• Таджикский
  • Руский
  • Английский
меню
There are no translations available.

Парки технологии
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
ба номи Садриддин Айнӣ

Парки технологии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ шурӯъ аз оғози соли таҳсили 2016 фаъолияти худро дар асоси «Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ» ва дастуру супоришҳои раёсати донишгоҳ ба роҳ монда, дар ҳайати худ чунин воҳидҳои сохториро муттаҳид намудааст:

  • Ø Матбаа;
  • Ø курсҳои кутоҳмуддати забономӯзӣ;
  • Ø шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ;
  • Ø сехи сангтарошӣ;
  • Ø сехи дӯзандагӣ;
  • Ø Маркази таксир ва маводҳои таълимӣ;
  • Ø Устохонаи коркарди чубу тахта.

Парки технологии Донишгоҳ бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии фаъолияти илмӣ-инноватсонӣ, ба даст овардани натиҷаҳои самарабахши илмии донишҷӯён, мутахассисони ҷавон, омӯзгорон, ташкили корхонаҳои хурди миёнаи инноватсионӣ, дастгирии корхонаҳои хурду миёнаи дигари ватанию хориҷӣ амал менамояд.


 

Фаъолияти Парки технологӣ дар соли 2018

Парки технологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолияти худро дар соли 2018 беҳтар намуда, як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Парки технологӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии фаъолияти илмӣ-инноватсонӣ, ба даст овардани натиҷаҳои самарабахши илмии донишҷӯён, мутахассисони ҷавон, омӯзгорон, ташкили корхонаҳои хурди миёнаи инноватсионӣ, дастгирии корхонаҳои хурду миёнаи дигари ватанию хориҷӣ амал менамояд. Он шурӯъ аз оғози соли таҳсили 2016 фаъолияти худро дар асоси «Шаҳодатномаи №0210023770 дар бораи бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ» ба роҳ монда, дар ҳайати худ чунин воҳидҳои сохториро муттаҳид намудааст: 1) матбаа қисман тибқи шартнома; 2) маркази курсҳои кутоҳмуддати омӯзишӣ; 3) шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ; 4) сехи коркарди чӯбу тахта; 5) сехи дӯзандагӣ; 6) маркази таксир ва маводҳои таълимӣ. Аз ҳисоби фаъолияти воҳидҳои сохтории мазкур маблағҳои Парк феълан зиёда аз дусад ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бо мақсади ҷалби нерӯи илмии донишгоҳ ба корҳои илмӣ-инноватсионӣ нақшаи дурнамои фаъолияти Парки технологӣ аз 01.07.2018 таҳия ва тасдиқ карда шуд. Матбааи донишгоҳ дар ин давраи ҳисоботӣ мувофиқи супоришҳои хизматӣ маводҳои илмӣ ва таълимии зеринро бо теъдоди гуногун рӯи чоп овардааст, ки аксарияти он адабиёти муҳими таълимӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ҷумла: “Баҳс ва таҳқиқи арӯз”, “Логопсихология”, “Сурдо-психология”, “Педагогикаи томактабӣ”, “Психологияи бачагона”, комплексҳои таълимӣ-методӣ аз фанҳои тадрисшаванда, барномаҳои таълимӣ, силлабусҳо ва ғайра.
Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ фаъолияти худро дар самти ҷалби довталабон ба курсҳои тайёрӣ аз рӯи кластерҳои ихтисосҳои табиӣ ва техникӣ, иқтисодӣ ва география, филология, педагогика ва санъат, ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ, тиббӣ, биологӣ ва варзиш ба роҳ мондааст. Аз ҷониби кормандони шуъба бо мақсади гузаронидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва муаррифии ихтисосҳои шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи Донишгоҳ ва ҷалби довталабон ба курсҳои семоҳаи тайёрӣ дар зиёда аз 30 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ш. Душанбе бо хатмкунандагон вохӯрӣ ва суҳбатҳо оид ба аҳаммияти курсҳои тайёрӣ гузаронида шуда, дар натиҷаи пешбурди корҳои тарғиботӣ ба шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ аз рӯи ихтисосҳои амалкунанда феълан 56 нафар довталабон дар курсҳои шашмоҳа ба таҳсил фаро гирифта шуда, таҳсил дар курсҳои семоҳа аз моҳи декабри соли ҷорӣ оғоз мегардад. Ҷиҳати таълиму тадриси шунавандагони курсҳои тайёрӣ омӯзгорони соҳибунвону соҳибтаҷриба аз кафедраҳои донишгоҳ ҷалб карда шудаанд. Соли таҳсили ҷорӣ баъд аз хатми курсҳои тайёрӣ шунавандагони мазкур, ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаи давлатии Маркази милии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия карда шудаанд. Бояд зикр намоем, ки дар соли таҳсили 2018 аз шумораи 156 нафар довталабони курсҳои тайёрӣ 151 ё 96,7%-и онҳо ба ҷойҳои буҷавӣ ва шартномавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил шуданд.
Дар Маркази курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ аз моҳи январи соли ҷорӣ то имрӯз 405 нафар шунаванда ба қайд гирифта шуда, ба 25 нафар хатмкунандагони курсҳои омӯзишӣ шаҳодатнома дода шуд.  Феълан дар Марказ 13 гурӯҳ барои омӯзиши забонҳо фаро гирифта шудаанд, ки қисми зиёди онҳо донишҷӯёни хориҷӣ (шаҳрвандони Ҷумҳурии Туркманистон) мебошанд. Маблағи моҳонаи курсҳои забономӯзӣ ба андозаи 100 сомонӣ муқаррар карда шудааст.
Бо мақсади эҳёи ҳунарҳои миллӣ дар соли 2018 барои сехи дӯзандагӣ 7 адад мошинаи дарздӯзӣ, 4 адад дастгоҳи колинбофӣ, 2 адад дастгоҳи зарҳалзанӣ ва 2 адад дастгоҳи гулдӯзӣ харидорӣ шуд. Дар сехи дӯзандагӣ дӯхтани намудҳои гуногуни либосҳои миллӣ ва аврупоӣ, гулдӯзӣ, вишивка, чакандӯзӣ ва таъмиру тармими либос ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин аз ҳисоби донишҷӯдухтарони донишгоҳ ҷиҳати омӯзонидани ҳунари дӯзандагӣ курсҳои кутоҳмуддатӣ омӯзишӣ ташкил шудааст. Феълан дар сехи дӯзандагӣ 500 адад рахти хоб, 500 адад болишт, 500 адад матрас, 500 адад кӯрпача бо нархҳои дастрас барои хобгоҳҳои донишгоҳ омода гардида, барои истифода супорида шуд. Барои ансамбли “Чеҳранамо”-и назди донишгоҳ 50 адад костумчаи духтарона, 9 адад куртаи санҳнавӣ дӯхта супорида шуд. Ҳамчунин 24 адад туҳфаи хотиравӣ бо нишони донишгох омода карда шуд. Дар сехи дузандагӣ 12 нафар донишҷӯ духтарон баъди хатми курсҳои кутоҳмуддати омӯзишӣ соҳиби шаҳодатнома шуданд. Айни ҳол 19 нафар донишҷӯдухтарони дигар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Сехи коркарди чӯбу тахта бинобар сабаби таъмин набудан бо техникаю таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ феълан аз фаъолият бозмондааст. Аммо тибқи нақшаи дурнамои Парки технологӣ бояд дастгоҳи ҳозиразамони кандакорӣ харидорӣ шавад. Дар соли 2018 тибқи супоришҳои хизматӣ барои воҳидҳои сохтории донишгоҳ шаш дона ҷевони ҳуҷатгузорӣ, 35 мизи компютерӣ, нимдевораҳо, 150 дона либосовезак барои синфхонаҳои таълимӣ, таъмири 440 адад курсиҳои толори бинои асосӣ, чорчӯбабандии банерҳои ҷашнӣ, 23 дона лавҳаҳои хотиравӣ ва мизу курсиҳои корношоям гардида аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд.
Дар маркази таксир ва маводҳои таълимӣ навҳои зерини хизматрасонӣ анҷом дода мешавад: суратбарорӣ, нусхабарорӣ, муқовабандӣ, чопи ранга, ламинатсия, чопи ифтихорнома, ҳуруфчинӣ ва чопи даъватнома.
Бо ташаббуси ректори донишгоҳ ва директори Парки технологӣ ба тамоми донишҷӯёни ятими кулли шакли таҳсили рӯзонаи донишгоҳ дар сохторҳои Парки технологӣ хизматрасониҳои ройгон ба ба роҳ монда шудааст. Феълан Парки технологӣ дар самти ба шунавандагони курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ҳунарҳои мардумӣ аз маҷмӯи сангу минералҳои Тоҷикистон (аз қабили тайёр намудани лавҳачаҳо, нишонаҳо, навиштаҷотҳо, аломатҳои рақамӣ, расму тасвирҳои сангӣ, резасангӣ, матогӣ, нақшҳои кошинкорӣ, калидҳои рамзӣ ва дигар намуд маснуоту корҳо), бо истифода аз техникаю таҷҳизотҳои таълимии донишгоҳ созишномаи ҳамкориро бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «РУХОМ» ба имзо расонидааст, ки шурӯъ аз оғози соли 2019 фаъолиятро дар ин самт ба роҳ мемонад.
Парки технологӣ шартномаи ҳамкориро бо Палатаи ҳисоб ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонидааст, ки бо ташаббуси он сафарҳои хизматии кормандони Парки технологӣ ва донишгоҳ ба кишварҳои хориҷӣ анҷом дода мешавад. Семинари минтақавие, ки дар мавзӯи  «Истифодаи васоити Созмони Байналмилалии Савдо барои рушди агробизнес» дар шаҳри Одесаи Ҷумҳурии Украина баргузор гардид, мутахассисони касбиро аз минтақаҳои мухталифи дунё ҷиҳати табодули таҷриба ва дастовардҳо дар соҳаи кишоварзӣ ҷалб намуданд, ки дар кори семинар Мардонов С. - директори Парки технологӣ иштирок намуд. Иштирокчиён, ки хусусан мутахассисони соҳаи савдо ва тиҷорат мебошанд, бо шаклу намуд ва методҳои нави тарғиб, тарзи ташкили кор дар соҳаи тиҷорат ва кафолати самаранок будани он шинос шуда, табодули таҷриба намуданд.
Семинари мазкур ҷиҳати дастрас намудани маълумот байни иштирокчиён ва намояндагони давлати ва секторҳои хусусӣ, доираҳои илмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар доираи баргузор намудани мусоҳибаҳои бахшида ба мавзӯи «Масъалаҳои рушди агробизнес ва содирот», «Табодули таҷриба ва тарзи муносибат ва ҳамчунин дар доираи иштироки онҳо дар сессияҳои таълимӣ ва чорабиниҳои муштарак оид ба истифодаи «Роҳнамо оид ба ҳамкорӣ содироти Созмони Кишоварзӣ оид ба хӯрока» - Маркази савдои байналмиллалӣ дар гурӯҳҳо ҷиҳати рушди босамари содироти маҳсулоти кишоварзӣ» равона мегардад.
Ҳоло аз ҳисоби маблағҳои гардишии Парки технологӣ дар таҳхонаи бинои хобгоҳи №2-и донишгоҳ корҳои таъмири ҷараён дорад, ки бо анҷом ёфтани корҳои сохтмонӣ тасмим гирифтаем, ки курсҳои кутоҳмуддати омӯзиширо доир ба корҳои наққошию рассомӣ ва кандакориро ба роҳ монем. Дар ин самт лоиҳаи шартномаи ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон омода буда, то оғози соли 2019 ба имзо расонида мешавад.
Дар самти муттаҳид сохтани нерӯи зеҳнии донишгоҳ барои пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва ҷорӣ намудани технологияи аълосифати муосир дар истеҳсолот бо роҳи ҷалби донишҷӯён, аспирантҳо, магистрҳо, ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳаққиқон ҷиҳати ҳамгироии илм ва истеҳсолот ҳамкории пайвастаи садорати факултетҳо бо Парки технологӣ зарур аст. Парки технологӣ тасмим гирифтааст, ки минбаъд дар ҳамкорӣ бо Раёсати донишгоҳ аз имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати харидории таҷҳизот, коркарди маҳсулот, ба роҳ мондани фаъолияти инноватсионӣ, тиҷоратикунонии дастовардҳои илмӣ, тайёр кардани кадрҳои илмӣ, гузаронидани таҷрибаомӯзӣ ва дигар чорабиниҳои илмӣ-инноватсионӣ ҳамаҷониба истифода намояд.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj