• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Дарси кушод дар факултети биология

246.JPG - 191.76 KbИмрӯз, 18.04.2020 дар кафедраи ботаникаи факултети биология дарси кушоди тарбиявӣ таҳти мавзӯи «Тарбияи эстетикӣ ва экологӣ (тозагию зебоии  муҳит гаравӣ саломатию хушҳолист)» аз тарафи ассистенти кафедра  Сатторов Б. бо иштироки мудири кафедра н.и.б.  Қурбонов А., раиси кураторони донишгоҳ Баротова Г., раиси бахши кор бо духтарон ва занони донишгоҳ Саидова Г., муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Раҷабова Б. ва дигар омӯзгорону донишҷӯён гузаронида шуд.

Дар рафти дарси кушод аз тарафи омӯзгор Сатторов Б., мафҳумҳои этика ва эстетика, ахлоқ, вазифаҳои асосии этика ва тарбияи экологӣ шарҳ дода шуда, онҳо тариқи презентатсия, видеороликҳо  ва мисолҳои дигар фаҳмонида шуд.

Инчунин, аз тарафи донишҷӯён саҳначаҳо бахшида ба тарбияи эстетикӣ ва экологӣ намоиш дода шуд, ки бисёр ҷолибу таъсирбахш буд.

Дарси кушод дар сатҳи баланд  ва ба талабот мувофиқ  гузаронида шуд.

Дар ҷамъбасти дарси кушод донишҷӯёни фаъол бо ифтихорномаҳо аз ҷониби садорати факултет сарфароз гардонида шуданд.

240.JPG - 158.15 Kb 241.JPG - 185.44 Kb 242.JPG - 134.13 Kb

243.JPG - 221.17 Kb 244.JPG - 173.22 Kb 245.JPG - 202.45 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj