менюхо |
Фаъолияти имрӯзаи шуъбаи омоданамоии мутахассисони илмӣ ва илмию омӯзгорӣ
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон нахустин мактаби олӣ, ки дар аввал ҳамчун Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе таъсис ёфта буд, соли 1931 ба фаъолият шуруъ кард. Дар баробари кори таълиму тарбия барои пешбурди фаъолияти илмӣ-тадқиқотии устодони донишгоҳ соли 1937 зарурати ташкил кардани шуъбаи аспирантура ба миён омад, ки барои баланд бардоштани дараҷаи илмии ҳайати омӯзгорон шароит фароҳам меовард ва мусоидат менамуд. Бо ба даст овардани Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми сохторҳо тағйиротҳои куллӣ ба вуҷуд омад, як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ дар соҳаи маориф низ қабул гардид. Аз 5-уми июли соли 2000 бо фармони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмили донишҳо ва андухтани таҷрибаи бештар зинаи магистратура таъсис ёфт, ки аз рӯи 21 ихтисос мутахассисонро омода мекунад. Соли 2015 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04.2012, № 127 ва фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.04.2015, № 1015 дар донишгоҳ аз 01.09.2015 зинаи доктор аз рӯи ихтисос (Ph.D) таъсис дода шуд, ки ин барои тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ аз тарафи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф аз рӯи 43 ихтисос иҷозатнома дода шудааст. Шуъбаи магистратура ва докторантураи донишгоҳ фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Низомномаи омоданамоии мутахассисони илмӣ ва илмию омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ”, ва Иҷозатномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш мебарад. Зинаи магситратура, доктарантура ва унвонҷӯ воситаҳои муҳими омода намудани мутахассисони илмӣ ва илмию омӯзгорӣ ба шумор рафта, барои баланд бардоштани дараҷаи илмӣ ва илмию омӯзгории устодони донишгоҳ имконият медиҳад. Ҳоло дар шуъбаи мазкур дар зинаи доктор аз рӯи ихтисос (Ph.D) 43 нафар ва дар зинаи магистратура 110 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Ба ҳайси унвонҷӯ бошад дар донишгоҳ 199 нафар қабул шудааст. Шаҳрвандони хориҷӣ низ тибқи муқаррарот дар зинаҳои магистратура, доктарантура аз рӯи ихтисос (Ph.D) ва унвонҷӯӣ қабул карда мешаванд. Таҳсил дар зинаи магистратура – 2 сол ва дар зинаи докторантура – 3 сол буда, шакли таҳсил рӯзона мебошад. Қабул дар шуъбаи мазкур ба ҳайси магистрант, доктарант аз рӯи ихтисос (Ph.D) соле як маротиба моҳҳои июл ва август доир мегардад. Ҳамасола зиёда аз 50 нафар довталабон ба зинаҳои таҳсилоти шуъбаи мазкур қабул шуда, аз пайи тадқиқи рисолаҳои илмии хеш мешаванд. Дар назди донишгоҳ Шуроҳои ҳимоя аз рӯи ихтисосҳо амал карда истодааст ва вобаста ба муҳлат рисолаҳои худро дар Шуроҳои назди донишгоҳ дифоъ менамоянд. Дар давоми солҳои мавҷудияташ шуъбаи омоданамоии мутахассисони илмӣ ва илмию омӯзгориро Бенедиктов А.А., Кавраков А., Яворская Л.И., Сафарова Ф.Г., Шаропова Г., Абдуллоева Р., Мирзоалиева А., Исломова З., Абдураҳмонов А., Мирганова Н.Р., Бобокалонова Р.Н., Ахиева С., Холов Ш.И. роҳбарӣ кардаанд. Аз моҳи декабри соли 2023 роҳбарии шуъбаро Зайдуллозода Саида ба зима дорад.
|