There are no translations available.
Ташрифи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Санаи 1-уми сентябри соли равон муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Латофат Назирӣ ба донишгоҳ ташриф оварда, дар толори шӯрои олимон бо устодони донишгоҳ вохурии судманд анҷом доданд. Нахуст муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Латофат Назирӣ тамоми устодони донишгоҳро аз номи худ ва аз номи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фарорасии соли нави таҳсил ва Дарси сулҳ табрик намуда, дар корҳои илмиашон барору комёбиҳоро таманно намуданд. Зимни суханронӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Латофат Назирӣ доир ба масъалаҳое, ки дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ гардид, суханронӣ намуданд. Яке аз масъалаҳое, ки баррасӣ гардид, ин норасоии омӯзгорони фанҳои табиӣ-риёзӣ ва забонҳои русию англисӣ буд. Муҳтарама Латофат Назирӣ зимни суханронӣ қайд намуданд, ки тамоми синфхонаҳои лабораторӣ бо лабораторияҳои замонавӣ муҷаҳаз гардонида мешаванд. Тамоми омӯзгорони кафедраҳои забонҳои русию англисӣ вазифадор гардиданд, ки дар раванди таълиму тарбияи донишҷӯён ҷиддӣ буда, сатҳи саводнокии онҳоро ба дараҷаи баланд бардоранд. Ҳамчунин зикр намуданд, ки бидуни маориф пояи ҳеҷ давлате устувор буда наметавонад. Аз ин рӯ, ин ҳама моро вазифадор месозад, ки ба таълиму тарбияи донишҷӯён сахт алоқаманд шавем. Зеро онҳо ояндаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Дар фарҷоми ин вохурӣ ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода миннатдории кулли омӯзгорони донишгоҳро ба мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон расониданд.
|