мумкин аст сатҳи зиёдшавии ин зуҳуроти номатлубро коҳиш диҳем. Мақсади асосии таъсиси Муассиса ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои занони шаҳри Душанбе мебошад.

Дар охир донишҷӯён ба меҳмонон саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххасӣ гирифтанд.

Шуъбаи тарбия, бахши кор бо духтарону

занони ДДОТ ба номи С. Айнӣ

 

z 211.jpg - 94.65 Kb z 212.jpg - 113.41 Kb z 213.jpg - 117.05 Kb z 214.jpg - 98.38 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj