• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

Табиби ман ба ғайр аз ман касе нест...

12.JPG - 164.18 Kb“Рӯзи дониш-дарси сулҳ”, тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 17-уми августи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оғоз гардида буд. Агар дар рӯзҳои аввали таҳсил мушкилоти риоя накардани талаботи ниқобпӯшиву нигаҳдории фосилаи байниҳамдигарӣ ба назар расида бошад ҳам, ислоҳи ин камбудӣ ба хусус бо ташаббуси ректори донишгоҳ, муовинони ректор, раёсати таълим ва садорати факултетҳо, муовинони декан оид ба тарбия, кураторони гурӯҳҳову навбатдорони муваззафгардида, бо ташкил намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби масъулин зина ба зина бартараф шуда истодааст. Бархе аз донишҷӯёни курси аввал бо надонистани низоми талаботи дохилӣ дар рӯзҳои аввал ба танзимшиканӣ агар роҳ дода бошанд ҳам, инро метавон ҳосили камтаҷрибагиашон донист, на ин ки бемасъулиятии онҳо. Ҷавонони курсҳои болоӣ, ки худро “Пайравони  Пешвои миллат” муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешуморанд, ҳамеша барои қабули риояи талаботҳои дохилидонишгоҳӣ омодаанд ва хубтар ҳам медонанд, ки дар зиндагӣ ин саломатии комил асоси саодатмандии ҳар фард мебошад ва бояд ҳар як фарди ин ҷомеа нисбати саломатии худу наздиконаш бепарво набошад:


Табиби ман ба ғайр аз ман касе нест,

Ҳабиби ман ба ғайр аз ман касе нест.

Ман аз ин умрфарсоӣ бидонам,

Рақиби ман ба ғайр аз ман касе нест.

 

7.JPG - 183.48 Kb 8.JPG - 166.78 Kb 12.JPG - 164.18 Kb

9.JPG - 198.66 Kb 11.JPG - 147.80 Kb 10.JPG - 173.13 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj