• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Баргузории конференсия илмӣ дар

кафедраи забони тоҷикии умумидонишгоҳӣ

291.JPG - 325.65 KbРӯзи 24-уми апрели соли 2020 дар кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ конференсияи илмиву назариявии устодону донишҷӯён баргузор гардид.Онро бо сухани муқаддимавӣ мудири кафедра С. Хоҷазод ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба “Нақши осори Сайидои Насафӣ дар бозтоб, тарғиб ва муаррифии ҳунарҳои мардумӣ” маърӯза кард. Таъкид шуд, ки вобаста ба эълони “Солҳои 2019-2021 соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” пажӯҳишу тарғиби осори ба ҳунар ва ҳунармандон бахшидаи Сайидо бояд равиши тоза касб намояд.Зеро осори шоир дар бозтоб, тарғиб ва муаррифии ҳунарҳои мардумӣ, омӯзиши ҳунар ва нишон додани ҷойгоҳи ҳунармандон дар ҷомеа дар шароити кунунӣ низ нақши шоиста дорад.

“Бозтоби Наврӯзи Аҷам дар сарчашмаҳои таърихӣ” унвон дошт маърӯзаи дотсенти кафедра Ризо Хокироев.Номбурда ба ин мавзӯъ аз дидгоҳи пажӯҳандагон бо истифода аз маъхазҳои таърихӣ дидан намуда, иброз дошт, ки инъикос ва тарғиби фазилатҳои неки ин ҷашни ниёгон барои ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ  мусоидат хоҳад кард.

Номзади илмҳои филология Наврӯз Гулзода дар мавзӯи “Ифодаҳои маҷозӣ бо луғатҳои соматикӣ”, муаллими калон Саидова Ҷавмила оид ба “Мафҳуми диалектизм ва махсусиятҳои истифодаи онҳо дар осори Абдуҳамид Самад”, ассистентон Зокиров Х. роҷеъ ба “Панду андарз дар ашъори Аҳмади Суҳайлӣ” ва Ҷумъаев Ҷ. дар хусуси “Вижагиҳои бозтоби рӯйдодҳои Ховари Миёна дар осори Озарахш” маърӯза карданд. Маҷмӯан, 13 маърӯзаи устодон ва 8 маърӯзаи шогирдон ироа гардид.

Тасмим гирифта шуд, ки намунаи маърӯзаҳои конференсия дар шакли маҷмӯа интишор гардад.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj