• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
менюхо

КИТОБХОНАИ ДОНИШГОҲ

Китоб ва китобхона дар ҳаёти маънавӣ ва ахлоқии инсон, дар ташаккули андешаю ҷаҳонбинӣ ва дарк намудани ҳодисаҳои олам, барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тақвият ёфтани ҳуввияти миллӣ ва ходогоҳиву худшиносии ҳар як фард нақши бузург дорад.

Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаи милли хешнигаҳдорӣ мекунанд, то ки наслҳои имрӯза ва оянда аз онҳо барои рушди камолоти маънавии худ истифода баранд ва беҳуда нест, ки китобхонаҳои бузург ва номдори олам боиси ифтихори тамоми инсоният ба шумор мераванд. Барои пешрафти илм ва техника дар мадди аввал китоб ва китобхона меистад.

Чунин иқдом сабаб гашт, ки дар баробари таъсиси донишгоҳ китобхонаи донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташкил карда шудааст. Дар бунёди фонди он китобхонаю донишгоҳҳои донишкадаҳои машҳури шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург, Киеву Саратов ва Тошкент саҳми арзанда гузоштаанд. Аз ҷумла, соли 1931 донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна дар баробари 195 нафар донишҷӯ ва 28 нафар муаллим, 26000 нусха адабиёти илмӣ ва педагогиро барои Академияи агропедагогии тоҷик ҷудо кард, ки дар байни онҳо дастхатҳои пурқиммати Шарқ (адабиётҳои илмии тоинқилобӣ, асосан бо забони арабӣ) низ буданд. Дар заминаи хазинаи китобҳои аз тарафи донишгоҳи Осиёи Миёна фиристодашуда, китобхонаи Академияи агропедагогии тоҷик таъсис дода мешавад. Теъдоди китобҳои донишкада рӯз аз рӯз афзуда, соли 1934 адади китобхона ба 30032 нусха мерасад. Соли 1935 Академияи илмҳои Украина ба китобхонаи донишкадаи омӯзгории пойтахт ба миқдори хеле зиёд китоб тӯҳфа менамояд ва дар соли 1936 миқдори китобҳо ба 40288 нусха мерасад. Солҳои минбаъда дар асоси нақшаҳои таълимӣ, корҳои илмию тадқиқотии факултетҳои донишкада ҷобаҷогузории китобҳо ба миён омад, ки дар натиҷа низоми каталогӣ ва картотекӣ ташкил шуд. Соли 1977 китобхона ба бинои нав кӯчида, шароити он боз ҳам хубтару беҳтар гардид. Ин имконият фароҳам овард, ки фонди китобҳои дарсию илмӣ аз нав ҷо ба ҷо ва низоми каталогӣ ва картотекӣ ҷорӣ карда шавад. Соли 1990 дар остонаи ҷашнгирии 60-солагии донишкада китобхона дарори 492373 номгӯи нашрӣ буд ва ҳар сол зиёда аз 40 000 китоб мегирифт. Дар хазинаи ҷамъиятию сиёсӣ, илмӣ доир ба фалсафа, таърих, ҳуқуқшиносӣ, забоншиносӣ, табиатшиносӣ, адабиётшиносӣ, санъат, педагогика, равоншиносӣ ва дигар соҳа илм мавқеи асосиро ишғол мекунад.

Дар хазинаи китобхона адабиёти бадеии нависандагони тоҷик, рус, ӯзбек ва дигар халқҳои ҷумҳуриҳои муштаракулманофеъ маҳфузанд. Соли 1986 азнавсозии хазинаи дастхатҳои чопшудава китобҳои нодир сар шуд. Дар фонди дастхатҳо суратнусхаҳои китобҳои нашршуда бо забонҳои арабӣ, форсӣ, ҳиндӣ, юнонӣ, лотинӣ, англисӣ, франсавӣ, олмонӣ ва ғайраҳо гирд оварда шудаанд. Бештар аз 52 дастхат, ки ба эҷодиёти Абдулқодири Бедил, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва дигарон тааллуқ доранд, дар китобхона нигоҳ дошта мешаванд. Дар байни адабиёти хориҷӣ китобҳои Шиллер, Гёте, Гейне, Шекспир, Санд ва луғати энсиклопедии Майер (ба забони Олмонӣ) мавҷуданд.

Китобхона дорои шуъбаҳои таҳлилу танзим, ки барои пурра намудани адабиёти таълимӣ, таълимию методӣ ва инчунин, адабиёти бадеӣ, обунашавӣ ба матбуоти даврӣ зарур аст, шуъбаи хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба хонандагон тавассути абонемент (адабиёти умумӣ, хориҷӣ, байникитобхонавӣ), толорҳои хониш (умумӣ ва махсус), шуъбаи маълумоти библиографӣ, ки барои интихоби адабиёт кӯмак расонида, барои мустақилона ҷустуҷӯ намудани адабиёт, оро додани корҳои дипломию рисолавӣ ва ба хонандагон додани маълумотҳои библиографӣ ёрии калон мерасонад, шуъбаи рисолаҳои диссертатсионӣ аз рӯи ихтисосҳои педагогикаи умумӣ ва сиёсатшиносӣ, шуъбаи каталоги ба ташкил ва танзими кор бо каталогу картотекаҳо мебошад. Ҳоло дар китобхона се намуди феҳрист-алифбоӣ, мураттабӣ ва электронӣ, ки тамоми адабиёти тоҷикӣ, русӣ ва узбекиро дарбар мегирад, мавҷуд аст.

Дар китобхона адабиёти нашри литографӣ, аз ҷумлаи офаридаҳои беҳамтои Аттор, Абунасри Форобӣ, Фузулӣ, Бедил, луғатҳои энсиклопедии “Ғиёс-ул-луғот”, “Мунтахаб-ул-луғот” луғатҳои Брокгауз ва Ефрон, инчунин Гранат ва дигарҳо низ мавҷуд аст. Бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонӣ ба донишҷӯёну муаллимон ва кори самарабахши мустақилони донишҷуён дар назди як қатор кафедраҳои донишгоҳ китобхонаҳои кафедравӣ ташкил карда шудааст, ки ҳоло миқдори чунин китобхонаҳо ба 31 мерасад. Фонди умумии китобҳои онҳо 4000 нусхаро ташкил медиҳад.

Тамоми фаъолияти китобхона барои ба донишҷӯён ва ҳайати илмии профессорону омӯзгорон ёрӣ расонидан равона карда шудааст. Бо сабабҳои гуногун то ин замон фонди умумии китобхона дар соли ҷорӣ 301581 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин  189855 адад китобҳои тахассусӣ, 45768 адад китобҳои таълимӣ, 36325 адад китобҳои методӣ ва 29633 адад китобҳои бадеӣ мебошанд. Айни замон китобхона ба 25 номгӯи рӯзномаю маҷаллаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон обуна шудааст, ки онро мунтазам мегиранд. Дар соли 2023 ба китобхона 7729 адад китоб ворид шуд, ки аз ин миқдор 970 адад ҳамчун ҳадя ва 6759 адад тариқи борхат мебошад.

Китобхона дорои 5 шуъба ва 5 толор мебошад.

Шуъбаи хизматрасонӣ ба хонандагони китобхона яке аз қисматҳои асосии он ба шумор рафта, дар таъмин намудани китобҳои лозима барои устодону донишҷӯён нақши муҳим мебозад. Ба он толору қироатхона, толори электронӣ, толори аспирантону олимон, толору матбуоти даврӣ ва толори фонди тиллоӣ дохил мешаванд.

Дар ҳамаи шуъбаҳои хизматрасонӣ дар давоми як сол гардиши китоб зиёда аз 186764 ададро ташкил медиҳад. Махсусан талабот ба китобҳои тахассусӣ ва бадеӣ бештар ба назар мерасад. Толори электронии китобхона низ дар сатҳи хизматрасонӣ нақши муҳим бозида, ҳамарӯза ба зиёда аз 160 нафар хонандагон хизмат мерасонад. Дар фонди китобхонаи электронӣ зиёда аз 15000 адад маводҳои электронӣ маҳфуз аст, ки ҳамарӯза мавриди истифода қарор мегиранд.

Дар солҳои гуногун сарварии китобхонаро Золотарова К., Кураксина А.Ф., Сафарова Ф., Ҷӯраев С.Ҷ., Худойбердиева Р.С., Раҷабова И.Ю., Каримова Б.А., Бӯриев М., Қодирова Г., Мусина Э. Ҳикматов Н. ба ӯҳда доштанд. Айни замон роҳбарии китобхонаи донишгоҳ бар дӯши номзади илмҳои фалсафа, дотсент Зикирзода Ҳобил вогузор гардида аст.

Ҳайати кормандони китобхонаро   нафароне ташкил медиҳанд, ки   собиқаи кории аксари онҳо зиёда 15-20 солро ташкил медиҳад.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj