• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Конференсияи V-уми байналмилалии «Таҳсилоти фарогир:

мушкилот ва ҷустуҷӯйи роҳҳои ҳалли он»

380.jpg - 138.98 KbРӯзҳои 14-15 декабри соли 2019 дар меҳмонхонаи «Ҳилтон» Конференсияи V-уми байналмилалии «Таҳсилоти фарогир: мушкилот ва ҷустуҷӯйи роҳҳои ҳалли он»  бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Институти «Ҷамъияти кушода»-и Бунёди Мадади Тоҷикистон, ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Дар конференсия меҳмонон, аз Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Украина ширкат варзиданд.

Дар конференсияи байналмилалӣ муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - Мирбобоев Р., муовини раиси кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Оқилзода Н., ноиби Президенти Академии таҳсилоти Тоҷикистон - Каримова И.Х., директори барномаҳои таҳсилотии Институти «Ҷамъияти кушода»-и Бунёди Мадади Тоҷикистон - Дастамбуев Н., мутахассиси соҳаи маорифи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон – Лучино Калестини, Директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф – Саломиён М. суханронии ифтитоҳӣ намуданд.

Оид ба масъалаи мазкур меҳмонон – Исмагулова С.К. – директори Маркази таҳсилоти фарогири Академияи миллӣ ба номи И.Алтынсарини ш.Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон, Бозорова М.К. – мудири кафедраи педагогикаи  Донишгоҳи Термизи Ҷумҳурии Узбекистон, Саирова Г. – менеҷери барномаи таълимии Комиссари Олии Ақаллиятҳои миллии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) барои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, А.Кукуруза – Ҷумҳурии Украина (онлайн) маърузаҳо карданд.

Аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ профессор Маҷидова Б., раиси шӯрои кураторони донишгоҳ Баротова Г., муаллими калони факултети психология ва таҳсилоти фарогир  Қувватов С., низ ширкат варзиданд.

Дар конференсияи мазкур хонандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор, мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони кару гунги ноҳияи Рӯдакӣ, мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони шунавоиашон суст ва деркаршудаи ноҳияи Рӯдакӣ, ташкилоти ҷамъиятии маъюбони «Ҳаракат»-и ноҳияи Рӯдакӣ  бо ҳамроҳии муаллимону мураббиён дарсҳои таҷрибаомӯзӣ пешниҳод намуданд.

Роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар вилояти Хатлон, вилояти Суғд, ВМКБ низ масъалагузорӣ намуданд.

Конференсияи V-уми байналмилалии «Таҳсилоти фарогир: мушкилот ва ҷустуҷӯйи роҳҳои ҳалли он»   дар ин 2 рӯз хеле хуб ташкил ва гузаронида шуда, дар охир Қатънома қабул карда шуд.

Гулчеҳра Баротова – раиси Шӯрои

кураторони ДДОТ ба номи С. Айнӣ


383.jpg - 265.30 Kb 381.jpg - 363.39 Kb 382.jpg - 120.05 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj