• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Ректори Донишгоҳи Бошқирдистон-Доктори фахрӣ

Дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои олимон ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон ба номи М.Акмуллӣ, профессор Р.Асадуллин бо унвони олии Доктори фахрии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ сарфароз гардид.

Дар оғози ҷаласа ректор А.Раҳмонов пиромуни тақвияти ҳамкориҳо ва тасвиби созишномаҳо изҳори андеша намуда, дар ин ҷода саҳми Р.Асадуллинро ниҳоят назаррас арзёбӣ кард. Дар такя бар гуфтаи ӯ, маҳз дар заминаи равобити ҳасанаи

дуҷониба имкон фароҳам омада, ки донишҷӯёни мо дар Донишгоҳи омӯзгории Бошқирдистон дар зинаи магистратура, аспирантура ва докторантура идома таҳсил намоянд.

Сипас, мудири кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ Дилбар Шарифова дар хусуси фаъолияти илмӣ-омӯзгорӣ ва роҳбарии Р.Асадуллин маълумоти муфассал ироа намуд. Мавсуф, ҳамчунин, доир ба хизматҳои Р.Асадуллин дар соҳаи маориф сухан ронда, ӯро яке аз ректорони эҷодкор ва хизматнишондода дар кишвараш муаррифӣ кард.

Дар идомаи ҷаласа Р.Асадуллин оид ба самтҳои фаъолият ва факултаю ихтисосҳои донишгоҳашон маърӯзаи пурмуҳтаво қироат намуд. Ӯ, ҳамзамон, дар хусуси истифодаи самараноки технологияҳои коммуникатсионӣ дар раванди таълим маълумоти судманд баён дошт.

Дар охири ҷамъомад А.Раҳмонов ба Р.Асадуллин унвони Доктори фахриро, ки аз ҷониби ҳайати Шӯрои олимон бо якдилӣ тасдиқ гардид, тақдим намуд.

Ёдовар мешавем, ки бо ибтикори бевоситаи сарвари таълимгоҳ, академик Абдуҷаббор Раҳмонов соли 2013 Низомномаи Доктори фахрии Донишгоҳи омӯзгорӣ таҳия гардида, аз ҷониби ҳайати Шӯрои олимон тасдиқ шуд. Ва 27-уми ноябри ҳамон сол директори Маркази хайриявии «Умед» А.А.Когай, ки шаҳрванди Ҷумҳурии мардумии Чин мебошад, ба гирифтани ин унвон мушарраф гардид. Р.Асадуллин дувумин нафарест, ки ин унвони олиро соҳиб мешавад.

 

 

Б.Абдураҳим

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj