• Tajik
  • Russian
  • English
менюхо
There are no translations available.

Раёсати илм ва инноватсия

Раёсати илм ва инноватсия яке аз сохторҳои асосии донишгоҳ буда, дар самти роҳбарӣ ва назорат аз болои корҳои илмӣ- таҳқиқотии устодону омӯзгорон ва донишҷӯён, фаъолияти инноватсионӣ, омодакунии кадрҳои илмӣ, илмӣ-педагогӣ, ташкили такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои илмӣ, фаъолияти илмии магистратура, докторантура аз рӯи ихтисос ва постдокторантура фаъолият мекунад. Раёсат масъули иҷрои вазифаҳои зерин мебошад:

- муайян намудани самтҳои асосӣ ва афзалиятноки корҳои илмӣ- таҳқиқотии устодону омӯзгорон, докторантҳо аз рӯи ихтисос, постдокторантҳо, магистрҳо, унвонҷӯён ва донишҷӯёни донишгоҳ;

- ҳамоҳанг сохтани корҳои илмӣ, ки дар кафедраҳо бо мақсади иҷрои корҳои мукаммали бунёдӣ, иктишофӣ ва амалӣ;

- таҳияи лоиҳаи шартномаҳои хоҷагидорӣ оид ба корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ ва шартномаҳо оид ба татбиқи дастовардҳои илмӣ-техникӣ бо муассиса ва ташкилотҳо;

- тартиб ва танзими шартномаҳо оид ба ҳамкориҳои эҷодӣ;

- таъмини сатҳи зарурии илмӣ-техникии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва самаранокии онҳо, татбиқи онҳо дар истеҳсолот ва раванди таълим;

- назорати иҷрои нақшаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии муассиса, факултет, кафедра ва нақшаҳои инфиродии омӯзгорон дар қисмати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ;

- анҷом додани баҳогузории маҷмӯии ҳарсола оид ба фаъолияти илмӣ - таҳқиқотии кафедраҳо ва устодону омӯзгорон тибқи тартиби муқарраргардида;

- ташкил ва гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ;

- ташкили табъу нашри маҷмӯъаҳои мақола ва асарҳои илмии ҳайати профессорӣ-омӯзгорӣ ва таълимгирандагони донишгоҳ;

- ташкили корҳои иктишофӣ, патентӣ, литсензионӣ ва иттилоотӣ- маълумотӣ;

- назорати фаъолияти парки технологӣ ва марказҳои инноватсионӣ, бюроҳои конструкторӣ, таҳқиқотӣ, лоиҳакашӣ, технологӣ ва иқтисодии донишҷӯён, гузаронидани озмуни олими сол, озмуни олимони ҷавони навовари беҳтарин, донишҷӯ ва рушди илмӣ-техникӣ, иштирок дар озмун ва чорабиниҳои илмии сатҳи гуногун, ташкил ва ҷудо кардани грантҳои хурд барои донишҷӯён ва ғ.;

- назорати фаъо

лияти Шӯрои олимони ҷавони муассиса ва факултетҳо;

- назорати иҷрои рисолаҳои хатми бакалавриат, мутахассис ва магистратура, корҳои (лоиҳаҳои) курсӣ;

- назорати фаъолияти Шӯроҳои диссертатсионӣ, ки дар заминаи донишгоҳ таъсис ёфтаанд;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти Шӯрои олимони ҷавон, Ҷамъияти илмии донишҷӯён ва маҳфилҳои илмии донишҷӯён;

- назорат аз болои фаъолияти илмии магистрантон, докторантҳо аз рӯи ихтисос, постдокторантҳо ва унвонҷӯён;

- танзим ва пешниҳод намудани мавод оид ба ҳавасмандкунии ҳайати устодону омӯзгорон ва таълимгирандагон барои бомуваффақият анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар кори конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ;

- ташкили намоишгоҳҳо, озмунҳо ва намоиши дастовардҳои илмӣ- таҳқиқотӣ;

- назорати фаъолияти китобхонаҳои анъанавӣ ва электронии донишгоҳ;

- омода кардани ҳисоботи илмӣ ва маълумотномаҳои донишгоҳ тибқи талаботи мақомоти дахлдор;

- дар якҷоягӣ бо ректори донишгоҳ мусоидат намудан ба таъсиси заминаи муосири илмӣ ва озмоишӣ барои гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ аз тарафи ҳайати устодону омӯзгорон, таълимгирандагон ва унвонҷӯён доир ба мавзӯъҳои интихобкардаашон ва ба роҳ мондани намудҳои дигари фаъолияти илмӣ ва инноватсионӣ.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj