There are no translations available.
Суруди Миллӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ Санаи 13-уми декабри соли 2019 дар факултети биология бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни курси якуми ихтиссоси биология дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзӯи «Суруди Миллӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ» бо ташаббуси куратори гуруҳи курси мазкур Сино Хоҷазода гузаронида шуд. Дар ин дарси тарбиявӣ донишҷуён оиди таърихи пайдоиши Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳо карданд. Инчунин байни донишҷӯён саволу ҷавоб шуда гузашт, ки донишҷӯён фаъолияти хуб нишон доданд ва Суруди Миллиро бо забонҳои гуногун қироат намуданд. Дар фарҷом муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Бибигул Раҷабова минатдории худро нисбати донишҷӯён изҳор намуда, хоҳиш карданд, ки минбаъд чунин дарсҳо бештар ва хубтар гузаронида шаванд. Садорати факултети биологияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ
|