• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

 

Сано бодо, ба занҳое, ки марданд!

31.jpg - 86.00 Kb28 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 29 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд, ки яке аз ин нафарон мудири кафедраи иктисодиет ва идоракунии факултети иқтисодиёт бонуи хушбаён, хушзеҳну пурмаҳсул, масъулиятшиносу некном ва омӯзгори асил Ҷонона Ғаффорзода мебошад.

Ҷонона Ғаффорзода воқеан ҳам  зане мебошад, ки матонату ҷасорати мардӣ доштаву барои таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша камари ҳиммат баста аст.

Раёсати ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, Ғаффорзода Ҷононаро бо ноил гардиданаш бо ҷоизаи Исмоили Сомонӣ, аз самими қалб табрику муборакбод менамояд. Ҷоизаи мазкур ба Ҷонона Ғаффорзода муборак бошад!

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj