• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

СИПОСНОМАИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ

БА НАШРИЯИ “ОМӮЗГОРИ ҶАВОН”

108.jpg - 176.84 KbБа ифтихори Рӯзи матбуот аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муҳаммадюсуф Имомзода нашрияи “Омӯзгори ҷавон” барои саҳми арзанда доштан дар рушди соҳаи маориф ва тарбияи насли наврасу ҷавон, инчунин иштироки фаъолона дар чорабиниҳои соҳавию ҷумҳуриявӣ ва тарғиби сиёсати ҳукумати кишвар бо “Сипоснома” қадр карда шуд.

Ҳамасола мардуми зиёии кишвари азизамон Рӯзи матбуоти тоҷикро бо як шукӯҳи хоса истиқбол намуда, дар ин рӯз чорабиниҳо, конфронсу мизҳои мудаввар роҷеъ ба ин санаи хотирмони таърихӣ баргузор менамоянд.

Бо мақсади таҷлили Рӯзи матбуот ва 108-солагии таъсиси аввалин рӯзномаи тоҷикии “Бухорои шариф” санаи 11-уми марти соли 2020 дар толори Шӯрои олимон бо ташаббуси раёсати донишгоҳ мизи мудаввар таҳти унвони “Матбуот – муҳимтарин рукни ҷомеа” баргузор гардид.

Ҳамоишро Нуъмонҷон Ғаффорӣ - ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор ифтитоҳ намуда, намояндагони аҳли қаламро ба ин санаи фархунда табрик гуфта, иброз дошт, ки таърихи беш аз 29 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон собит менамояд, ки ҷойгоҳи иттилоот дар соҳаҳои мухталифи идораи давлатӣ аҳамияти бештар касб кардааст.

Дар идомаи чорабинӣ Саидмуроди Хоҷазод дар мавзӯи “Нақши Саидризо Ализода дар рушди матбуоти тоҷик” ва Ҳабибулло Сатторӣ дар мавзӯи “Нашрияи “Омӯзгори ҷавон”- мактаби муҳаққиқон ва адибони ҷавон” маърӯза намуданд.

Ҳамзамон дар чорабинии мазкур зикр карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ин бахши муҳим, яъне матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма эътибори бештар зоҳир менамояд.

Дар қисмати хотимавӣ аз ҷониби ректори донишгоҳ Нуъмонҷон Ғаффорӣ намояндагони аҳли қалам ва хабарнигорони ҷамоатии нашрияи “Омӯзгори ҷавон” бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

109.jpg - 388.02 Kb 107.jpg - 321.36 Kb 110.jpg - 366.50 Kb 111.jpg - 153.01 Kb

 
free pokerfree poker

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj