• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

АЗ САНГ НОЛА ХЕЗАД, РӮЗИ ВИДОИ ЁРОН…

19.jpg - 230.18 KbАз ҷониби омӯзгорони кафедраи  назария ва методикаи тарбияи мусиқӣ-бадеии факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ ба хотири гиромидошти сарояндаи мумтоз, оҳангсози суннатӣ, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Исмоилов , ки санаи 16 август дар синни 64-солагӣ аз олам даргузашт маҳфили ёдбудӣ зери унвони “Навҳа мекашад чун ман, абри осмон бе ту”  доир гардид. Дар маҳфил устодону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд. Маврид ба зикр аст, ки Ҷамшед Исмоилов 30 августи соли 1956 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шуда, баъди хатми мактаби миёна соли 1973 ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар шаҳри Душанбе дохил шудааст. Ӯ ин боргоҳи ҳунарро бо ихтисоси роҳбари оркестри дастаҳои худфаъолиятӣ сарбаландона хатм намудааст. Ҷамшед Исмоилов дар олами ҳунар ибитидо бо таронаи “Аз зери чодарат, нигоҳ бар мо мекунӣ” дили шефтагони олами санъату мусиқиро тасхир намудааст. Ин сарояндаи хушсадо нисбат ба пешаи омӯзгорӣ эҳтироми зиёд дошта, дар бисёре аз чорабиниҳои фарҳангии донишгоҳи мо иштирок ва ҳунарнамоӣ кардааст. Аҳли кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз вафоти сарояндаи маҳбуб  Ҷамшед Исмоилов бисёр андуҳгин буда, ба аҳлу оила ва наздикону пайвандони Ҷамшед Исмоилов хосатан ба хоҳари он кас Қосимова Раҷабмоҳ, ки омӯзгори кафедраи сиёсатшиносии ҳамин донишгоҳ мебошанд, изҳори ҳамдардӣ менамояд.

 

 

13.jpg - 92.54 Kb 14.jpg - 99.57 Kb 15.jpg - 101.23 Kb

16.jpg - 101.33 Kb 17.jpg - 91.15 Kb 18.jpg - 103.54 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj