• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Солимии омӯзгорон-дар мадди аввал

Кормандону омӯзгорон нимаи аввали моҳи октябр дар Маркази шаҳрии муоинаи профилактикии тиббӣ аз муоинаи табибон гузаштанд. Мавриди зикр аст, ки мутахассисони маркази мазкур бо дастгоҳҳояшон ба дармонгоҳи донишгоҳ омаданд.

Таҳти роҳбарии З.Асомиддинов, духтурони гинеколог, асаб, чашм, пӯст ва ғайра муаллимонро ташхис карданд.

 

Лозим ба ёдоварист, ки тибқи фармони 586-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октбяри соли 2012, банди 146, Кодекси меҳанти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 31 барои пешгирии вайронкуниҳои санитарию гигиенӣ ҳар сол як маротиба муоинаи тиббӣ байни кормандон гузаронида мешавад. Ҳадаф аз ин амал пешгирии касалиҳои сил, дил, системаи асаб, саратон ва пастшавии биноӣ мебошад.

Тавре мудири дармонгоҳ М.Шарифова зимни суҳбат иброз дошт, қисмати асосии кормандон бомуваффақият аз ташхис гузаштанд ва  Маркази шаҳрии муоинаи профилактикии тиббӣ дар наздиктарин рӯзҳо дар хусуси натиҷаи муоинаашон ба мо расман маълумотнома ирсол медоранд.

П.Абдуллоева

 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj